Далелҳои хиёнати зан ба шавҳар – қисмати аввал

237

Далелҳои хиёнати зан ба шавҳар – қисмати аввал

Хиёнати зан ба шавҳараш, яке аз корҳои ҳаром ва хеле бад аст. Зане ки ба шавҳар хиёнат мекунад, аз назари Ислом бояд ҷазо дода шавад.

Занҳо барои хиёнат кардан далелу сабабҳои худашонро доранд, ки дар ин навиштор чандтои онро зикр мекунем.

1) Иртибот ва робита бо номаҳрам

Яке аз сабабҳои хиёнати зан ба шавҳар ин аст, ки зан бо иртибот ва робита барқарор кардани бо номаҳрам, ба шавҳари худ хиёнат мекунад. Барои ҳамин аст, ки Ислом аз робита ва иртибот бо номаҳрамро ҳаром кардааст. Шайтон инсонро кам кам васваса мекунад. Аввал аз гап задан сар мешавад, сипас бо ханда кардану шӯхӣ кардан, сипас бо даст додан, сипас фақат бо бӯсидан сипас ҳамхобӣ. Барои ҳамин Ислом аз аввалаш наҳй карда иҷозат намедиҳад, ки зан бо номаҳрам робита барқарар кунад.

Омӯзиши алоқаи зану шавҳарӣ

Ба ғайр аз шавҳар, амак, тағо, падар ва падари шавҳар дигар мардҳо барои зан номаҳрам ҳастанд. Яъне зан дар пеши дигарон, номаҳрамон бояд ҳиҷобашро пӯшад, ба дигарон даст надиҳад, агар зарур набошад бо дигарон, номаҳрамон гап зада нашинад, ва зарур набошад нигоҳ карда нашинад.

Албатта шайтон ҳамаи инсонро ҳамеша васваса мекунад. Барои инки инсон аз васвасаву фиреби шайтон дар амон монад, аввал бояд ба Худо паноҳ барад ва аз Ӯ бихоҳад, ки дар паноҳаш нигаҳ дорад. Дуввум инки гуноҳ ва азоби он дар дунёву охиратро ҳамеша дар дилаш ба худаш гӯяд, то аз азоб битарсад ва ба тарафи гуноҳ наравад.

Масъулияти дуҷонибаи ҳамсарон

2) Аз робитаи ҷинсии бо ҳамсар розӣ нест

Робитаи ҷинсӣ ва ҳамхобӣ бо ҳамсар, яке аз пояҳои муҳимми зиндагӣ аст. Агар ин робита хуб бошад зиндагӣ шерин ва хуррам мешавад, аммо агар ин робита хуб набошад, зан аз робитаи ҷинсӣ сер нашавад, зан  аз мард хафа шуда кам кам дилаш сарду хунук мешавад. Сипас барои сер кардани худ ба тарафи дуто кори ҳаром меравад. Ё худирзоъӣ мекунад. Яъне худаш худашро ба сабаби дасташ ё дидани филм сер мекунад. Ё инки ба фикри марди дигар меафтад, ва талош мекунад, ки касе аз марди дигар бо ӯ ҳамхобӣ кунад, то аз робитаи ҷинсӣ сер шавад.

Далелҳои хиёнати зан ба шавҳар – қисмати дуввум

Тибқи дастуроти динӣ, мард бояд аз зани худ нигаҳдорӣ кунад. Нигаҳдорӣ ҳам иборат аст аз:

Аввал инки ба хонаводаи худ Исломро ёд диҳад. Агар худаш намедонад, худаш ҳамроҳи хонаводааш маъорифи динӣ, Исломӣ, ҳалолу ҳаром, азобҳои гуноҳонро ёд бигиранд.

Дуввум инки ниёзҳо ва хостаҳои зани худро бароварда созад. Ба хусус дар робитаи ҷинсӣ ба занаш аҳамият диҳад. Занашро ҳамеша сер нигаҳ дорад.

Сомонаи интернетии “Хонаводаи намуна

You might also like
1 Comment
  1. […] Далелҳои хиёнати зан ба шавҳар – қисмати аввал […]

Leave A Reply

Your email address will not be published.