Нигаҳдории фарзанд аз дӯстони бад

153

Нигаҳдории фарзанд аз дӯстони бад

Яке аз нигарониҳои падар ва модар, ки ҳамеша хавотир ҳастанд, ин аст, ки фарзандашон бо одамҳои бад рафту омада накунад, дӯстӣ накунад. Барои инки шумо падар ва модарҳо нигарон ва хавотир набошед, инҷо чанд кор пешниҳод карда мешавад то, ки хиёлатон роҳат шавад.

Аз роҳҳои гуногун бо дӯстони фарзандатон шинос шавед. Монади ташкили меҳмонӣ барои дӯстони фарзандатон, ё ҷашни таваллуд гирифтан барои фарзандатон ва даъвати дӯстонаш. Шумо бо ин кор аз наздик дӯстонашро дида бо онҳо шинос мешавед.

Кӯдак ва бадхулқӣ (қисмати аввал)

Ҳар бор дар вақти муносиб, бо фарзандатон сӯҳбат кунед ва далели интихоби фалон дӯсташро ғайри мустақим бипурсед.

Ҳеҷвақт, дар ҳеҷ шароит аз равишҳои бад монанди насиҳати мустақим, ҷанг кардан, чаро чунин карди гуфтан истифода набаред, зеро ин кори шумо сабаб мешавад фарзандатон пинҳонкорӣ кунад ва аз шумо дур мешавад. Балки бо дӯстӣ кардан ва бо меҳрубонӣ ба фарзандатон, ҳамеша дӯсти хубу бадро бифаҳмонед.

Ҳаракат кунед бо падар ва модари дӯстони фарзандатон ҳам иртибот барқарор кунед, то бифаҳмед, ки он дӯсти фарзандатон дар чихел шароит бо кадом расму русум калон шудааст.

Сомонаи интернетии “Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.