Мушкилотро дар хона ҳал кунед

106

Мушкилотро дар хона ҳал кунед

Зану шавҳар беҳтар аст мушкилоти худро дар байни худашон ва ба таври хусусӣ ҳал кунанд, ва ба дигарон онро фош накунанд. Ҳама дилашон мехоҳад вақте, ки хушбахт ҳастанд, ҳамаи мардум онро бидонанд. Баҳсу ҷидол дар пеши дигарон корро сахттар мекунад. Баҳс ҳамеша дар хона нест, наметавон аз баҳсу ҷидол ҳамеша дурӣ кард, барои ҳамин бояд онро контрол кард. Дар пеши дигарон оромиши худро нигаҳ доред, аммо беҳтар аст ба ҳамсаратон бифаҳмонед, ки баҳсу ҷидолро дар хона худамон ҳал мекунем. Агар шумо худ баҳсу ҷидолро сар карда бошид, ба худатон фаҳмонед, ки бояд дар хона мушкилотро ҳал кунед. Корҳоеро ки ихтилофотро зиёд мекунад, тарк кунед. Зеро хели аз мушкилот бо гузашти замон ҳал мешавад.

Ҳунари бахшиш пурсидан

Зану шавҳар беҳтар аст мушкилоти худро дар байни худашон ва ба таври хусусӣ ҳал кунанд, ва ба дигарон онро фош накунанд. Ҳама дилашон мехоҳад вақте, ки хушбахт ҳастанд, ҳамаи мардум онро бидонанд. Баҳсу ҷидол дар пеши дигарон корро сахттар мекунад.

Доктор Тина мегӯяд: тавофуқ накардан ҳамеша ба ду нафар ниёз дорад. Агар шумо баҳс накунед, онки пеши шумо ҳаст, наметавонад бе шумо баҳсу мунозира кунад. Агар баҳсу ҷидол пеш ояд, дар он вақт он баҳсро барои муддати кӯтоҳ бас кун, ва сабр кун то ҳама чиз ором шавад.

Аммо бояд тарафи муқобилро озор надиҳед. Агар шумо ба гапу баҳси дигарӣ аҳамият надода равед, ӯ фикр мекунад барои шумо нороҳатиаш аҳамият надорад, ё инки фикр мекунад шумо дар ҳар вақт ва дар ҳар ҷой ки хоҳед баҳс мекунед. Ин кор сабаб мешавад, ки робитаи шумо бадтар шавад. Шумо агар ҳам бо ҳамсаратон ихтилоф доред, бояд ба фикру боварҳояш эҳтиром гузоред, ва ба ӯ эҳтиром гузоред. Ин кор сабаб мешавад, ки ҳамсаратон ҳам ба фикру андешаҳои шумо эҳтиром гузорад.

Сомонаи интернетии “Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.