Равишҳои сӯҳбат кардан дарбораи зарари сигарет

357

Равишҳои сӯҳбат кардан дарбораи зарари сигарет

Вақте, ки баччаи шумо ҳанӯз ноболиғ ҳаст, аввал ба шумо нигоҳ мекунад, ки чи кореро анҷом медиҳед. Беҳтар аст аз ҳамон даврони кӯдакии фарзандатон, барои тарбияташ дарбораи зарари сигарет сӯҳбат кунед.

Ҳамонтавр, ки медонед, яке аз бадтарин зарарҳои сигарет кашидан, касалии рак, касалиҳои роҳи нафас ва дигар касалиҳои ҷисмиву равонӣ аст; аммо тарсонидани кӯдак аз касалии рак наметавонад кӯдакро аз сигарет кашидан дур кунад. Барои ҳамин мавзӯъоте, ки барои кӯдакатон аҳамият дорад, ба кӯдакатон бигӯед. Кӯдакон нисбат ба касалиҳое ки дар муддати тӯлонӣ бавуҷуд меояд, аҳамият намедиҳанд. Онҳо фақат мумкин аст ба бӯйнок шудани даҳону либос аҳамият медиҳанд. Шумо масалан масъалаи пулро ба онҳо бигӯед. Кӯдак ба пул аҳамият медиҳад, шумо ба ӯ бифаҳмонед, ки агар дар сол инқадар сигарет бихари, ба иловаи касал шудан, инқадар зарари пулӣ мебенӣ. Ҳамчунин кӯдак ба варзишкор шудан аҳамият медиҳад. Шумо бигӯед, ки барои варзишкори хуб шудан бояд сигарет накашад, чун сигарет сабаби заифу беқувват шудан аст.

Ҳикматҳои омӯзанда аз Саъдӣ

Ба кӯдакатон бифаҳмонед, ки сигарет эътиёдовар аст. Яъне агар якбор кашад, дигар ба он одат карда онро тарк карда наметавонад. Ин ба хотири он аст, ки ширкатҳои сигаретсозӣ дар он некатинро ҳамроҳ мекунанд. Бинобар ин сигарет ҳам монанди крак, героин, какаин аст.

Агар кӯдакон сигареткаш шудааст, ба ҷойи сигарет, монанди онро пешниҳод кунед, то ба он одат карда аз зарарҳои сигарет дар амон монад. Монанди сигарети электроникӣ, қалёнҳои электрикӣ танбокуи бе дуд.

Сомонаи интернетии “Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.