Улгуи хонаводаи намуна дар ривоёт

159

Сабки зиндагии Паёмбари Акрам(с)

Дар ривоёти исломӣ, ба масоили сабки зиндагии солим ва хонаводаи беҳтар, таъкидоти фаровоне шудааст, ки дар идома чанде аз онҳоро барои шумо хонандаи азиз, меоварем.  

“Гиромитарини шумо назди Худованд касест, ки бешар ба ҳамсари худ эҳтиром гузорад”.

“Ҳеч шафоаткунандае барои зан назди Парвардигораш наҷотбахштар аз ризояти шавҳараш нест”.

“Ҳамдигарро ба рафтори нек бо занон супориш кунед”.

“Ҳар зане аз дунё биравад ва шавҳараш аз ӯ розӣ бошад, ба биҳишт меравад”.

“Худованд мӯъмин ва хонаводаву фарзандонашро дӯст медорад. Маҳбубтарин чиз назди Худованд он аст, ки мардро бо зану фарзандонаш бар суфрае бубинад, ки аз он таом мехӯранд. Пас дар он ҳангом, ки бар сари суфра гирд оянд, ба онҳо нигоҳи меҳрубонона мекунад ва онҳоро пеш аз он ки аз ҷои худ пароканда шаванд, меомурзад”.

“Гуфтори нек сарватро зиёд ва рӯзиро фаровон мекунад, маргро ба таъхир меандозад, инсонро дар хонавода маҳбуб мекунад ва ба биҳишт ворид менамояд”.

“Инсоф ихтилофро аз байн мебарад ва боиси улфату ҳамбастагӣ мешавад”.

“Ба падару модари худ некӣ кунед, то фарзандонатон ба шумо некӣ кунанд ва нисбат ба занони мардум покдоман бошед, то занонатон покдоман бошанд”.

Паёмбари Акрам(с) дар ҳадиси зебое фармудаанд: “Ба ҳар кас панҷ чиз дода шуд, баҳонае барои тарки кори охират надорад: зани шоистае, ки ӯро дар умури дунё ва охираташ ёрӣ кунад, фарзандони хуб, имконоте дар шаҳри худ ва ахлоқи хуб, ки бо он бо мардум мудоро кунад, ва дӯстии хонадони ман!”

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.