Иқтисод ва норозигии ҳамсар

81

Иқтисод ва норозигии ҳамсар

Иқтисод ва масъалаи молӣ дар зиндагии заношӯӣ аҳамияти зиёде дорад. Агар ин масъала хуб идора нашавад, норозигии ҳамсар аз зиндагӣ зиёд мешавад.

Ин бебарномагӣ дар иқтисод дар ҷойҳои мухталиф аст:

 

  1. Нахаридани чизҳои лозима. Одам агар барои хариди чизҳои лозимаи зиндагӣ барнома надошта бошад, ин чизҳои лозима кам кам зиёд мешавад, ва дар натиҷа комилан аз тавони хариди онҳо аз байн меравад. Ин сабаб мешавад зан нороҳат ва озурдахотир бигардад.

Агар ҳам мушкили пулӣ бошад, дар муддати кам ишкол надорад, аммо набояд тӯлонӣ муддат шавад.

Эҳтиром ба ҳамсар

 

  1. Дар иқтисод такягоҳ падар модар бошад. Агар мард фақат ба пули падару модараш нигоҳ кунад, ва ҳамеша аз онҳо пул гирад, ин сабаб мешавад, ки падару модари мард дар зиндагии онҳо дахолат кунанд ва кордор шаванд. Ин кордор шудан, дахолат карданро занҳо дӯст надоранд. Занҳо мехоҳанд ҳамсараншон дар иқтисод ва пулу мол мустақил бошад. Барои ҳамин мард бояд талошу кӯшиш кунад худаш барномаи иқтисодӣ дошта бошад, ва дар пулу мол мустақил шавад.

Вазифаҳои мардон дар зиндагии бо ҳамсар – қисмати дуввум

  1. Идора накардани даромаду харҷ кардан. Баъзе вақтҳо зан мехоҳад дар як ҷой пул харҷ шавад ва дар ҷойи дигар харҷ нашавад. Ин сабаб мешавад байни зану шавҳар ихтилоф ба вуҷуд ояд. Бинобар ин зану шавҳар бояд бо ҳам маслиҳат кунанд ва дар ҷойи зарурӣ пул харҷ кунанд ва боқии пулро оқибандоз кунанд. Хулоса дар даромаду харҷ кардан миёнаравӣ кунанд.

Сомонаи интернетии “Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.