Фоидаҳои робитаи ҷинсӣ – қисмати аввал

142

Фоидаҳои робитаи ҷинсӣ – қисмати аввал

Ҳар қадр бештар дар мавриди робитаи ҷинсӣ таҳқиқ мешавад, ин масъала маълум мешавад, ки робитаи ҷинсии солим барои доштани зиндагии солим зарурӣ аст. робитаи ҷинсӣ ҳатто ба шумо кӯмак мекунад умри дарозтаре дошта бошед. Мутобиқи таҳқиқоти анҷомшудаи доктор Ирвин Голдстен ин натиҷа ба даст омадааст, ки робитаи ҷинсӣ барои саломатӣ кӯмак мекунад.

Инак инҷо чандто аз фоидаҳои робитаи ҷинсии солимро баён мекунем:

1) Робитаи ҷинсӣ бо шамолзадагӣ ва онфулонзо мубориза мекунад

Тибқи пажӯҳише, ки дар донишгоҳ Вилкес анҷом шуда, одамҳое, ки дубор дар ҳафта робитаи ҷинсӣ барқарор мекунанд, дар муқоиса бо одамҳое, ки камтар аз якбор дар ҳафта робитаи ҷинсӣ барқарор мекунанд, иммунитети баданашон бақувваттар аст.

2) Робитаи ҷинсӣ калорияҳоро месӯзонад

3)Робитаи ҷинсӣ сабаби бештари гардишу ҳаракати хун шуда ва кори қалбро бештар мекунад. Ба забони содда робитаи ҷинсӣ монанди варизш аст. Бинобар ин калорияи баданро месӯзонад. Тибқи таҳқиқоте, ки дар маҷаллаи духтурии нави Англия анҷом шуда, як марди 30 сола дар як анҷом додани робитаи ҷинсӣ 21 кело калория месӯзонад.

Боварҳои нодуруст дар бораи дӯстиҳои пеш аз издивоҷ

4) Робитаи ҷинсӣ хатари мубтало шудан ба бемориҳои қалбиро камтар мекунад.

Баррасиҳои зиёде нишон медиҳад, ки одамҳое ки аз назари робитаи ҷинсӣ фаъол ҳастанд, умри тӯлонитар доранд. Ин шояд ба ин сабаб бошад, ки робитаи ҷинсӣ бемориҳои қалбиро камтар мекунад.

5) Робитаи ҷинсӣ сабаби мӯътадил шудани гармонҳо аст.

Бо робитаи ҷинсӣ гармонҳо мутаъодил ва муназзам мешаванд. Дар натиҷа аломатҳои бади пирӣ ва ёисагӣ камтар мешавад.

6) Робитаи ҷинсӣ сардард ва дарди ҷисмониро кам мекунад.

Дар ҳақиқат робитаи ҷинсӣ дарди сарро кам мекунад. Дар замони робитаи ҷинсӣ гармони окситосин озод мешавад. Кори ин гармон кам кардани дардҳо аст. Барои ҳамин вақти робитаи ҷинсӣ, дардҳо кам мешавад.

Сомонаи интернетии “Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.