Муҳитҳои тарбиятӣ

119

Бахши аввал: Муҳити хона ва хонавода

Оё муҳит ба тарбияти кӯдак таъсир дорад?

Муҳити хонавода чӣ таъсире дар тарбият дорад?

Дар тарбияти кӯдак ва навҷавон омилҳои зиёде таъсиргузор аст. Яке аз ин авомил, муҳитест, ки кӯдак ва навҷавон дар он тарбият мешавад.

Муҳит, ҳамон авзоъ ва авомили беруниест, ки дар рушду такомул ё рафтори мавҷуди зинда асаргузор аст.

Муҳит чанд навъ аст; муҳити мустақим ва ғайримустақим, дохилӣ, баданӣ, табиӣ, хориҷӣ, иҷтимоӣ ва ғайра, ки манзури мо аз муҳит дар ин навиштор муҳити иҷтимоӣ аст, ки аз робитаҳои инсонҳо бо якдигар ба даст меояд ва аз домани падар ва модар оғоз мешавад ва то муҳитҳои омузишӣ ва иртибототи иҷтимоӣ густариш меёбад.

Дар ин навиштор, муҳити иҷтимоиро ба се қисмат тақсимбандӣ карда ва дар бораи ҳар кадом сӯҳбат хоҳем намуд.

1.МУҲИТИ ХОНА

Кӯдак ва навҷавон пеш аз ин ки ба мактаб ва ҷомеа қадам бигузорад, дар муҳити хона зиндагӣ мекунад. Иртиботи фарзанд, то синни ҳафт ва ҳаштсолагӣ бо хона махсусан волидайни вай аст. Дар ин муддат ҳар амале, ки падару модар анҷом медиҳанд дар зеҳни кӯдак нақш мебандад. Агар корҳо, рафторҳо, шеваи бархӯрд ва иртиботи волидайн бо якдигар ва фарзанди худ солим ва дуруст бошад, кӯдак ҳам солим ва хушахлоқ ба воя мерасад, чун кӯдак дар ин замон мунъакискунанда ва ё ба иборати дигар тақлидкунандаи рафтору гуфтори волидайни худ мебошад. Аз ин ҷиҳат рафтори солими падар ва модар беҳтарин тарбияткунанда аст ва нақши модар дар тарбият бештар аз падар мебошад.

Паёмбари Акрам (с) низ дар ин робита мефармояд:

(2).“کل مولود یولد عل الفطره. فابواه یهودانه او ینصرانه او یمسجانه ”

Ҳар навзоде худопараст таваллуд мешавад ин волидайни вай ҳастанд, ки ӯро ё яҳудӣ ва ё масеҳӣ ва ё маҷусӣ мекунанд.

Аз ин ривоят аҳамияти нақши волидайн дар тарбияти фарзанд мушаххас мешавад, яъне агар онҳо инсонҳои хуб, хушсухан ва хушрафтор бошанд, дар тарбияти фарзандашон таъсир дорад ва агар ғайр аз инҳо буд, фарзанд ҳам ғайрисолим тарбия хоҳад шуд.

Яке аз бузургон мегӯяд: Домани модар бузургтарин мадрасае аст, ки тифл дар онҷо тарбият мешавад. Ончи ки бача аз модар мешунавад, ғайр аз он чизе аст, ки аз муаллим мешунавад. Тифл аз модар беҳтар мешунавад то аз муаллим; дар домани модар беҳтар тарбият мешавад то дар канори падар ва муаллим.(3)

Худованд дар Қуръони Карим мефармояд: “Ва аз нишонаҳои Ӯ ин аст, ки ҳамсароне аз ҷинси худатон барои шумо офарид, то дар канори онҳо оромиш ёбед ва дар миёнатон маваддат ва раҳмат қарор дод; дар ин нишонаҳое аст, барои гурӯҳе, ки тафаккур мекунанд”, (Рум 21).

Агар падар ва модар бо якдигар тибқи ин ояти шарифа амал кунанд ва байни онҳо маваддат ва муҳаббати фаровон бошад, ҳатман фарзанде, ки таҳвили ҷомеа медиҳанд, бо муҳаббат ва ишқ ба миллат ва ватанаш аст.

Ҳатто волидайн дар ин давра метавонанд ба рафторҳо ва корҳои фарзанди худ, ки дар берун аз хона анҷом медиҳад, назорат дошта бошанд. Бояд назорат кунанд, ки бо чӣ касоне дӯстӣ ва рафту омад дорад? Ба куҷоҳо меравад? Чӣ гуна бо дӯстони худ ҳамсӯҳбат мешавад? Дар сурати корҳои ношоиста бояд бо фарзанди худ ба хубӣ ва хушӣ сӯҳбат кунанд ва онҳоро аз кори баде, ки анҷом медиҳад огоҳ кунанд ва фарзанди худро насиҳат кунанд.

Идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.