Оё ҳиҷоб зидди озодӣ аст?

62

Оё ҳиҷоб зидди озодӣ аст?

Яке аз саволҳое ки баъзе аз бонувон мекунанд, ин аст ки чаро занон озод набошанд  ва бояд ҳиҷоб пӯшанд? Чаро занҳо маҳдуд бошанд ва монанди мардон озод набошанд.

Бояд аввалан дониста шавад, ки фақат занон маҳдуд ва озодии ҳама тарафа надоранд. Балки мардон ҳам озоди озод нестанд. Яъне ҳамонтавр, ки барои занҳо баъзе аз корҳо мумкин нест, барои мардон ҳам баъзе аз корҳо мумкин нест.

Дигар онки агар ҳар кас бихоҳад ҳар кореро кунад, ин озодӣ сабаби нобудии ҷомеъа мешавад. Барои ҳамин ин маҳдудиятҳо барои саломатии ҷомеъа ва барои истеҳкоми пояҳои хонавода аст. Агар озодии ҳаматарафа барои ҳама бошад, хонаводаҳо нобуд шуда, дар натиҷа насли одамӣ идома намеёбад.

Далелҳои хиёнати зан ба шавҳар – қисмати аввал

Дар Қуръони карим ба сароҳат баён шудааст, ки Худованд нахостааст ба хотири дин барои одамҳо сахтиву мушкилот дуруст кунад, балки Ӯ хостааст роҳи саъодату хушбахтӣ ва саломатии ҷисму ҷонро нишон диҳад. Барои ҳамин Худованд яке аз далели ҳиҷобро озору азият надидани занҳо аз тарафи одамҳои нопок баён мекунад.

Худованд мефармояд:

 

«ذلکء ادنی أن لا یعرفن فلا یؤذین»

Муроъоти ҳиҷоб сабаби шинохта нашудани онҳо аст ва дар натиҷа, мавриди озор қарор намегиранд.

 

Агар бонувон ин далели Қуръонро фаҳманд, ҳиҷоб пӯшидан барояшон на маҳдудият аст ва на сахту мушкил. Балки ҳиҷоб пӯшидан нигаҳдорандаи зан аст.

Сомонаи интернетии “Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.