Фавоиди дунявии диндорӣ ва имон ба Худо

103

Осори дунявии диндорӣ

Оё осори диндорӣ танҳо махсуси охират аст, ё дар зиндагии дунявӣ низ мушоҳида мешавад?

Диндорӣ ва имон ба Худо, дар дунё чӣ осоре метавонад дошта бошад?

Бисёреҳо бар ин гумонанд, ки диндор будан танҳо натиҷаи ухравӣ дорад ва инсонҳои мӯъмин асари аъмоли худро дар охират мебинанду бас, аммо аз самара ва баҳраи дунявӣ хабаре нест.

Аммо мантиқи Қуръон ин нест, балки бояд гуфт, ҳарчанд асари ниҳоии пойбандӣ ба дастуроти илоҳӣ дар ҷаҳони дигар буруз хоҳад кард, вале Худованди Мутаол дар ҳамин дунё низ имдодҳои вижаи худро бар мӯъминон фурӯ мефиристад.

Устод шаҳид Мутаҳҳарӣ(р) бо таваҷҷӯҳ ба ояти 26 сураи Анфол талош дорад, мухотабонро ба ин матлаби муҳим раҳнамун созад. Худованд дар ин оят мефармояд:

“Ва ба ёд оред, ҳангомеро, ки дар замин гурӯҳе андак ва нотавон шумурда шуда будед, бими он доштед, ки мардумон (мушрикони Макка ва қабилаҳои араб) шуморо бирубоянд, пас шуморо (Худованд) ҷой дод (дар Мадина) ва ба ёрии худ нерӯманд гардонид ва чизҳои покиза рӯзиятон дод то магар сипос доред”.

Устод бо таваҷҷӯҳ ба ояти номбурда мефармояд:

“Ба таври куллӣ, Қуръони Карим ҳамвора кӯшиш мекунад, ки эътимоди муслимин ва мӯъмининро ба имонашон ҷалб кунад, яъне мехоҳад ба онҳо бифаҳмонад, ки имон доштан ва мусалмони дурусту воқеӣ будан чӣ осор ва натоиҷи хубе дорад… ва ҳаргиз натоиҷи хуби имон ва мусалмониро танҳо муҳаввал намекунад ба дунёи дигар ва ҳавола ба насия намекунад…”[1]

“Албатта мантиқи Қуръон як мантиқи моддӣ нест… Ин тавр нест, ки назар фақат ба манофеи моддӣ, он ҳам дар дунё бошад”.[2]

Бозтоби осору натоиҷи дунявии диндорӣ бар асоси ин ояти шарифа аз ин қарор аст:

а) Беҳбудии авзои мусалмонон нисбат ба гузашта: пас (Худованд) шуморо ҷой дод… Хитоб аст ба мусалмонони садри ислом;

б) Нусрат ва ёрии Худованд: ва ба ёрии худ нерӯманд гардонид; яъне ба баракати ислому имон бар иддаи шумо афзуда шуд;

в) Аз неъматҳои покизае, ки маҳрум будед рӯзиятон кард: ва чизҳои покиза рӯзиятон дод;[3]

***   ***   ***

Ҳадафи ниҳоии имдодҳои вижаи илоҳӣ

“Вале бояд донист, ки ҳадафи ниҳоӣ ин нест. Ин муқаддима аст барои таваҷҷӯҳ ба Худо ва неъматҳои илоҳӣ. Ин, аввали додани неъматҳост барои ҳадафе, ки шукру сипосгузории Худост: то магар сипос доред.”[4]

Пас чун Худованд ҷаҳонро беҳуда наёфарида ва тамоми корҳояш дорои ғоятест, ин имдодҳои дунявии мӯъминин низ беҳадаф нест. Ҳарчанд худи инҳо ҳадафе барои имони худошиносон аст, аммо ҳадафи олӣ ва ниҳоӣ, таваҷҷӯҳ ба манбаи файз ва сипас қадрдонӣ аз ӯст.

***   ***   ***

Маънии шукр

“Маънии шукр ин аст, ки инсон дар муқобили фарде, ки аз ӯ хайре ба вай расидааст изҳори қадрдонӣ кунад… Оё маънии шукри Худо ҳамин аст, ки бигӯем: Илоҳӣ шукр!? На иштибоҳ аст. Илоҳӣ шукр, сиғаи шукр аст, на худи шукр…

Пас шукр як маънии дақиқе дорад ва он иборат аст аз қадрдонӣ, андозагирӣ ва ҳақшиносӣ.

Худо шакур аст; яъне ҳар тоате, ки банда мекунад ҳаққе дорад, Худо аҷри бандаашро зойеъ намегардонад.

Банда агар бихоҳад қадршинос бошад, бояд қадри неъматҳои Худоро бидонад, яъне ҳар неъматеро бидонад барои чӣ ҳадаф ва манзуре аст ва дар ҳамон маврид масраф кунад”.[5]

“Масалан, фикр ва андешаи бархе мардумон дар роҳи шайтанатҳо сарф мешавад, дар ҳоле ки метавон дар роҳи илм ва хайру салоҳи мардум ба кор барад. Пас бояд ҳамеша неъматҳоро шинохт дар роҳи худаш масраф кард”.[6]

***   ***   ***

Пайнавиштҳо:

[1] Ошноӣ бо Қуръон, ҷ.3, саҳ.12.

[2] Ошноӣ бо Қуръон, ҷ.3, саҳ.12

[3] Ошноӣ бо Қуръон, ҷ.3, саҳ.14.

[4] Ошноӣ бо Қуръон, ҷ.3, саҳ.13.

[5] Ошноӣ бо Қуръон, ҷ.3, саҳ.14.

[6] Ошноӣ бо Қуръон, ҷ.3, саҳ.15.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.