Навҷавон ва дӯстёбӣ

130

Навҷавон ва дӯстёбӣ

Дӯсту рафиқ ёфтан яке аз муҳимтарин масъалаҳои даврони навҷавонӣ аст; дар ин давра ба сабаби сохта шудани шахсияти навҷавон, иртиботи онҳо бо дӯстон ва ҳамсолонашон бештар аст нисбат ба дигарон. Навҷавонҳо дӯст доранд вақти зиёдеро бо дӯстонашон гузаронанд. Навҷавонон барои ба даст овардани истиқлолият дар кору рафтор худро аз хонавода дур мекунанд ва мехоҳанд ҷудо шаванд. Онҳо мехоҳанд маҳоратҳои лозими зиндагиро дар берун аз хонавода худашон ёд бигиранд. Онҳо мехоҳанд зиндагӣ дар ҷомеъа ва кор кардан монанди бузургсолонро ёд бигиранд, аммо хонаводаи онҳо намемонанд. Навҷавон вақте, ки бо дӯстонаш рафту омад мекунад, аз ин кори дӯстонааш дифоъ мекунад, ва нисбати хонавода ба гапи дӯстонаш бештар гӯш мекунад. Барои ҳамин ҳар кореро ки бо дӯстонаш анҷом медиҳад дурусту беайб мебенад. Ба ҳамин сабаб вақте, падар ва модар вақте, ки ин навҷавонро мебенанд, ки бо дӯстонаш зиёд вақт мегузаронад, ба гапи онҳо не намегӯяд ва аз онҳо пайравӣ мекунад, сахт хавотир мешаванд ва зиёд ҳассосс мешаванд.

Кӯдак ва тарс(қисмати дуввум)

Як равоншинос мегӯяд: дӯстёбӣ яке аз маҳорат ва корҳои зарурии зиндагӣ аст. Агар навҷавон ин корро накунад, падар модар нагузоранд ӯ барои худ дӯст интихоб кунад, барои навҷавон ва хонаводааш мушкилот ба вуҷуд меояд. Падар модар фикр мекунанд, ки фақат дӯстони бад дар атрофи фарзандашон аст. Ба ҳамин сабаб талош мекунанд, ки фарзаншон зиёд бо дӯстонаш рафту омад накунад. Барои ин зиёд фарзандашонро насиҳат мекунанд ва зиёд гап мезананд, то фарзандашон аз мушкилот ва бадиҳо дур шавад. Аммо ин кори падар модар сабаб мешавад, ки ин навҷавон аз хонавода кам кам дур мешавад, ихтилоф байни навҷавон ва падар модар пеш меояд ва ин навҷавон бадрафторӣ мекунад.

Инро бояд падар ва модарҳо бидонанд, ки вақте навҷавон бо дӯстонаш зиёд наздик мешавад, ин ҳамеша ба навҷавон зарар надорад. Навҷаон метавонад бо дӯстонаш наҳваи робита барқарор кардан бо одамҳо, ҳамдилӣ ва фаҳмидани дигаронро ёд мегирад. Ҳамчунин онҳо бо рафту омади бо дӯстон маҳоратҳои фаннӣ, илмӣ ва омӯзиширо ёд бигиранд. Лизо падар ва модар аввалан инки коре накунанд, ки навҷавонашон аз хона дур шавад ва аз гапҳои падар ва модар дилзада шавад. Дуввум инки бояд падар ва модар ба навҷавон хубӣ ва бадиро бифаҳмонанд, то навҷавонашон худаш аз бадҳо дур шуда бо хубон дӯстӣ барқарор кунад.

 

Сомонаи интернетии “Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.