Далелҳои хиёнати зан ба шавҳар – қисмати дуввум

231

Далелҳои хиёнати зан ба шавҳар – қисмати дуввум

Хиёнати зан ба шавҳараш, яке аз корҳои ҳаром ва хеле бад аст. Зане ки ба шавҳар хиёнат мекунад, аз назари Ислом бояд ҷазо дода шавад.

Дар қисмати аввал чанд далел ва сабабро зикр кардем. Инак инҷо чанд далели дигарро зикр мекунем.

3) Аз назари руҳӣ ва отифӣ камбудӣ доранд.

Вақте зане мебенад ва эҳсос мекунад, ки меҳру муҳаббатро кам дорад, барои бароварда кардани ин ниёз ба тарафи касе меравад, ки он кас ин ниёзашро бароварда кунад. Ба тарафи марде меравад, ки оромиш ва қуввати дилро ба ӯ медиҳад.

Мардҳо бо меҳру муҳаббат ва бо оромиш додан ба занҳо, ба роҳатӣ метавонанд дили инхел занҳоро ба даст оваранд.

Шавҳарон, эй мардон! Бо зани худ коре кунед, ки оромиши руҳӣ дошта бошанд, коре кунед, ки шумо қуввати дили занатон шавед.

Далелҳои хиёнати зан ба шавҳар – қисмати аввал

4) Пулпарастӣ

Агар зани шумо ошиқи пули шумо бошад, на худи шумо, ба ин зан умед набандед. Чунки як зани пулпараст, фақат ба пулу шароите, ки бароияш муҳайё мекунед нигоҳ мекунад, на ба худи шумо. Ҳоло агар ҳам бо зани шумо инхел шудааст, бо гуфтани арзишҳои зиндагӣ аз назари динӣ, бо ҷазби зан ба василаи меҳру муҳаббат,  зани худро ошиқи худ кунид на ошиқи пули худ. Албатта то онҷое, ки метавонед ниёзҳои пулиашро бароварда созед, то битавонад чизҳои лозимаашро бихарад.

5) Фикру хиёлҳои хато аз зиндагӣ

Баъзе занҳо фикр мекунанд, ки зиндагӣ бо ҳамсар ҳамеша романтика, ҳамеша хушиву хуррамӣ, ҳамеша розӣ будан аст. Барои ҳамин вақте дар зиндагӣ чунин чизро ҳамеша намебенанд, фикри ҷудоӣ ва ё фикри мардони дигарро мекунанд. Дар ҳоле ки намедонад бо марди дигар ҳам, баъди чанд робитаи ошиқона ин мушкилоти зиндагӣ пеш меояд. Бинобарин, хостани як зиндагии бе дарди сар, бе пастиву баландӣ, фикру хиёли шайтонӣ аст. Ҳар зиндагӣ пасту баландӣ дорад. Зан дар ҳамаи пасту баландӣ бо ҳамсари худ бошад, кам кам баъдан ба оромиш мерасад.

Сифоти занони шоиста

Ҳазрати Алӣ алайҳиссалом мефармоянд: зан гул аст!

Бародари мусулмон! Занро бояд монанди гул нигаҳдорӣ кард.

Бояд бо ӯ меҳрубонӣ кунед, дар сахтиҳои зиндагӣ барояш такягоҳи хуб шавед, ва то метавонед аз назари пулу сарват бениёзаш кунед.

Сомонаи интернетии “Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.