Ҳуқуқи дутарафаи зану шавҳар дар ривоёти исломӣ

153

Сабки зиндагии исломӣ

Ҳаққи шавҳар бар ҳамсар

Зане ба ҳузури Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) омад ва гуфт:

«Ман зани бешавҳар ҳастам, бигўед, ки шавҳар чӣ ҳаққе бар ҳамсараш дорад, то ман агар худро қодир бар адои он бидонам, издивоҷ кунам вагарна муҷаррад бимонам».

Ҳазрат фармуданд:

«Ҳаққи шавҳар бар ҳамсар он аст, ки агар занро ба сўи худ бихонад зан дар ҳар шароите, ки ҳаст ўро итоат кунад ва худро дур нигаҳ надорад. Ва дигар ин ки зан бе иҷозати шавҳараш рўзаи мустаҳаббӣ нагирад, ки дар он сурат фақат ташнагӣ ва гуруснагиро таҳаммул карда ва савобе набурдааст ва рўзааш қабул намебошад. Севвум он ки бе иҷозати шавҳараш аз хона берун наравад, ки агар чунон кунад мавриди лаънати малоикаи осмон ва малоикаи раҳмат ва малоикаи азоб қарор мегирад, то он замоне, ки ба хона баргардад».

Ҳамчунин фармуданд:

«Агар марде ҳамсарашро барои рафъи ҳоҷаташ бихонад, вале зан (бидуни узре) напазирад ва шабро дар ҳоле, ки аз дасти ў хашмгин аст ба субҳ оварад, малоика он занро то субҳ лаънат мекунанд».

Ва низ фармуданд:

«Ба Худо савганд, ҳар зане, ки даъвати шавҳарашро барои ҳамхобагӣ напазирад, ҳамаи аҳли осмон бар ў ғазаб мекунанд, то он замоне, ки шавҳар аз ў розӣ шавад».

Он ҳазрат фармуданд:

«Бар зан ҷоиз нест, ки бе иҷозати шавҳараш рўзаи мустаҳаббӣ бигирад ва низ бар ў ҷоиз нест, ки касеро бе изни ў ба хона роҳ диҳад».

Ва низ фармуданд:

«Агар зане рўзаи мустаҳаббӣ бигирад ва шавҳараш аз ў тақозое намояд ва ў худдорӣ кунад, Худованд се гуноҳи бузург бар ў сабт мекунад».

***

Ҳаққи зан бар шавҳар

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фармуданд:

«Ҳаққи зан бар шавҳар он аст, ки ўро таом диҳад ва либос пўшонад, ўро назанад, ўро сарзаниш нанамояд ва аз ў дурӣ накунад».

***

Хуруҷи беиҷозат аз манзил

Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фармуданд:

«Зане, ки бе иҷозати шавҳараш аз хона берун равад, тамоми малоикаи осмон ва ҳар чизе, ки зан аз канори он мегузарад, ўро лаънат мекунанд».

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.