Рози зиндагиҳои муваффақи заношуӣ

74

Ағлаби завҷҳо дар зиндагии муштараки худ дучори мушкил мешаванд, барои доштани як зиндагии муваффақ розҳое вуҷуд дорад, ки дар идома аз онҳо огоҳ хоҳед шуд.

Рози зиндагии заношуии завҷҳои муваффақ чист

Ошиқ шудан кори соддае аст, аммо тадовум бахшидан ба он мушкил аст, аммо агар диққат кунем дар атрофи худ завҷҳоеро мебинем, ки бо гузашти солҳои тӯлонӣ аз зиндагии муштаракшон ҳанӯз зиндагӣ ошиқона худро ҳифз кардаанд. Ағлаби ин завҷҳои муваффақ худро даргири мушкилоти кӯчак намекунанд ва роҳи худашонро идома медиҳанд ва ончи зеҳни ононро даргир мекунад, масоили бузург аст, зеро барои онҳо робитаашон арзише фаротар аз иттифоқот кӯчакро дорад. Ин завҷҳои ошиқ маъмулан рамзу розҳое доранд, ки зану шавҳарҳои ҷавонтар аз онҳо бехабаранд. Дар идомаи ин бахш 20 маврид аз рамзу розҳои завҷҳои муваффақ барои тадовуим зиндагииошиқонаро овардаем бо мо ҳамроҳ бошед.

20 рози завҷҳои муваффақ, ки зиндагии заношуӣ ва муштарак мустаҳкамиа доранд

Аз усули муҳим дар ташкили зиндагии муштарак доштани як зиндагиошиқона аст, ки орзуи бисёре аз завҷҳои ҷавон аст. Шояд гумон кунед эҳсосоти отифӣ зудгузаранд ва ишқ чизе нест, ки битавонад як умр меҳмони хонаводае бошад, аммо воқеият ин аст, ки ин навъ ишқ падидаи шуданӣ ва мумкин аст ва дар таърихи қадим ва ҷадид фаровон иттифоқ афтодааст. Тадовуми изиндаии ошиқонаи завҷайн дар канори якдигар розу рамзҳои дорад, ки шояд барои завҷҳои ҷавоне, ки тоза зиндагии заношуии худро оғоз намудаанд ҷолиб бошад дар идома бархе аз корбурдитарин рамзҳои як зиндагии ошиқонаро бароятон овардаем.

20 рози ошиқона, ки бояд ҳамаи зану шавҳарҳо ба ҳам бигӯед

  1. Калимаи мӯъҷизакунандаи дӯстт дорамро ҳар рӯз ба ҳамсаратон бигӯед ва ба ӯ нишон диҳед ҳамеша бароятон ҷаззоб аст.
  2. Аз зиндагиятон дар ҳол ниҳояти лаззатро бубаред ва ин лаззатро барои оянда талаф накунед зеро умри зиндагӣ кӯтоҳ аст.
  3. Агар мехоҳед ба тафоҳум бирасед ҳамеша эҳсосатонро ба якдигар бигӯед.
  4. Чанд вақт як бор бемуносибат ё бо муносибат барои ҳамсаратон ҳадия ё билети мусофират бигиред ва ӯро ғофилгир кунед.
  5. Ёдатон бошад, ки ҳамсаратон танҳо фарде аст, ки шумо интихобаш кардаед то тамоми умратонро бо ӯ хушбахт шавед.
  6. Бархе аз ихтилофоти байни худ ва ҳамсаратонро таҳаммул кунед зеро вуҷуди ихтилофот байни шумо ва ҳамсаратон ба далели инки дар ду макони мухталиф бо шароити мутафовит бузург шудаед, табиӣ аст.
  7. Барои иттифоқоти хуб дар зиндагиятон ҷашни содда ва бидуни таҷаммулот бигиред.
  8. Бо ҳамсартон созиш кунед ва агар масъалае дар зиндагӣ пеш омад, ки назари ӯ беҳтар аз назари шумо буд онро бипазиред ва нишонаи заъфи худатон надонед.
  9. Ҳангоми рухдоди иттифоқи ногувор сабур бошед ва бидонед, ки ин иттифоқ низ гузаро аст бо гузашти замон фақат хотирае аз он боқӣ хоҳад монд пас барои мудирияти равобитатон талош кунед.
  10. Эҳсосоти худро ба забон биоваред ва ба ҳамсаратон бигӯед чун ӯ аз зеҳни шумо бехабар аст.
  11. Гоҳе ба дӯр аз фарзандон ба ресторон ва ё пиёдаравӣ биравед ва бо якдигар хилват кунед.
  12. Хушҳолӣ ва қадрдонии худро замоне, ки ҳамсаратон барои шумо коре анҷом медиҳад, ба ӯ нишон диҳед зеро ин кор иштиёқи ӯ барои хушҳол кардани шуморо бештар мекунад.
  13. Ба ҳамсаратон физикӣ муҳаббат кунед яъне ҳамсаратонро ба оғӯш бигиред, наздикӣ ва самимияти физикӣ боиси беҳбуди робитаатон мешавад.
  14. Маводи хӯрокии мавриди алоқаи ҳамсаратонро дар яхчол бигузоред.
  15. Барои худ арзиш қоил шавед ва вақт бигузоред зеро агар барои худатон вақт нагузоред, шарики зиндагии хубе нахоҳед буд.
  16. Фаъолиятҳои муштарак ва ҳаяҷонангез монанди ошпазӣ, боғбонӣ ва дигар маворидро дар канори ҳам анҷом диҳед зеро ингуна корҳо пайвандатонро маҳкамтар месозад.
  17. Аз қазовати ҳамсаратон бипарҳезед ва қабл аз қазовати ӯ худатонро ҷояш қарор диҳед ва аз интиқодҳои манфӣ ва беҷо бипарҳезед.
  18. Пул ва вақтатонро боэҳтиёти бештар харҷ кунед.
  19. Ба ҳам эътимод кунед ва ҳам эътимоди ҳамсаратонро ҷалб кунед ва муроқиб бошед коре накунед, ки эътимоди ҳамсаратон салб шавад.
  20. Масоили байни худ ва ҳамсаратонро бо меҳрубонӣ ва ишқ ҳал кунед ва ҳолати таҳоҷумӣ ба худ нагиред зеро ҳамсаратон душмани шумо нест.
You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.