Роҳкорҳои муқобила бо хушунати хонагӣ

217

Хушунати хонагӣ ба ҳар навъ хушунате, ки дар муҳити хонавода ва зиндагии хусуси афрод рух диҳад, гуфта мешавад. Нуктаи муҳиме, ки бояд ба он ишора кард ин аст, ки хушунати хонагӣ умуман дар мавриди занон ва духтарон матраҳ мешавад.

Таърифи хушунати хонагӣ

Хушунати хонагӣ дар миёни афроде воқеъ мешавад, ки ба сабаби иртибототи хунӣ, хонаводагӣ ё қонунӣ бо якдигар равобити самимӣ ва пайвандҳои амиқ доранд. Агарчи дар таърифи ом хушунати хонагӣ метавонад мардонро ҳам дар бар гирад, вале хушунати хонагӣ умуман дар мавриди занон ва духтарон матраҳ мешавад.

Хушунати хонагӣ дар мавриди кӯдакон ҳам матраҳ аст, ки албатта баҳси кӯдакозорӣ ба таври ҷудогона як осеби иҷтимоии бисёр муҳим дар ҷомеа ба шумор меравад ва масоили ҳуқуқии махсуси худро дорад.

Анвои хушунати хонагӣ

Ҳар навъ амали хушунатомез ба занонро хушунати хонагӣ номида мешавад ва анвои хушунати хонагӣ иборатанд аз:

– хушунати ҷисмӣ

– хушунати ҷинсӣ

– хушунати отифӣ ва равонӣ

– хушунати каломӣ

– хушунати иқтисодӣ

Хушунати равонӣ ва каломӣ; хушунате аст, ки ҳам дар хона ва ҳам берун аз он метавонад вуҷуд дошта бошад; хушунате, ки бо дашном ва ба кор бурдани калимоти зишт, баҳонагириҳои пай дар пай, доду фарёд ва бадахлоқӣ, беэҳтиромӣ, рафтори омирона ва таҳаккумомез ва дастур доданҳои пай дар пай, таҳдид ба озор ё куштан, таҳқири зан, қаҳр ва мамнуъияти мулоқот бо дӯстон эъмол мешавад.

Хушунати физикӣ, хушунате аст, ки занонро бидуни дар назар гирифтани мизони таҳсилоташон, нажод ва вазъияти хонаводагияшон таҳдид мекунад. Хушунати физикӣ ба шаклҳои мухталифе ҳамчун озору азияти ҷисмонӣ, зарба ва задан, кашидани мӯй, сӯзондан, гирифтан ва бастан, зиндонӣ кардан, ихроҷ аз хона, кутаккорӣ, маҳрум кардан аз ғизо, лагад ва мушт задан, кашидан ва афтондан, маҳкам кӯбидани дар, ба ҳам задани дастархон ва мизи ғизо ва шикастани васоили манзил намуд меёбад.

Хушунати ҷинсӣ; ин хушунат дар муҳити хона метавонад ба шакли истифодаи қаҳромез, бидуни ризояти зан, иҷбор дар равобити заношуии ғайр мутаораф, адами иҷозаи истифода аз васоили пешгирӣ аз бордории нохоста ва бетаваҷҷӯҳӣ ба ниёзҳои ҷинсии зан дида шавад. Яке аз масоили қобили таваҷҷуҳ ин аст, ки заноне, ки аз ҷониби ҳамсаронашон мавриди хушунат қарор мегиранд, панҷ баробар бештар аз дигар занон дар маърази осебҳои равонӣ ва хатари худкушӣ ва шаш баробар бештар дар маърази ихтилолоти равонӣ қарор доранд.

Хушунати иқтисодӣ; надодани пули ҷайбӣ, сӯиистифодаи молӣ аз зан ва садама задан ба васоили мавриди алоқаи ӯ аз ҷумла маворид хушунати иқтисодӣ алайҳи занон баршумурда мешаванд; ба тавре, ки дар мавориде занон ҳатто ҳаққи дахлу тасарруф дар амволи худро ҳам надоранд.

Ба илова, мавориде монанди издивоҷи иҷборӣ, ва издивоҷ ва бордории духтарони зери 18 сол низ ҷузъи анвои хушунати хонагӣ алайҳи занон маҳсуб мешаванд. Роҳкорҳое барои пешгирӣ аз вуқӯи хушунати хонагӣ ё муқобила бо хушунати хонагӣ пешбинӣ шудааст.

Авомили эҷоди хушунати хонагӣ

Иртиқои маҳоратҳои иҷтимоӣ шояд ба навбаи худ битавонад дар коҳиши хушунатҳои хонагӣ нақши муҳиме бозӣ кунад. Дар воқеъ омӯхтани техникҳои иртиботӣ ба хусус дар зиндагии муштарак метавонад бисёр таъсиргузор бошад; маҳоратҳое ҳамчун иртиқои остонаи таҳаммул ва контроли хашм, дигархоҳӣ ва коҳиши тааллуқоти фардӣ.

Сӯимасрафи маводи мухаддир дар мардон ҳам аз авомиле аст, ки иртикоб ба хушунати хонагӣ алайҳи занонро афзоиш медиҳад. Таъсири манфии маводи мухаддир бар идрок ва қазовати афрод ҳамроҳ бо маҷмӯаи авомили иҷтимоӣ ва равонии муртабит сабаби афзоиши эҳтимоли бурузи хушунат мешавад.

Шоҳиди хушунат будан дар кӯдакӣ ҳам яке дигар аз авомиле аст, ки хушунати хонагиро дар оянда барои фард тасҳил мекунад. Мушоҳида ё мувоҷеҳа бо хушунат дар кӯдакӣ сабаби эҷоди чарха миёни насле мешавад ва кӯдакон шоҳиди хушунати хонагӣ, онро ба унвони як равиши пазируфта шуда барои ҳалли таорузҳои хонаводагӣ меомӯзанд ва қурбониёни хушунат ҳам дар маърази хатари музоафе барои таҷрибаи хушунат дар бузургсолӣ ҳастанд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.