Сабабҳои норозӣ шудани зану шавҳар

180

Сабабҳои норозӣ шудани зану шавҳар

  1. Фарқи зиёди синну сол

Синну сол дар розигӣ ва хушҳол будан зану шавҳат бетаъсир нест. Чун агар синну соли зану шавҳар наздик ба ҳамдигар бошад, дидгоҳҳо ва боварҳо ва хостаҳои онҳо ба ҳам наздиктар мешавад. Илова бар ин аз ҷанбаҳои ҷисмӣ, физиологӣ, рӯҳиву отифӣ бар зиндагии зану шавҳрӣ таъсир мегузорад. Бинобар ин ҳар қадр фосила камтар бошад, ризоят аз зиндагӣ ва заношӯӣ бештар мешавад.

  1. Гузашти замон

Дар солҳои аввали зиндагӣ, ишқу алоқа ва муҳаббат зиёд аст, аммо бо гузашти замон ва ба дунё омадани фарзандон, розӣ будан кам кам камтар мешавад ва баъди хонадор шудани фарзандон, чун танҳо мешаванд, боз муҳаббату розӣ будан кам кам зиёд мешавад. Бинобар ин бояд дар ҳар шароити зиндагӣ, зану шавҳар чора андешида ҳамеша розӣ буданро зиёд кунанд хушнудӣро афзоиш диҳанд.

Роҳи ҳалле бар ихтилофи назари ҳамсарон

  1. Мушкилоте, ки аз ҷойи хоб сар мешавад

Мутаассифона яке аз асоситарин мушкилот байни зану шавҳар, масъалаи алоқаи ҷинсӣ аст. Аз онҷо, ки робита ва алоқаи ҷинсӣ метавонад хеле аз мушкилот ва ихтилофоти байни зану шавҳарро кам кунад, ин робита ва алоқаи ҷинсии хуб розигӣ ва хушҳолиро зиёд мекунад.

Оморҳо нишон медиҳад, ки бисёре аз талоқҳо ба сабаби розӣ набудан аз алоқа ва робитаи ҷинсӣ аст. бароварда накардани ризояти ҷинсӣ зарарҳое ҳамчун зудранҷӣ, асабӣ будан, нороҳат буданро ба ҳамроҳ дорад, ки сабаб мешавад зан ё шавҳар бо масъалаҳои майда ҳам ҷанг кунанд. Аммо агар зану шавҳар як робита ва алоқаи ҷинсии хуб дошта бошанд, розигии онҳо зиёд шуда бисёр хушҳол мешаванд ва ба айбҳои ҳамдигар зиёд аҳамият намедиҳанд.

Афзоиши талоқ дар Тоҷикистон

  1. Илму саводи якхел надоштан

Агар зану шавҳар саводу илмашон аз ҳам фарқ кунад, сабаб мешавад ҳамдигарро нафаҳманд ва ихтилофи зиёд дошта бошанд. Бинобар ин зану шавҳар талош кунанд, то сатҳи илмӣ ва саводро боло баранд. Дар инҷо агар мард саводу илми зиёд дорад, бояд бо роҳҳои мухталиф занашро ҳам босаводу олим кунад ва дар ин роҳ кӯтоҳӣ накунад. Чун агар зан ё мард бесавод бошанд, дар оянда фарзандон ҳам хуб тарбият намешаванд.

Сомонаи интернетии “Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.