Кӯдак ва бадхулқӣ (қисмати аввал)

131

Кӯдак ва бадхулқӣ (қисмати аввал)

Бо бадхулқии кӯдакамон чӣ кунем?

Сураташ сурх шудааст. Дод мезанад. Суханҳои зиштеро, ки ёд гирифтааст бо садои баланд ба забон меорад. Бозичаҳояшро, ки барои ором карданаш ба ӯ додаам хароб мекунад… Ман ҳам асабонӣ мешавам ва дод мезанам. Гоҳе гиряам мегирад.

Дар ҳузури дигарон аз корҳои ӯ шармгин мешавам. Намедонам чаро ин қадар асабӣ шудааст ва бадхулқӣ мекунад….

Оё кӯдаки ман пархошгарӣ мекунад?

Чӣ чизҳое пархошгарии кӯдакамро зиёд мекунад?

Чигуна бояд бо ӯ рафтор кунам?

Осебҳои пархошгарӣ барои кӯдакам чист?

Чигуна метавонам пархошгариашро аз байн бибарам?

Ончи бояд бидонем

Чӣ рафтори бадхулқӣ талаққӣ мешавад ва чӣ замоне метавон гуфт, кӯдак бадхулқ шуда аст? Ба таври куллӣ рафторҳоеро, ки ба дигарон осеб мерасонад бояд бадхулқӣ шумурд. Гоҳе ин осебҳои баданӣ аст, монанди замоне ки кӯдак ба дигарон лагад мезанад. Гоҳе низ ин осебҳо дар рафторҳое чун: дод задан ва маҷбур кардан ва … ҷилвагар мешавад. Бояд донист, ки бахше аз ин рафторҳо табиӣ аст ва наметавон аз он натиҷа гирифт, ки кӯдак бадхулқ шуда аст, мисли кӯдак дар мароҳили табии рушди худ ба марҳилае мерасад, ки эҳсоси моликиятро дарк мекунад. Дар ин марҳила нисбат ба васоил ва асбоббозиҳояш тааллуқи хотир пайдо мекунад ва агар касе онҳоро бардорад мумкин аст вокунишҳои сарсахтонае аз худ нишон диҳад. Дар ин ҷо наметавон гуфт, ки ӯ пархошгар шуда аст, балки ӯ саъй мекунад биёмузад, ки чигуна аз ҳарими худ ва доштаҳояш дифоъ кунад. Дар ин шароит бояд ба мурур ба ӯ меҳрубонӣ, саховат, дӯстӣ, мушорикат ва пазируфтани дигарон омухт.

Агар фикр мекунед фарзандатон дучори пархошгарӣ шудааст, саъй кунед иллати пархошгарии ӯро биёбед ва бар асоси он шеваи бархурди худро таъин кунед.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.