Боварҳои нодуруст дар бораи дӯстиҳои пеш аз издивоҷ

136

Мутаассифона баъзе боварҳои ғалат вуҷуд доранд, ки сабаб мешаванд афрод фариб хурдани худро ғайри мумкин бидонанд ва гумон кунанд фиреб хурданд ва зарар кардан фақат барои дигарон рӯх медиҳад. Дар ин ҷо мехоҳем баъзе аз ин боварҳои ғалатро баррасӣ кунем.

Дӯстиҳоӣ пеш аз издивоҷ  он қадар, ки фикр мекунед сода ва содиқона нестанд. Ин дӯстиҳо ба хусус агар барчаспи дӯстии хиёбонӣ бигиранд, пур аз эҳтимоли нокомианд. Ҳатто агар фикр кунед шумо аз ин қоида мустасно ҳастед ва қарор нест бароятон руй диҳад.

Ман ҳавосам ҷамъ аст

Ин бовари нодурусте аст. Аз қадим гуфтаанд даст болои даст бисёр аст. Ба ҳар ҳол дар ин дунё касе пайдо мешавад, ки аз мо бо ҳуштар, зирактар ё макортар бошад. Ба назари ман ба маҳзи ин ки тарафи муқобил дар дӯстиҳо хусусан дӯстиҳои хиёбонӣ, дархости пул, ба сурати қарз, кридит ё пули нақд, корти бонкӣ ё калиди мошин танҳо мондан бо мо дра як хона ва ба қавли маъруф дар як макони дарбаста ва ба дур аз интизори умумӣ, ё дархости ҳар чизи дигар монанди як чиз ё ҳадя ё … кард зуд бояд ба ӯ шак кард. Равшан аст, ки ин дархостҳо баъд аз ҷалби эътимод сурат мегирад на аз ҳамон оғоз.

Ин ҷалби боварӣ ҳам мутаасифона бо ошкор шудани муҳаббатҳои дурӯғини каломӣ,  харидани як ҳадя, бо ваъдаи хостгорӣ ва издивоҷ ё ҳар ваъдаи дигар анҷом мешавад. Духтар ё писаре, ки дар муқобили чунин фиребҳое қарор мегирад аз рӯи хиҷолат ё аз рӯи тарс аз обурӯ ва гоҳе ҳам ноҳушёрӣ ва бехабарӣ, ба дархости тарфи муқобил тан медиҳад ва гоҳе як умр зиён ва пушаймониро ба ҷон мехарад. Хусусан касоне, ки камбуди таваҷҷӯҳ ва камбуди муҳаббат доранд бештар дар доми абзори муҳаббат ва тавҷҷуҳҳои дурӯғин гирифтор мешаванд чун чизе, ки онҳоро дар робита нигаҳ медорад танҳо найранги тарафи муқобил нест, балки ниёзи худи онҳост. Бинобар ин ҳавосатон бошад, ки худ ва ниёзҳоятонро хуб бишносед ва ёдатон бошад, ки камтар касе аст, ки дар хиёбон ошиқи шумо шавад, магар он ки ё камбудҳои бисёр дошта бошад ва ё дурӯғгӯи моҳире бошад.

Хонавода ва бастагону наздикони тарафи муқобил аҳамият надоранд

Афроде дар хонаводаи худ рушд мекунанд ва бузург мешаванд ва нигоҳ ва биниш ва бисёре аз боварҳо ва эътиқодоти онҳо дар хонавода шакл мегирад. Агар огоҳ шудед, ки тарафи муқобили шумо, яъне касе, ки дар хиёбон бо ӯ дӯст шудаед бо хонаводааш хеле фарқ дорад каме ба ӯ шак кунед. Манзур ин нест, ки ҳамаи афрод бояд айнан монанди хонаводаашон бошанд, аммо фарқиятҳои зиёде дар тарзи ҳарфзадан ва либос пӯшидан ва фарқияти ҷиддӣ бо хонавода дар рафтор ва хуи зиёде нишон аз навъи бозгирӣ ба манзури фиреби тарафи муқобил дорад. Зимни ин ки хадамоти иҷтимоӣ дар кишвари мо тавре аст, ки тақрибан то поёни умр ниёзи моро ба ҳимоятҳои хонаводаҳо дар издивоҷ таҳсил, зоимон ва … ҳифз мекунад ва хонаводаҳо дар зиндагии мо то ҳадди зиёде дахолат доранд ва ин ба он маъно аст, ки наметавон касеро бидуни хонаводааш хост ва дар назар гирифт. Афроде, ки хонаводаашонро пинҳон мекунанд макони зиндагиашонро мепӯшонанд, иттилооти ҷомеи дар бораи маводи мухаддир ва ҷинояткориҳо доранд аксаран (на ҳамеша) хонаводаҳои масъаладоре доранд.

Гузаштаи тарафи муқобили муҳим нест

Афрод ба гузашти замон тағйир мекунанд ва имкони рушд барои ҳар касе фароҳам аст. Аммо ин ба ин маъно нест, ки онҳо муҳим нест ва аҳамият надорад. Чун дар баъзе мавридҳо амалҳо ва рафторҳои фард дар гузашта ба ҳамон гузашта хатм намешавад ва асар ва натиҷаҳои он то ба имрӯз ва ҳатто барои оянда боқӣ мемонад.

Аз назари равоншиносон тағйири воқеии фард аломатҳое дорад бинобар ин агар гузштаи фарде, то ҳудуде ноҳамвор буда ҳатман пеш аз ин ки бо ӯ вориди алоқаи ҷиддӣ бишаваед лозим аст равоншинос ӯро дида бошад. Мутаасифона касооне ҳастанд, ки дар гузашта дуздӣ карда ё мубтало ба беморӣ ё эътиёд будаанд ё Худое накарда алоқаи номашрӯе доштаанд, ки мунҷар ба ҳомила шудан ва фарзандор шудани духтаре шудааст чунин корҳое ба ҳар ҳол оқибат ва табаоте дорад, ки то поёни умр домангири фард мешавад. Бинобар ин гузаштаи афрод, хусусан агар пои алоқаи муҳкаме монанди пайванди издивоҷ дар миён бошад муҳим аст. Агар ҳам хабаре аз издивоҷ набошад, гузаштаи фард метавонад нишон диҳандаи рафтори феълии фард бо худи шумо ва навъи робитае бошад, ки бо шумо барқарор хоҳад кард.

Тарафи муқобилро тағйир хоҳам дод

Ҳеҷ касе ҳатто ҳамсарро наметавонад тағйир дод, магар он ки худи ӯ бихоҳад. Зимни ин ки тағйир кори сахте аст ва ҳар касе ҳато вақте худ мехоҳад, агар қасди ҷиддие надошта бошад наметавонад ба роҳатӣ иваз шавад. Бинобар ин, ин тарзи тафаккур, ки қодиред касеро тағйир диҳед канор гузоред ва худро даргири тағйир додани касе, ки ба ҳар далеле сари роҳатон қарор гирифта накунед. Мехоҳанд шуморо дар вазияте қарор диҳанд, ки гумон кунед онҳо бидуни шумо мемиранд ва наметавонанд рушд кунанд.

Дӯстӣ бо чунин афроде чӣ хиёбонӣ ва чӣ ғайри хиёбонӣ хато аст. Ҳар кас масъули тағйир додани худ аст ва набояд монанди ангал барои тағйири ба дигарон такия кунад ва аз онҳо тағзия намояд.

Вақте касе чунин ҷойгоҳе бароятон қоил мешавад диққат дошта бошед, ки ё дурӯғ мегӯяд ва ё қасд дорад шуморо нардабонӣ кунад ва аз он боло биравад ё ба ҳар тариқе энергияи шумро бимакад.

Издивоҷи мо бо бақия фарқ дорад

Аксари мо он қадар аз ин ки фиреб хурем бадамон меояд, ки вақте дар маърази суиистифода ё фиреб қарор мегирем тарҷеҳ медиҳем бигуем, ки робитаи мо фарқдорад! Дар ҳоле, ки агар каме диққат кунем мефаҳмем, ки чунин нест ва ин алоқа ҳам ҳамон улгуи алоқаи дигарро дорад ва ба истилоҳи хуни мо рангинтар аз дигарон нест! Издивоҷҳои хиёбонӣ аксаран бидуни шинохти кофӣ, бидуни ошноӣ бо беҳтарин ва баддтарин вежагиҳои тарафи муқобил, бидуни ишқ ва доноии кофӣ анҷом мешаванд ва мутаассифона аксаран ба ҷудои ва талоқ кашида хоҳанд шуд.

Ба назари шумо, агар касе дар макони кор, дар миёни хешутабор ва дӯст ва ошно дар макони таҳсил ва дар бйни ҳамасояҳо ва ақвоми дуртар эътибори кофӣ дорад, чаро дар хиёбон бояд ба дунболи ҳамсар бигардад? Ва агар дар хиёбон ба дунболи ҳамсар аст, ё аз касе хушаш омадааст, чаро барои издивоҷ иқдоми амалӣ намекунад ва ҳамеша имрӯз ва фардо мекунад?

Аксаран касоне, ки дар хиёбон ба дунболи ҷинси мухолиф мегарданд ӯро барои дӯстӣ, вақтгузаронӣ, саргармӣ ва дар беҳтарин ҳолат барои шинохти ҷинси мухолиф ва на издивоҷ мехоҳанд. Беҳтар аст худро фиреб накунем ва робитаамонро беҳуда робитаи бартар аз равобити дигарон нашуморем ва ҳамеша ҳушёр бошем.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.