Ҷойгоҳи дониш ва донишманд дар каломи нуронии Расули Акрам(с)

207

Ҷойгоҳи дониш ва донишманд дар каломи нуронии Расули Акрам(с)

Ҷойгоҳи дониш ва донишманд

Расули гиромии ислом, ҳазрати Муҳаммад(с) дар мавриди дониш ва донишманд фармудаанд:

“Ҳар кӣ илм биҷӯяд, Худованд ӯҳдадори рӯзии ӯ шавад”.

“Ҳар кӣ аз хонаи хеш ба талаби дониш берун шавад, фариштагон ба сабаби ризояте, ки аз рафтори ӯ доранд, болҳои хеш барои вай бигустаронанд то бозгардад”.

“Ҳеч садақае, ки мардум диҳанд, аз илме, ки мунташир шавад, беҳтар нест”.

“Худованд бандаеро паст нашуморад, магар он ки илму адабро аз ӯ фурӯ гузорад”.

“Ин илм ва ҳидояте, ки Худо маро ба он фиристода, чун боронест, ки бар заминҳои мухталиф меборад. Қисмате, ки ҳосилхез аст, обро мегирад ва гиёҳи фаровон мерӯёнад, ва зимнан, обро ҷазб мекунад ва дар манобеи зеризаминӣ захира менамояд, ба ин васила Худо мардумро нафъ мерасонад, ки оби захирашуда сарфи хӯрок ва зироат мешавад. Қисмате ҳам биёбонҳои бойир ва харобест, ки на ҳосил медиҳад ва на об нигаҳ медорад. Мардум низ иддае илми дин меомӯзанд ва амал мекунанд ва нашр медиҳанд, иддае на амал мекунанд ва на таълим медиҳанд”.

“Ҷуз ба ду кас набояд ҳасрат хӯрд: яке марде, ки Худо ба ӯ мол дода, дар роҳи Ҳақ харҷ мекунад. Дигар, касе ки Худояш ҳикмат ато фармуда, бо он қазоват мекунад ва ба мардум меомӯзад”.

“Ҳар кӣ мардумро ба роҳи росте даъват кунад, ба қадре, ки аз ӯ пайравӣ кунанд, аҷр дорад, бидуни ин ки аз аҷри онҳо коста шавад. Ва ҳар ки ба роҳи залолате даъват намояд, ба андозаи ҳамаи тобеонаш гуноҳ дорад, бидуни ин ки аз гуноҳи онон каср шавад”.

“Ман бар умматам аз шарри мӯъмин ва мушрик бим надорам; зеро мӯъминро имон монеи фасод аст ва мушрикро ҳамон ширк нобуд мекунад. Танҳо аз олими мунофиқ метарсам, ки гуфторе зебо ва кирдоре зишт дорад”.

“Ҳар ки илм зиёд кунад ва зуҳд наяфзояд, нисбат ба Худо ҷуз дурӣ наяфзудааст”.

“Олим аз илми хеш сер нагардад, то саранҷом ба биҳишт расад”.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.