Қаҳру оштии ҳамсарон

122

Чигуна баъд аз як қаҳри тӯлонӣ, иртиботи худ бо ҳамсарам ва хонаводаамро дуруст кунам?

Мумкин аст, ки ин савол, саволи бархе аз ҳамсарон бошад “ҳоло, ки мехоҳам бо ҳамсарам оштӣ кунам чигуна бо хонаводааш рӯ ба рӯ шавам”?

Баъд аз қаҳр карданҳои тӯлонӣ ва мудовим, маъмулан яке аз тарафайн ё ҳар ду, тарс ва ё эҳсоси хиҷолат ва шарм нисбат ба рӯ ба рӯ шудан бо хонаводаи ҳамсарашонро доранд.

Дар ин мақола роҳкорҳоеро барои аз байн бурдани ин эҳсосоти манфӣ, пешниҳод мекунем.

 Қаҳр, осебзананда аст

Ҳангоме, ки ду нафар ё яке аз тарафайни издивоҷ, қаҳрро ба унвони роҳкор интихоб мекунанд ба маънои ин аст, ки маҳоратҳои ҳалли саҳеҳи масъала ва ҳалли носозгориро намедонанд ва барои ин, ки зудтар битавонанд аз таниш раҳоӣ ёбанд, ба ин мавзӯъ тамоюл доранд. Дар сурате, ки намедонанд қаҳр кардан метавонад ба унвони осебзанандатарин масъала ба иртиботи ҳамсарон бошад.

Қаҳр кардан вежаи афроди хурдсоле аст, ки ҳануз ба рушди шинохти кофӣ нарасидаанд ва наметавонанд барои мушкилоти худ роҳкори муносибро пайдо кунанд, вале касоне, ки издивоҷ кардаанд ба булуғи комили равонӣ ва шинохтӣ ва отифӣ расидаанд ин масъала наметавонд барои онҳо роҳкори муносибе барои ҳалли мушкилоташон бошад.

 Паёмадҳои қаҳр кардан

Дар қаҳр карданҳои мудовим, хонаводаҳо нисбат ба арӯс ва домодашон бетафовут мешаванд ва талоше барои ҳалли мушкилоти онҳо намекунанд

Қаҳр кардан мумкин аст паёмадҳои манфии зиёдеро дар бар дошта бошад. Як фард бо қаҳр кардан бо ҳамсараш, мумкин аст ин паёмро мунтақил кунад, ки “ту барои ман муҳим нестӣ ва намехоҳам мушкиламро ба дурустӣ ҳал кунам” ва ё ин паёмро мунтақил кунад, ки “ту айбдори тамоми мушкилоти ман ва зиндагимон ҳастӣ ва ту бояд талош кунӣ, ки онҳоро ҳал кунӣ.” Дар сурате, ки дар ихтилофҳои ҳамсарон ҳеҷгоҳ як нафар айбдор нест ва ҳар ду нафари издивоҷ, зану мард, дар эҷоди ихтилофҳо саҳм доранд ва фақат мумкин аст, ки саҳми онҳо бо якдигар мутафовит бошад.

Дар ихтилофоти заношуӣ агар афрод маҳоратҳои контроли хашм ва асабониятро надонанд, мумкин аст, ки аъмол, рафтор ва гуфтореро аз худ нишон бидиҳанд, ки шиддати ихтилофи онҳоро бештар кунад. Мумкин аст, ки ҳурматҳо шикаста шавад ва ба хонаводаҳои якдигар ҳам тавҳин кунанд ва инҷост, ки мушкили онҳо бештар мешавад ва сахттар қобили ҳал кардан мешаванд.

 Баъд аз як қаҳри тӯлонӣ

Агар ба ҳар далеле, дар як издивоҷ завҷайн қаҳр карданро ба унвони роҳи ҳалли собит ва ҳамешагии мушкилоташон интихоб кардаанд, ин нуктаро бояд бидонанд, ки қаҳр карданҳои мудовим ва тӯлонимуддат ба ҷойи инки мушкили онҳоро ҳал кунад, мушкилоти онҳоро бештар ва бештар ҳам мекунад. Қаҳр карданҳои мудовим коре мекунад, ки бо гузашти замон ҳам фард аз чашми ҳамсараш биафтад ва ин кори ӯ оддӣ бишавад ва ҳамсараш талошеро барои беҳбуди иртибот анҷом надиҳад ва ҳам ин, ки таъсири манфии худро бар хонаводаҳои тарафайн мегузорад. Хонаводаҳо бо худ ин гуна фикр мекунанд, ки ҳоло инҳо бо ҳам нестанд ва мудом хонаҳои падар ва модари худашон ҳастанд, беҳтар аст, ки барои оштӣ додани онҳо коре накунем, чун ин раванд ҳамеша идомадор аст. Дар ниҳоят афроде ҳам, ки намехоҳанд ин иттифоқ барои фарзандашон биафтад бо худ мегӯянд, ки инҳо ҳамеша бедалел бо ҳам қаҳр ҳастанд, дигар талош накунем то онҳоро оштӣ бидиҳем чун дубора ин иттифоқ меафтад.

 Иртибот бо волидайни ҳамсар

Дар бархе вақтҳо ва ба вежа дар даъвоҳои шадиди завҷайн, ки пойи хонаводаҳо низ ба миён меояд, мумкин аст баъд аз даъво ва қаҳр кардан, дигар волидайни завҷайн, розӣ ба идомаи ин зиндагӣ набошанд. Агар бо муқовимати волидайни ҳамсаратон рӯ ба рӯ шудид, беҳтарин кор ин аст, ки зимни инки оромиши худро ҳифз мекунед, ба онҳо бигӯед қабул доред, ки қисмате аз мушкилоти ба вуҷуд омада бар гардани шумо аст ва ба онҳо ба оромӣ ин нуктаро ёдоварӣ кунед, ки онҳо ҳам қатъан дар даврони ҷавонии худ бо якдигар мушкилотеро доштаанд.

Як фурсати муносибро барои ин кор интихоб кунед. Дар замоне, ки ҳануз волидайни ҳамсаратон бисёр асабонӣ ва хашмгин ҳастанд, фурсати муносибе барои ҳалли мушкил ва оштӣ кардан нест. Баъд аз мавқеиятсанҷӣ, як ҳадия таҳия карда ва ба манзили ҳамсаратон биравед ва саъй кунед бо оромиш сӯҳбат кунед ва агар аз тарафи волидайни ҳамсаратон ҳарфе зада шуд, ки барои шумо нохушоянд буд, вокуниши номуносиб нишон надиҳед зеро мумкин аст, ки корро хароб кунад. Вақтҳое, ки муқовимати онҳо бисёр зиёд ва шадид аст пешниҳод мешавад, ки ба фарди дигаре мисли мушовири хонавода ва ё равоншинос ба сурати хонаводагӣ муроҷиа кунед то он фард битавонад мушкили шуморо бидуни ҷабҳагирӣ ҳал кунад.

Даъвати волидайн ба оромиш

Завҷҳо ва хонаводҳояшон бояд дар як замони муносиб ва дар як ҷаласаи гуфтугӯ ҳамроҳ бо оромиш, бо ҳам сӯҳбат кунанд то сӯитафоҳумҳо бартараф шавад ва ҳар ҷо, ки эҳсос карданд, ки дубора даъво аз сар гирифта мешавад, сукутро интихоб кунанд.

Агар қарор аст, ки бо волидайни худатон барои оштӣ кардан бо ҳамсаратон ва хонаводааш иқдом кунед, ҳатман ибтидо волидайни худатонро ба оромиш даъват кунед. Агар онҳо оромиши лозим ва кофиро надошта бошанд мумкин аст, ки хеле зуд бо шунидани ҳар ҳарфе асабонӣ шаванд ва ин масъала авзоъро харобтар мекунад.

 Лаҷбозӣ мамнуъ

Барои оштӣ кардан, бояд лаҷбозиро канор гузошт зеро лаҷбозӣ боис мешавад ихтилофот ҳал нашаванд ва бадтару бадтар бишаванд. Ҳаддиақал яке аз тарафайни издивоҷ бояд аз ҳавзаи худ кӯтоҳ биёяд ва лаҷбозиро тарк кунад ҳар чанд, ки калимотеро аз ҷониби ҳамсар ва хонаводааш бишинавад, ки сиҳат надошта бошад. Зеро агар лаҷбозӣ кунад ва аз ҳавзаи худ пойин наёяд домани қаҳрро бештар ба оташ мекашад.

 Баъд аз оштӣ

Баъд аз инки иртиботи нек дубора барқарор шуд, завҷҳо ва хонаводаҳояшон бояд дар як замони муносиб ва дар як ҷаласаи гуфтугӯ ҳамроҳ бо оромиш, бо ҳам сӯҳбат кунанд то сӯитафоҳумҳо бар тараф шавад ва ҳар ҷое, ки эҳсос карданд, ки дубора даъво аз сар гирифта мешавад, сукутро интихоб кунанд ва масоили дигарро ба уҳдаи мушовир бигузоранд. Баъд аз сӯҳбат кардани хонавода ва завҷайн бо якдигар, бояд ба ҳам қавл бидиҳанд, ки дар оянда ҳеҷгоҳ нисбат ба иттифоқе, ки афтодааст бо ҳам сӯҳбат накунанд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.