Кӯдак ва дуздӣ кардан (қисмати дуввум)

78

Омилҳои дуздии кӯдак

Бархе омилҳо иборатанд аз;

ниёз ба ибрози вуҷуд ва ҷалби таваҷҷӯҳ кардан

интиқом гирифтан

касби қудрат

фақр

нишон додани хашму нафрат

эътироз ба вазъияте, ки дар он қарор дорад ва ё мушкиле, ки аз он ранҷ мебарад.

Ончи набояд анҷом дод

Ҳаргиз ба ӯ барчаспи “дузд” назанед ва ӯро ба ин сифат нахонед.

Бо огоҳ шудан аз ин кори ӯ эҳсосоти нашавед ва аз сари эҳсосот саросема бархурд накунед.

Ӯро бозҷӯӣ ва саволпеч накунед! Мумкин аст худи ӯ ҳам надонад чаро ин корро кардааст!

Мучгирӣ накунед ва барояш дом нагузоред то дар ҳини “дуздӣ” ӯро ғофилгир кунед. Ин кор авоқиби бисёр баде ба дунбол дорад.

Обрӯяшро назди дигарон набаред ва шахсияти ӯро тахриб накунед. Ба баҳонаи роҳнамоӣ гирифтан аз дигарон амали ӯро барои атрофиён бозгӯ накунед.

Аз танбеҳҳои фаврӣ ва шадид худдорӣ кунед.

Насиҳат накунед.

Ба шахсияти ӯ беэҳтиромӣ ва иҳонат накунед.

Ҷарру баҳсро тарк кунед! Чун беасар аст.

Дар ҳузури ӯ аз шеваҳои моҳири дуздӣ ва эҳтимолан аз ҳуши болои баъзе аз дуздон бо шигифтӣ таъриф накунед.

Чӣ бояд кард?

Ниёзҳояшро бишиносед. Фурсати муносиберо ба шиносоии ниёзҳои ӯ ихтисос диҳед.

Ба ҷои он ки бигӯед: “Магар ту чӣ кам дорӣ, ки ин корро мекунӣ?”

Метавонед бигӯед: “Дӯст дорам дар як фурсати муносиб бо ҳам бинишинем ва масоили гуногунро баррасӣ кунем ту чи замонеро пешниҳод мекунӣ?”

Ба ӯ масъулият бидиҳед ва ташвиқ кунед то дар фаъолиятҳои иҷтимоӣ ширкат кунад.

Ба ҷои он ки бигӯед: “Одаме, ки дуздӣ мекунад ҷойгоҳе дар байни дигарон надорад ва ҳеҷ кас ӯро намепазирад.”

Метавонед бигӯед: “Фикр мекунам, ки ту масъулиятпазир ҳастӣ ва метавонӣ бахше аз барномаҳои мактаб ё боғчаро ба ӯҳда бигирӣ. Мо ҳам ба ту кӯмак мекунем.”

Бо ӯ мантиқӣ бархурд кунед.

Ба ҷои он ки бигӯед: “Чашмам равшан! Аз чӣ касе ин корҳои зиштро ёд гирифтӣ?”

Метавонед бигӯед: “Ин дафтарча, ки дохили сумкаи туст моли дӯстат аст. Бояд онро ба ӯ баргардонӣ!” Ҳангоми адои ин ҷумла лаҳни ҷиддӣ ва қотеъ, аммо бе сарзаниш дошта бошед. Агар барои ҳифзи обрӯяш дар назди шумо ба инкори мавзӯъ пардохт қабул накунед, вале ӯро дурӯғгӯ нахонед, балки бо ҳамон қотеият, ҷумлаи худро такрор кунед ва агар лозим шуд дафтарчаро берун биёред ва боз ҳам ба таъкид бигӯед: “Ин дафтарчаро бояд ба дӯстат баргардонӣ чун моли ӯст.”

Роҳи ҳалро барояш шаффоф кунед то аз бунбасте, ки дар он гирифтор шуда наҷот ёбад. Тавре бо ӯ сӯҳбат накунед, ки маҷбур ба дурӯғ гуфтан шавад.

Ба ҷои он ки бигӯед: “Чаро ин корро кардӣ? Ҳо? Зуд бигӯ, ки чаро пулҳои духтархолаатро бардоштӣ?”

Метавонед бигӯед: “Пулҳои духтари холаатро ҳарчи зудтар ба ӯ баргардон.” Ӯро ташвиқ кунед то зимни узрхоҳӣ аз иштибоҳаш пулро баргардонад ва агар барои ҳифзи обрӯи худ тавзеҳе дод монеи сухан гуфтанаш нашавед. Ба ӯ бигӯед ҳар вақт, ки пул лозим дорад бояд мавзӯъро бо шумо дар миён бигузорад, на ин ки пулҳои дигаронро бардорад.

Ба ҷои он ки бигӯед: “Ҳаминро мехостӣ, ки обрӯи маро бибарӣ?”

Метавонед бигӯед: “Фикр мекардам ҳар масъала ё ниёзе дошта бошӣ ба худам мегӯӣ, аммо ҳоло дилам гирифта ва эҳсоси ноумедӣ мекунам.”

Огоҳии худро аз коре, ки анҷом дода ба гунае нишон бидиҳед, ки ҳам эътимодаш ба шумо аз миён наравад ва ҳам посухҳои дурӯғ нагӯяд.

Ба ҷои он ки бигӯед: “Худам дидам, ки пинҳонӣ сумкаи бародаратро мекофтӣ.”

Метавонед бигӯед: “Писарам, ту бе иҷоза ба сумкаи бародарат даст задӣ! Пештар гуфта будам, ки барои истифода аз васоили дигарон бояд аз худашон иҷоза бигирем. Аз ин корат хеле нороҳатам.”

Кӯдак ва дуздӣ кардан (қисмати аввал)

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.