Маводи химиявие, ки дар ғизои кӯдакон вуҷуд дорад

118

 Бар асос як гузориши нав дар Амрико ва бо баррасиҳои анҷом шуда бар рӯй 168 ғизои кӯдак мушоҳида шуд, ки аз ҳар 4 маврид, 1 маврид дорои металҳои сангин аст.

Миқодори заҳрҳои ёфтшуда дар ғизоҳои кӯдак кам аст, аммо мутахассисон хотирнишон карданд арсеник, сурб ва дигар металҳои сангин, иллати осебҳои асабӣ дар ҳоли рушд ёфта ҳастанд. Қарор гирифтани ҳамешагӣ дар ҷои ин миқдорҳо ҳар чанд кам ва рӯ ба рӯ шудан бо ин маводи хатарнок ба хусус дар аввалҳои даврони кӯдакӣ хатарнок аст. Асари ҷамъ шудани  қароргирӣ дар ҷои маводи заҳролуд чизе аст, ки боиси афзоиши аҳамияти ин нигаронӣ ва ниёз ба иқдомоти лозим мешавад.

Дар баъзе маворид, заҳрҳо решаи табии доранд. Ба унвони мисол 4 маврид аз 7 маврид ғаллаҳои биринҷи кӯдакон, дорои миқдори арсиники маъданӣ болотар аз ҳадди стандарт (100 қисмат бар ҳар як миллиард) таъйин шуда ба воситаи созмони ғизо ва дору аст.

Аз онҷо, ки ин мавзӯъ шинохта шудааст, ки биринҷ ба роҳатӣ арсиники вуҷуд доштаи дар хокро ҷазб мекунад, коршиносони саломат ба падару модар тавсия мекунанд, ғизои ҷойгузинӣ барои кӯдак пайдо кунанд. Монанди ҷави дусар ба ҷой ғалаҳои биринҷ. Интихоби чунин ҷо ба ҷоӣ метавонад мизони қароргирӣ дар наздик шудан ба заҳрро, то 80 дарсад коҳиш диҳад.

Аз ҷумла маводи ғизои пурхатар барои кӯдакон метавон ба миёнваъдаҳо ва ваъдаҳои дорои биринҷ (монанди ғаллаҳои биринҷи кӯдакон, пичини дандонӣ ва биринҷак), сабзӣ ва картошкаи ширин ва обмеваҳо ишора кард.

 Чӣ ғизоҳое барои кӯдак муносиб аст?

Аз ҷумла интихоби боваринок барои кӯдакони хурдсол, миён ваъдаҳои бе биринҷ, ғалллаҳои бе биринҷ (монанди ғаллаҳои чандгона ва ҷави дусар) ва ғизоҳои бе биринҷе, ки даромадани дандонро оромиш медиҳад (монанди бананаи яхзада ё бодиринги сард) аст.

аз падару модар хоста мешавад навъҳои сабзиҷоте, ки дорои маводи мағзӣ ҳастандро барои кӯдак интихоб кунанд ва беш аз ҳад ба маводи ғизое, ки мумкин аст дорои миқдорҳои болои заҳр бошанд, вобаста набошанд.

Ҳеҷгоҳ далели солими барои додани обмеваҳои омода ва санъатӣ ба кӯдакон вуҷуд надоштааст, бинобар ин аз падару модар хоста шудааст, ки аз ин интихоб шуда низ сарфиназар кунанд. Метавон ба ҷои ин мавридҳо, меваҳо ва сабзиҷоти бухорпаз шуда ва пурра шударо ҷо ба ҷо кард.

Бояд бовар ҳосил кунед, ки кӯдактон режеми ғизоии гуногунеро дорад. Гуногун будани режеми ғизои кӯдакон метавонад ин бовариро ҳосил кунад, ки маводи мағзии масраф шуда метавонанд ба ҳамчун як монеъ дар ҷазби металҳои сангин амал кунанд ва ё ба бадан дар аз байн бурдан онҳо кӯмак намоянд.

Чандин мутолиа дар мавриди сатҳои ҳар хелаи Арсеник дар биринҷ баҳс кардаанд ва солҳост, ки ба падару модар гуфта мешавад аз ғаллаҳои биринҷи омода барои кӯдакон дӯрӣ кунанд. Ҳамчунин бар асоси он чӣ муҳаққиқон дар бораи сатҳои болои маводи заҳролуди мавҷуд дар сабзиҷоти решаӣ нишон додаанд, пешниҳод мешавад истифодаи ин навъ сабзиҷот дар кӯдаконро ба ҳадди ақал бирасонед.

Ҳамчунин ҳеҷгоҳ далели солиме барои додани обмевааҳои омода ва санъатӣ ба кӯдакон вуҷуд надоштааст. Бинобар ин аз падару модар хоста шудааст, ки аз ин интихоб низ сарфиназар кунанд. Метавон ба ҷой ин маворид, меваҳо ва сабзиҷоити бухорпаз шуда ва пура шударо ҷо ба ҷо кард.

Яке аз нуктаҳои муҳимме, ки падару модар бояд ба хотир супоранд ин аст, ки, шояд онҳо, хоста ё нохоста, бо вуҷуди хондани барчаспи рӯи маҳсулот, ҳама ин унсурҳоро нашносанд ва ғизоҳо ва обмеваҳои мавҷуд дар бозорро барои кӯдаки худ таҳия кунанд. Аммо ин маҳсулот метавонанд миқдорҳои зиёде метали нуқраӣ, маводи нигаҳдорнда, рангҳои маснуӣ, заҳрҳои дафъи офатҳо ва дигар маводи олоянда ё маводи афзунӣ дошта бошанд.

Бо ин ҳол, ҳатто ғизоҳои органики таҳия шуда бе заҳрҳои дафъ кунандаи офатҳои химиявӣ низ аз олудагии заҳаролуди хок ва об дар амон нестанд. Масъулони органик ба ин маворид намепардозанд ва ғизоҳои кӯдакон низ ба ҳамон андоза ғизоҳои дигар, таҳти таъсир қарор мегиранд. Аз онҷо, ки металҳои сангин дар занҷираи ғизо қарор доранд, тавлиди ғизоҳои кӯдак бе пешомади заҳролудӣ ниёз ба манобеи озмоишҳои бисёр дақиқ дорад. Ҳамчун мисол, сабзиҷоти органик, ки дар канори бузургроҳҳои қадимӣ рушд мекунанд, мумкин аст ба иллати гузшатани автомобилҳо бо дуд сарчашма гирифта аз сӯхти бензин дар тайи солҳо, дар хок олуда рушд кунанд. Бинобар ин беҳтар аст аз маҳсулоти манотиқи бо хок пок истифода шавад.

марҳилаи тавлид

Марҳилаи тавлид ҳамчунин мумкин аст олудагии сарчашма гирифта аз металҳоро ба маводи ғизои ворид кунад. Барои ҷилавгири аз ин мушкил, бархе ширкатҳо ба таҷҳизоти фӯлоди зидди занг рӯй овардаанд.

Гоҳе дар таъсисоти санъатӣ, маводи бо даст сохта шуда ва ба ҷои пок шудани бо гармо, таҳти фишори оби сард филтер мешаванд.

Аз онҷо, ки ширкатҳои маводи ғизоии кӯдак довталабона озмоишотеро анҷом медиҳанд, мумкин аст, ки ғизоҳои онҳо дорои заҳрҳои камтаре нисбат ба колоҳое бошад, ки дар фурӯшгоҳи маводи ғизоӣ мебинед.

Вақте созмони ғизо ва дору бо ҷиддият бархурд мекунад, ширкатҳои тавлидкунанда зудтар ва муассиртар амал мекунанд, то андозаи заҳрҳои мавҷуд дар маҳсулоти худро коҳиш диҳанд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.