Сарфаҷӯӣ дар махориҷи хонавода

98

Оё ислом дар мавриди иқтисоди хонавода низ барномае дорад?

Чӣ тазаккуроте дар мавриди сарфаҷӯӣ ва барои пешгирӣ аз хароҷоти беҳуда дар маорифи исломӣ омадааст?

Ислом тавсия мекунад, мардон зимни он ки барои осоиш ва маоши хонавода талош мекунанд ва онро вусъат мебахшанд, ҳамеша ба маслиҳати хонавода низ таваҷҷӯҳ дошта бошанд, барои мисол, дар қадим ва шояд ҳам дар рӯзҳои мо, сармои зимистон ҷиддӣ буда ва бо имконоти он замон, гарм нигаҳ доштани хона ва ба саломат сипарӣ кардани зимистони сард, масъалаи муҳимме будааст. Аз ин рӯ, дар ривоёти исломӣ, ба нақл аз Имом Ризо(а) омадааст: “Сазовор аст, ки мӯъмин дар зимистон аз хӯроки худ бикоҳад ва ҳезуми бештаре омода кунад”.

Албатта ин гуна ривоёт мунҳасир ба ин мавзӯъ нестанд, балки бояд аз ин ривоёт дарс гирифт ва дар мавориди дигар низ ба он амал намуд ва бар асоси талаботи замону макон ва шароити  зиндагӣ, авлавиятшиносӣ кард ва иқдоми лозимро дар замони муносиби худаш анҷом дод, вагарна бо мушкилоти ҷиддӣ рӯбарӯ мешавем. Бояд битавонем дар шароити гуногун, масъалаи муҳимтарро бишносем ва анҷоми он масъаларо дар марҳалаи аввал бигузорем ва масъалаҳои ғайримуҳимро дар марҳалаҳои баъдӣ қарор диҳем ва дар харҷу махориҷи зиндагӣ низ ҳамин қонунро  муроот кунем.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.