Нақши волидайн дар тарбияти фарзанд

180

Нақши волидайн дар тарбияти фарзанд

Тарбияти фарзанд аз кадом замон оғоз мегардад?

Чӣ дастуроте барои тарбияти фарзанд дар омӯзаҳои динӣ пешбинӣ шудааст?

Нақши волидайн (падару модарон) дар заминаи тарбият чист?

Ба гуфтаи уламои ахлоқ, тарбияти фарзанд пеш аз таваллуд оғоз мегардад. Бинобар ин, дар омӯзаҳои динӣ, барои даврони пеш аз таваллуди фарзанд ва пас аз замони бордории модар, одоб ва шароите баён шудааст, ки риояти он, дар ояндаи фарзанд таъсиргузор аст. Бар асоси баъзе пажӯҳишҳо, ишқу алоқаи модар ба фарзанд ҳангоми шир додан, дар саботи шахсияти кӯдак муассир аст. Бисёре аз бемориҳои равонӣ, уқдаҳои дарунии ҷавонӣ, ҷиноят, таҷовуз ва қатл, реша дар айёми кӯдакӣ дорад.

Яке аз мутахассисони фанни тарбият дар ёддоштҳои худ навиштааст: “Иҷтимоъ бо ҷойгузин кардани комили мактаб ба ҷои хонавода, иштибоҳи нобахшиданӣ ва бузурге анҷом дод. Модарон фарзандони худро тарк мекунанд то ба корҳояшон бирасанд, масъулиятҳои иҷтимоии худро анҷом медиҳанд, ба саргармиҳои ҳунарӣ ва адабӣ машғул мешаванд, бозӣ мекунанд ва ҳатто ба синамо мераванд ва бо ин ҳама, боз вақти худро бо нороҳатӣ ва беҳавсалагӣ мегузаронанд”.

Дар ривоёт низ таъкид шудааст, пеш аз бордорӣ ва пас аз он, риояти бархе масоил зарурист, монанди ин ки дар ҳадисе омадааст: “Вақте қасди издивоҷ кардед, чунин дуо кунед: Худоё, барои ман фарзанди шоистае муқаддар кун, ки ӯро фарзанди солеҳе дар ҳаётам ва пас аз маргам қарор диҳӣ”.

Қуръони Карим аз забони ҳазрати Нӯҳ(а) мефармояд: “Нӯҳ гуфт: Парвардигоро, бар рӯи замин ҳеч як аз кофаронро боқӣ магузор, зеро агар ту ононро ононро зинда бигзорӣ, бандагонро гумроҳ сохта, ҷуз фарзандони табаҳкор ва кофар ба дунё намеоваранд”. Ин оят нишон медиҳад, ки сифоти нописанди падарон ба фарзандон мунтақил меёбад.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.