Кӯдак ва нохун хоидан (қисмати севвум)

411

Чи бояд кард?

Дар замони илтиҳоби лассаи кӯдак, васоили муносиберо, ки ба ҳамин манзур сохта шудааст дар ихтиёраш гузоред то истифода кунад.

Ҳолоту рафторҳояшро зери назар ва диққат кунед чӣ замоне нохунҳояшро мехояд.

Талош кунед ӯро бо ашё ва асбоббозиҳои мавриди алоқааш саргарм кунед. Агар дар ҳини бозӣ нохоста дасташро ба самти даҳонаш бурд, бе ин ки бифаҳмад ором дасташро бигиред ва ба бозӣ идома диҳед.

Ӯро вориди фаъолиятҳои мухталиф кунед то эътимод ба нафс пайдо кунад ва эҳсоси танҳоӣ накунад.

Барои ӯ бештар вақт бигузоред. Бо ӯ сӯҳбат кунед ва бидонед таваҷҷӯҳ нишон додан, беҳтарин ва муассиртарин шева барои тарки нохун хойдани кӯдаки шумост.

Саъй кунед бифаҳмед чӣ чизе оромиши ӯро барҳам задааст.

Нохунҳояшро кутоҳ нигаҳ доред.

Ангуштонашро ба кор бигиред. Аз ӯ бихоҳед чизе дуруст кунад ё сурат бикашад ё …

Барояш дар ҳамаи заминаҳо амният эҷод кунед. Амнияти зистӣ, равонӣ, отифӣ ва иҷтимоӣ. Гоҳе ӯро дар оғуш бигиред, навозиш кунед ва итминон бидиҳед, ки хатаре таҳдидаш намекунад ва шумо ҳамеша муроқиб ва ҳомии ӯ ҳастед. Ба ӯ бигӯед, ки дӯсташ доред ва фаъолиятҳои иҷтимоӣ, ҳунарӣ ва … ӯро таҳсин кунед.

Ба ӯ сақич бидиҳед то бихояд.

Метавонед нохуни духтарони майдаро зебо нигоҳ доред то онҳоро ба хотири ҳифзи зебоӣ, солим нигоҳ доранд.

Барои рафъи мушкил аз худаш роҳи ҳал бихоҳед ва дар иҷрои роҳи ҳалли пешниҳодӣ, ҳатман ӯро роҳнамоӣ ва кӯмак кунед.

Кӯдак ва нохун хоидан (қисмати аввал)

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.