Қаҳр ва оштии ҳамсарона

98

Чигуна баъд аз як қаҳри тӯлонӣ, иртиботи худ бо ҳамсарам ва хонаводаамро дуруст кунам?

Мумкин аст, ки ин савол, савол бархе аз ҳамсарон бошад “ҳоло, ки мехоҳам бо ҳамсарам оштӣ кунам чигуна бо хонаводааш рӯ ба рӯ шавам?”

Қаҳр ва оштии ҳамсарона

Баъд аз қаҳр карданҳои тӯлонӣ ва мудовим, маъмулан яке аз тарафайн ё ҳар ду, тарс ва ё эҳсоси хиҷолат нисбат ба рӯ ба рӯ шудан бо хонаводаи ҳамсаршонро доранд.

Дар ин мақола роҳкорҳоеро барои аз байн бурдани ин эҳсосоти манфӣ, пешниҳод мекунем.

Қаҳр, осебзананда аст

Ҳангоме, ки ду нафар ё яке аз тарафайни издивоҷ, қаҳрро ба унвони роҳкор интихоб мекунанд ба маънои ин аст, ки маҳоратҳои ҳалли саҳеҳи масъала ва ҳалли таорузро намедонанд ва барои ин, ки зудтар битавонанд аз таниш раҳоӣ ёбанд, ба ин мавзӯъ тамоюл доранд. Дар сурате, ки намедонанд қаҳр кардан метавонад ба унвони осебзанандатарин масъала ба иртиботи ҳамсарон бошад.

Қаҳр кардан вежаи афроди хурдсоле аст, ки ҳануз ба рушди шинохти кофӣ нарасидаанд ва наметавонанд барои мушкилоти худ роҳкори муносибро пайдо кунанд, вале касоне, ки издивоҷ кардаанд ба булуғи комили равонӣ ва шинохтӣ ва отифӣ расидаанд, ин амр наметавонад барои онҳо роҳкори муносибе барои ҳалли мушкилоташон бошад.

Паёмадҳои қаҳр кардан

Дар қаҳр карданҳои мудовим, хонаводаҳо нисбат ба арӯс ва домодашон бетафовут мешаванд ва талоше барои ҳалли мушкилоти онҳо намекунанд

Қаҳр кардан мумкин аст паёмадҳои манфии зиёдеро дар бар дошта бошад. Як фард бо қаҳр кардан бо ҳамсараш, мумкин аст ин паёмро мунтақил кунад, ки “ту барои ман муҳим нестӣ ва намехоҳам мушкиламро ба дурустӣ ҳал кунам” ва ё ин паёмро мунтақил кунад, ки “ту муқассири тамоми мушкилоти ман ва зиндагиямон ҳастӣ ва ту бояд талош кунӣ, ки онҳоро ҳал кунӣ”. Дар сурате, ки дар таорузоти ҳамсарон ҳеҷгоҳ як нафар муқассир нест ва ҳар ду нафар издивоҷ, зан ва мард, дар эҷоди ихтилофот саҳим ҳастанд ва фақат мумкин аст, ки саҳми онҳо бо якдигар мутафовит бошад.

Дар ихтилофоти заношуӣ агар афрод маҳоратҳои контроли хашм ва асабониятро надонанд, мумкин аст, ки аъмол ва рафтор ва гуфториро аз худ нишон бидиҳанд, ки шиддати ихтилофи онҳоро бештар кунад. Мумкин аст, ки ҳурматҳо шикаста шавад ва ба хонаводаҳои якдигар ҳам тавҳин кунанд ва инҷост, ки мушкили онҳо бештар мешавад ва сахттар қобили ҳал кардан мешаванд.

Баъд аз як қаҳри тӯлонӣ

Агар бино бар ҳар далеле, дар як издивоҷ завҷайн қаҳр карданро ба унвони роҳи ҳалли собит ва ҳамешагии мушкилоташон интихоб кардаанд, ин нуктаро бояд бидонанд, ки қаҳр карданҳои мудовим ва тӯлонимуддат ба ҷои инки мушкили онҳоро ҳал кунад, мушкилоти онҳоро бештар ва бештар ҳам мекунад. Қаҳр карданҳои мудовим коре мекунад, ки ба мурури замон ҳам фард аз чашми ҳамсараш бияфтад ва ин кори ӯ оддӣ бишавад ва ҳамсараш талошеро барои беҳбуди иртибот анҷом надиҳад ва ҳам ин, ки таъсири манфии худро бар хонаводаҳои тарафайн мегузорад. Хонаводаҳо бо худи ингуна фикр мекунанд, ки ҳоло, ки инҳо бо ҳам нестанд ва мудом хонаҳои падар ва модари худашон ҳастанд, беҳтар аст, ки барои оштӣ додани онҳо коре накунем, чун ин раванд ҳамеша идомадор аст. Ниҳоятан афроде ҳам, ки намехоҳанд ин иттифоқ барои фарзандашон бияфтад бо худ мегӯянд, ки инҳо, ки ҳамеша бо ҳам қаҳр ҳастанд бедалел, дигар талош накунем то онҳоро оштӣ бидиҳем чун дубора ин иттифоқ меафтад.

Иртибот бо волидайни ҳамсар

Дар бархе вақтҳо ва ба вежа дар даъвоҳои шадиди завҷайн, ки пои хонаводаҳо низ ба миён меояд, мумкин аст баъд аз даъво ва қаҳр кардан, дигар волидайн завҷайн, розӣ ба идомаи ин зиндагӣ набошанд. Агар бо муқовимати волидайни ҳамсаратон рӯ ба рӯ шудед, беҳтарин кор ин аст, ки зимни инки оромиши худро ҳифз мекунед, ба онҳо бигӯед қабул доред, ки қисмате аз мушкилоти ба вуҷуд омада бар гардани шумо аст ва ба онҳо ба оромӣ ин нуктаро ёдоварӣ кунед, ки онҳо ҳам қатъан дар даврони ҷавонии худ бо якдигар мушкилотеро доштаанд.

Як фурсати муносибро барои ин кор интихоб кунед. Дар замоне, ки ҳануз волидайни ҳамсаратон бисёр асабонӣ ва хашмгин ҳастанд, фурсати муносибе барои ҳалли мушкил ва оштӣ кардан нест. Баъд аз мавқеиятсанҷӣ, як ҳадия таҳия карда ва ба манзили ҳамсаратон биравед ва саъй кунед бо оромиш сӯҳбат кунед ва агар аз тарафи волидайни ҳамсаратон ҳарфе зада шуд, ки майли шумо набуд, аксуламали номуносиб нишон надиҳед, зеро мумкин аст, ки корро хароб кунад. Дар вақтҳое, ки муқовимати онҳо бисёр зиёд ва шадид аст пешниҳод мешавад, ки ба фарди дигаре мисли мушовири хонавода ва ё равоншинос ба сурати хонаводагӣ муроҷиа кунед то он фард битавонад мушкили шуморо бидуни ҷабҳагирӣ ҳал кунад.

Даъвати волидайнам ба оромиш

Завҷҳо ва хонаводҳҳояшон бояд дар як замони муносиб ва дар як ҷаласаи гуфтугӯи бо оромиш, бо ҳам сӯҳбат кунанд то сӯи тафоҳумҳо ва таорузот бартараф шавад ва ҳар ҷо, ки эҳсос карданд, ки дубора даъво аз сар гирифта мешавад, сукутро интихоб кунанд.

Агар қарор аст, ки бо волидайни худатон барои оштӣ кардан бо ҳамсаратон ва хонаводааш иқдом кунед, ҳатман ибтидо волидайни худатонро ба оромиш даъват кунед. Агар онҳо оромиши лозим ва кофиро надошта бошанд мумкин аст, ки хеле зуд бо шунидани ҳар ҳарфе асабонӣ шаванд ва ин амр авзоъро харобтар мекунад.

Лаҷбозӣ мамнуъ

Барои оштӣ кардан, бояд лаҷбозиро канор гузошт, зеро лаҷбозӣ боис мешавад ихтилофот ҳал нашаванд ва бадтару бадтар шаванд. Ҳаддиақал яке аз тарафайни издивоҷ бояд аз ҳавзаи худ кӯтоҳ биёяд ва лаҷбозиро тарк кунад ҳар чанд, ки калимотеро аз ҷониби ҳамсар ва хонаводааш бишнавад, ки сеҳат надошта бошад. Зеро агар лаҷбозӣ кунад ва аз ҳавзаи худ поин наёяд домани қаҳрро бештар ба оташ мекашд.

Баъд аз оштӣ

Баъд аз инки иртиботи нек дубора барқарор шуд, завҷҳо ва хонаводаҳояшон бояд дар як замони муносиб ва дар як ҷаласаи гуфтугӯи бооромиш, бо ҳам сӯҳбат кунанд то сӯитафоҳумҳо ва носозгориҳо бартараф шавад ва ҳар ҷо, ки эҳсос карданд, ки дубора даъво аз сар гирифта мешавад, сукутро интихоб кунанд ва бақияи масоилро ба уҳда мушовир бигузоранд. Баъд аз сӯҳбат кардани хонавода ва завҷайн бо якдигар, бояд ба ҳам қавл бидиҳанд, ки дар оянда ҳеҷгоҳ нисбат ба иттифоқе, ки афтодааст бо ҳам сӯҳбат накунанд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.