Қаноат

143

Мавзӯи қаноат дар Бӯстони Саъдӣ

Ҳар кас, ки бар бахту рўзии худаш қаноат накард, ў Худоро нашинохт ва тоаташ низ фоидае надорад, мисли ин ки ҳеҷ тоате накардааст. Ба шахси ҳарис, ки ба он чӣ дорад қаноат намекунад ва ин сўву он сў мегардад, то чашми гуруснаашро сер кунад, хабар деҳ, ки мардро қаноат ғанӣ ва тавонгар мекунад.

Эй он ки дар талаби рўзии бештар суботу оромиш надорӣ, бояд оромиш дошта бошӣ, чун ки бар санге, ки дар ҳоли гардиш аст, алаф намерўяд.

Агар соҳиби ақли комил ва тадбир бошӣ, танпарварӣ макун, ки агар танпарварӣ кунӣ худатро бо дасти худат ба куштан додӣ. Инсонҳои хирдадманд бештар ҳунарпарвар мешаванд, на танпарвар. Ҳар кас, ки танпарвар бошад ҳунар надорад, некӣ надорад. Он кас метавонад рафтори инсониро ёд бигирад, ки аввал саги нафсашро хомўш кунад ва бар ў чира гардад. Хўрдану хобидан одати ҳайвонот ва даррандагон аст ва касе, ки ин одатро дошта бошад аз ақл дур ва бехирад аст.

Хушо ба ҳоли он некбахт, ки дар як гўшаи қаноат биншинад ва аз илму маърифат барои худаш тўшаи охираташро омода созад. Онон, ки барояшон сирри ҳақ ошкор гашта, ҳеҷ гоҳ бо канор гузоштани он ботилро ихтиёр намекунанд. Вале онон, ки торикиро аз равшанӣ ташхис намедиҳанд, дидори дев бо дидори ҳур барояшон якранг аст. Ту аз нодонии худат, ки роҳро аз чоҳ ташхис надодӣ, гирифтори чоҳ шудӣ.

Шоҳини сабукбол ва баландпарвоз чӣ гуна метавонад баландпарвозӣ кунад, агар бар боли ў санги ҳирсу тамаъро баста бошанд. Ту низ агар доманатро аз чанги шаҳватпарастӣ ва таҷаммулгароӣ раҳо кунӣ, метавонӣ то ба авҷи кибриё, ки сидратулмунтаҳост, бирасӣ.

Хулоса бо роҳи кам кардани хўрду хўрок аз одати рўзонаат оҳиста-оҳиста метавонӣ худатро фариштахўй гардонӣ. Ҳеҷ кас якбора аз ҳолати ваҳшигарӣ ба дараҷаи фариштагон наметавонад бирасад, ҳамон гуна ки намешавад аз зери замин ба фалакулафлок парвоз кард. Аввал бояд хулқу хўи инсониро ёд бигирӣ ва пеша кунӣ, сипас метавонӣ дар мавриди фариштахўӣ фикр кунӣ. Ту акнун бар болои нафсе, ки мисли баччаи аспи бадгуҳар дар ҳоли табу тоз аст нишастаӣ ва вазифаи ту дар ин ҳолат ин аст, ки ҳушёр бошӣ, то ў аз ҳукми ту сарпечӣ накунад, ки Худо накарда агар лиҷоми он аз дасти ту барояд ё канда шавад, ҳам худашро ба куштан медиҳад ва ҳам хуни туро мерезад. Агар инсони ҳақиқӣ бошӣ таомро ба андозааш бихўр, шикаматро пур макун, билахира ту хум нестӣ, ки бояд то гулў пур бошӣ, ту одамӣ ҳастӣ. Даруни инсон ҳам барои таом, ҳам барои зикр ва ҳам барои нафас аст ва он гуна, ки ту гумон мекунӣ фақат барои нону хўрок нест. Оё ҷои зикр боқӣ мемонад дар шиками инсони ҳарис ва чашмгуруснае, ки нафасаш ба сахтӣ пояшро дароз мекунад ва аз пурии таом барои худаш ҷои баромаданро намеёбад. Байт:

Надоранд танпарварон огаҳӣ,

Ки пурмеъда бошад зи ҳикмат тиҳӣ.

Ду чашми инсон бо шикамаш ҳеҷ гоҳ пур намешаванд, бинобар ин холӣ будани рўдаҳои печ дар печ беҳтар аст. Инҳо мисли ҷаҳаннаманд, ки агар аз ҳезум сер кунанд боз  садо мезанад, ки оё бештар аз ин ҳаст?

Инсоне, ки машғули танпарварӣ бошад руҳаш заиф мешавад ва мемирад ва ин тан барои хидмати руҳ аст агар ин руҳ аз байн рафт, тан ба чӣ дард мехўрад. Исои руҳи ту аз лоғарӣ наздик ба мурдан аст, вале ту саргарми парвариши хари ў ҳастӣ. Ин қадар пастфитрат машав, ба ивази дин дунё махар, ҷави харро ба ивази Инҷили ҳазрати Исо махар, оё надидӣ, ки даранда аз ҳирси хўрдан гирифтори дом шуд. Байт:

Паланге, ки гардан кашад бар вуҳуш,

Ба дом афтад аз баҳри хўрдан чу муш.

Чу муш он ки нону панираш хурӣ,

Ба домаш дарафтию тираш хурӣ.

***

Ҳикояти як ҳоҷӣ

Яке аз ҳоҷиён, ки дар баробари ахлоқи бади ў ахлоқи Ҳаҷҷоҷи золим қобили ситоиш ва шоистаи раҳмат аст ба ман шонаи оҷ  дод. Ба ман хабар расид, ки ин ҳоҷӣ дар яке аз сўҳбатҳояш маро саг гуфта ва таҳқир кардааст, чун ки як вақтҳо аз ман ранҷида ва дилаш монда буд. Бо шунидани ин хабар, устухонро гирифтам ва ба пеши ў рафтам ва бо андохтани он устухон ба доманаш гуфтам: «Ин устухонро ман дигар лозим надорам, ту ҳам аз ин рўз маро саг магў. Ту гумон макун, ки ман бо сирка қаноат намекунам ва агар касе ба ман ҳалво дод ҷаври онро ҳам мекашам, ҳаргиз ин тавр нест, ман сиркаи худро аз ҳалвои дигарон беҳтар медонам ва ба он қаноат мекунам».

Эй нафс, ба андак чизе, ки дорӣ қаноат кун ва агар ту қаноат дошта бошӣ дар пеши чашмони ту шоҳу гадо яксонанд ва ҳеҷ фарқе надоранд, ба ҳардуи онҳо ба як чашм нигоҳ мекунӣ, якеро аз дигарӣ бартар намешуморӣ.

Барои чӣ ба пеши Хусрав (шоҳ) хоҳишатро матраҳ мекунӣ ва дасти илтимос дароз менамоӣ, агар хоҳишатро канор гузорӣ худат Хусрав мешавӣ.

Аммо агар худпараст ва танпарвар бошӣ, ман бо ту сухане надорам, метавонӣ шикаматро табл қарор диҳӣ ва ё мисли тўрбаи гадо хона ба хона бигардонӣ ва дари хонаи мардумро қиблаи худ қарор диҳӣ.

***

Ҳикояти Хоразмшоҳ ва марди тамаъкор

Як марди пуртамаъ пагоҳӣ барвақт пеши Хоразмшоҳ омад ва бо дидани ў қадашро бо таъзим дуто кард ва рўяшро ба хоки остонааш молид ва бархост. Писари он мард хитоб ба падараш гуфт: «Эй падар, як суоли мушкил дорам, мехоҳам, ки ҷавобашро бигўӣ». Мард гуфт: «Бигў писарам». Писар гуфт: «Ту набудӣ, ки мегуфтӣ қибла ба тарафи мулки Ҳиҷоз аст, пас чаро ба ин тараф саҷда кардӣ?»

Эй азиз, ба нафси шаҳватпараст итоат макун. Ҳар кас, ки фармонбардори нафс нашуд, растагор шуд. Қаноат инсонро сарбаланд мекунад ва сари пуртамаъ ҳамеша хамида аст ва аз дўши соҳибаш берун намеояд.

Тамаъ обрўи салобат ва бурдбориро мерезад, гўё тамаъкор барои як ҷав, як доман дурро аз даст медиҳад. Агар бо оби ҷўй метавонӣ сероб шавӣ, чаро барои барф обрўятро мерезӣ. Оби сард ва хунуки мисли барф ба чӣ қимат? Ба қимати обрў? Инсон метавонад бе оби барф ва сард зиндагӣ кунад, вале бе обрў наметавонад зиндагии шарофатмандона дошта бошад. Бинобар ин, бояд аз хўрдани неъматҳои лазиз каме худдорӣ кунӣ, вагарна дар ба дару гадо мешавӣ. Эй хоҷа, бирав дасти ҳирсу тамаъро кўтоҳ кун, то ки аз остиндарозон умедатро биканӣ. Ҳар кас, ки номаи тамаъро баст ва мўҳр зад, дигар намешавад номи ўро ба ғуломӣ сабт кард. Умедворӣ ва тамаъ туро аз ҳамаи маҷлис ва маҳфилҳо ронда ва маҳрум месозад ва чораи ин кор ин аст, ки ту бояд тамаъро аз худат биронӣ ва дур созӣ, то ҳеҷ кас туро аз худаш наронад ва дур насозад.

***

Ҳикояти марди боқаноат

Яке аз соҳибдилон дучори таб шуд. Ба ў гуфтанд, ки бояд шакар бихўрӣ. Ў гуфт: «Ман шакар надорам». Гуфтанд: «Фалонӣ ҳамсояат шакар дорад, як нафарро бифирист, то бароят биёрад». Он мард гуфт: «Барои ман мурдан ва талхии ҷон канданро чашидан беҳтар аст аз дидани рўи турши ину он. Инсони боақл аз дасти инсони мутакаббире, ки рўяшро мисли сирка турш мекунад, шакар намехўрад».

Эй азизи дил, дунболи ҳар чизе, ки дилат мехоҳад марав, чун ки танпарварӣ нури руҳи туро кам мекунад. Нафси аммора мардро хору зор мекунад, агар ҳуш дорӣ ҳаргиз нафсро азиз мадор. Агар ту ҳар чӣ дилат хост бихўрӣ, лаззат барӣ, шикамчаронӣ кунӣ, аз даври замона бисёр сахтиҳо ва номуродиҳоро хоҳӣ дид. Ҳамеша тоб додани танўри шикам хуб нест, чун ки як рўз чизе барояш пайдо накардӣ ба сарат мусибат меорад. Касе, ки дар ҳоли фаровонӣ ва фарохдастӣ шикамашро бузург накарда ва мисли фуқаро зиндагӣ кард, ин инсон дар вақти тангдастӣ ва камбағалӣ бечора намешавад ва ранги рўяш тағйир намеёбад. Марди пурхур ҳамеша бори шикамашро мисли хар мекашад ва агар шикамаш пур нашавад, бори ғами шикамашро мекашад. Бандаи шикам бештар дар ҳоли шармандагӣ ва хиҷолат басар мебарад, бинобар ин дар назди ман аз дили танг, шиками танг беҳтар аст.

***

Ҳикояти як марди пурхур

Ман аз сарзамини Басра ҳадиси аҷиб ва ҳайратангез овардаам, ки мисли хурмо ширин аст. Мо чанд нафар либоси инсонҳои обрўмандро пўшида будем ва аз канори хурмозор мегузаштем. Як нафар дар миёни мо меъдаанбор (пурхур) буд ва аз пурхурии худ хор шуда буд ва обрў надошт. Бо дидани меваҳои хурмо натавонист тоқат кунад, миёнашро баст ва ба болои дарахт баромад, то шикамашро бо хурмо пур кунад, вале бечораи мискин аз болои дарахт бо гарданаш сахт афтод ва гарданаш шикаст ва ҳамон замон ҷон дод. Раиси деҳкада омад ва гуфт: «Инро кӣ кушт?» Ман ба ў гуфтам: «Ба сари мо дод мазан! Дуруштӣ макун! Шиками пур ва сангинаш домани ўро аз шохи дарахт ба поин кашид, чун ки рўдаҳои васеъ ва кушод аз дасти ў тангдил ва нороҳат буданд». Имкон надорад, ки ҳамеша инсон ҳам хўрад ва ҳам барад, як рўз ончунон меафтад, ки устухонҳояш хурд мешавад ва ҷонашро ҳам аз даст медиҳад, ки гуфтаанд:

Шикам банди даст асту занҷири пой,

Шикамбанда камтар парастад Худой.

Ба малах як нигоҳ кун, аз сар то по шикам аст, бинобар ин як мўрчаи миёнборики майдашикам аз пояш мегирад ва ба роҳатӣ ба хонааш мебарад.

Биё дарунатро аз таоми зиёд пок кун, чун ки ин шикам ҳеҷ гоҳ пур намешавад ва танҳо хоки лаҳад метавонад ўро пур кунад.

***

Ҳикояти сўфӣ

Яке аз сўфиёнро ду чиз хароб карда буд: яке шикам ва дигаре фарҷ. Барои ин ду нафс ду динор харҷ кард. Яке аз рафиқонаш ба ў гуфт: «Фалонӣ, он ду динорро чӣ кор кардӣ?» Сўфӣ гуфт: «Бо як динор шаҳватронӣ кардам ва бо яки дигараш барои шикамам суфра паҳн кардам. Вале пастфитратӣ кардам ва эй кош ин корро намекардам, чун ки на шикамам пур шуд ва на фарҷам холӣ гашт, ки боз имрўз бештар аз дирўз эҳсоси гуруснагӣ ва шикамхолигӣ мекунам ва фарҷ низ мисли аввал аст».

Оре, таом чӣ латиф ва гуворо бошад ва чӣ кам ва содда, агар дер ба дастат расад бо рағбат ва иштиҳо хоҳӣ хўрд. Инсони ҳушёр ва доно то хоб ўро бо зўр ва бо каманд ба сўи худаш накашад ва сахт ғалаба накунад, сарашро ба болин намегузорад.

Сухан гуфтан низ мисли хўрдану хобидан вақт дорад, мавқеъ дорад. Бинобар ин, то муҳитро барои гуфтан боз набинӣ ва то гўши шунаво пайдо накунӣ, набояд лаб ба сухан кушоӣ, ҳамон гуна ки то майдон набошад наметавонӣ тўббозӣ кунӣ.

Бо занҳо ҳам беш аз андоза алоқа накун ва худатро мисли девонаҳо бо ханҷар ба қатл марасон.

***

Ҳикояти найшакарфурўш

Шахсе дар табақ чанд то найшакар дошт ва онро ба болои сараш гузошта дунболи харидор ба чапу рост мерафт. Иттифоқо дар гўшаи деҳкада ба марди соҳибдил рў ба рў шуд ва бо илтимос ба ў гуфт: «Ҳоҷӣ, ин найшакарҳоро аз ман бигир ва пулашро ҳар гоҳ пайдо кардӣ бидеҳ». Он марди хирадманд ва нексиришт дар ҷавоби он писар сухани пур аз ҳикматро ба забон овард, ки онро ба коғаз навиштан ҳайф аст, бояд онро ба дидаҳо навишт, ў гуфт: «Ту то гирифтани пули найшакар наметавонӣ сабр кунӣ, вале ман аз нахўрдани найшакар метавонам сабр кунам. Дар хўрдани найшакаре, ки дар дунболаш талабкорӣ ва пардохти қарз дошта бошад, лаззат ва ҳаловат вуҷуд надорад».

***

Ҳикояти марди равшанзамир

Ба яке аз мардони равшанзамири поквиҷдон подшоҳи Чин ҷомаи ҳарири гаронбаҳо тақдим кард. Он мард хушҳол шуд ва аз шодӣ мисли гул шукуфт ва зуд он ҷомаро дар бар кард ва дасти подшоҳро бўсида гуфт: «Хеле хуб ва зебо аст ин ҳадяи ҷаноби олӣ, вале ҷомаи кўҳнаи худам аз ин беҳтар аст».

Оре, ту низ агар марди озода бошӣ ба болои хок мехобӣ, вале барои қолин ё палос дасти касеро намебўсӣ.

***

Ҳикояти марде, ки ба пиёз қаноат накард

Як нафар барои нонхуриш ба ҷуз пиёз чизи дигар надошт. Мисли дигарон созу барг ва нуқлу набот дар суфрааш дида намешуд. Яке аз дўстони нодонаш ба ў гуфт: «Эй хоксори бечора, чаро нишастаӣ? Бархез ва аз суфраи подшоҳ, ки барои ходимонаш паҳн мекунад илоҷе кун ва таоми гарм барои худат биёр! Зуд бирав ва аз онҳо талаби таом кун ва аз ҳеҷ кас матарс. Ин гуна будан ва аз ризқу рўзӣ худро маҳрум кардан шармандагист».

Марди фақир бо шунидани ин пешниҳодҳо аз дўсти нодон, аз ҷояш бархоста ҷомаашро пўшид ва остинашро боло кард ва ба зиёфатхонаи дарбориён рафт. Навкарони шоҳ ўро заданд, ҷомаашро дариданд ва дастҳояшро шикаста аз дар берун андохтанд. Мегўянд, ки бечора хун гиря мекард ва мегуфт: «Худкардаро чора нест, касе, ки гирифтори ҳирсу тамаъ бошад ҳамеша гирифтори бало мешавад. Аз ин пас ман ва хона ва нону пиёз. Нони ҷав, ки бо меҳнати дастам бихўрам беҳтар аст аз нони гандум, ки аз суфраи аҳли карам бихўрам. Пастфитрате, ки ба суфраи дигарон тамаъ дошта бошад, бо дилтангӣ ва парешонӣ шабро рўз хоҳад кард».

***

Ҳикояти гурбаи пиразан

Пиразани бахтбаргашта ва камбағал гурбае дошт. Рўзе он гурба ба меҳмонсарои амир рафт, ки ғуломонаш бо тир заданд ва захмӣ карданд. Гурбаи захмӣ аз тарси ҷон берун ҷаст ва дар ҳоле, ки хун аз баданаш мечакид чунин мегуфт: «Агар аз дасти ин пиразан наҷот пайдо кунам дигар ба ҳеҷ ҷо намеравам ва ба муше, ки дар вайронаи пиразан ба даст меорам, қаноат мекунам».

Эй ҷони ман, асал ба захми неши занбўр намеарзад, ки ба хотири он худатро сипари неши заҳрогинаш кунӣ. Бинобар ин қаноат кун ба айрон, вале суроғи асал марав, ки гуфтаанд:

Худованд аз он банда хурсанд нест,

Ки розӣ ба қисми Худованд нест.

***

Ҳикояи тифле, ки дандон баровард

Кўдаке дандон баровард. Падараш дид, ки бачааш дандондор шудааст, ба фикр фурў рафт ва ба худаш гуфт: «Ман барои ин кўдак, ки дандон баровардааст аз куҷо нону таом таҳия кунам? Агар ўро ба ҳоли худаш вогузорам, ин ҳам аз инсоф ва мардонагӣ нест».

Занаш аз ў пурсид, ки мард чаро аз ин ки писарат дандон баровардааст хурсанд нестӣ, баръакс ҳайронӣ! Мард гуфт: «Ҳайрони нону таомаш ҳастам». Зан бо шунидани ин ҳарф сухани мардонавор гуфт, ки эй мард ба макри шайтон гўш мадеҳ, касе, ки ба ў дандон додааст нон ҳам медиҳад. Худованди ризқу рўзӣ қодиру тавоност, ки рўзии ўро хоҳад расонд. Ту ин қадар ғамгину дилсўхта мабош. Зоте, ки офаринандаи кўдак дар шикам аст, ў худ нависандаи умр ва ризқ ҳам ҳаст. Хоҷае, ки аз бозор ғулом мехарад, аз он ғулом ғамхорӣ мекунад ва хуб нигаҳдорӣ менамояд. Пас чӣ гуна Худованд, ки ғуломро офаридааст ин корро накунад? Ту ба он андоза, ки як ғулом ба хоҷааш такя мекунад ба Худованд такя намекунӣ.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.