Садоқату ростгӯӣ даре аз дарҳои биҳишт аст

198

1 – Паёмбари Худо ҳазрати Муҳаммад(с) фармуданд: Ба дунболи ростӣ бошед, агарчи гумон мекунед, ки дар он нобудӣ вуҷуд дорад, зеро ростӣ дар ниҳоят боиси наҷоти инсон мешавад ва аз дурӯғ дурӣ кунед, агарчи гумон мекунед, ки дар он наҷот вуҷуд дорад, зеро дурӯғ дар ниҳоят боиси нобудӣ аст.

2 – Ҳазрати Муҳаммад(с) фармуданд: Бар шумо лозим аст, ки рост бигӯед, зеро ростӣ, даре аз дарҳои биҳишт аст ва аз дурӯғ дурӣ кунед

зеро дурӯғ даре аз дарҳои ҷаҳаннам аст.

3 – Ҳазрати Муҳамад(с): Ростгӯӣ боиси оромиш ва дурӯғ боиси изтироб аст.

4 – Ҳазрати Муҳаммад(с): Ҳамоно мардуме, ки дар сухан гуфтан ростгӯ бошанд, суханони мардумро бовар карда ва рост мепиндоранд ва мардуме, ки дар сухан гуфтан дарӯғгӯ ҳастанд, сухани дигаронро низ дурӯғ ба ҳисоб меоваранд.

5 – Ҳазрати Муҳаммад(с): Ҳамоно ростӣ инсонро ба сӯи хубӣ ва некӣ ҳидоят мекунад ва некӣ инсонро ба сӯи биҳишт ҳидоят мекунад ва ҳамоно мард рост рост мегӯяд, то назди Худованд ба унвони як инсони ростгӯ шинохта шавад ва ҳамоно дурӯғ инсонро ба сӯи кори бад ва кори бад инсонро ба тарафи оташ роҳнамоӣ мекунад ва ҳамоно мард ончунон дурӯғ мегӯяд то назди Худованд ба унвони инсони дурӯғгӯ шинохта мешавад.

6 – Ҳазрати Муҳаммад(с): Шуморо аз қасами дурӯғ хӯрдан наҳй мекунам!

7 – Ҳазрати Муҳаммад(с): Мунофиқ се нишона дорад: замоне ки сухан мегӯяд, дурӯғ мегӯяд ва замоне ки ваъда медиҳад, тахаллуф мекунад ва замоне ки мавриди эътимод қарор мегирад, хиёнат мекунад.

8 – Ҳазрати Муҳаммад(с): Сартосари дурӯғ гуноҳ аст, магар он дурӯғе, ки ба нафъи мусалмон бошад; (дар аҳодис ба ин маъно ишора шудааст, ки боиси наҷот ё сулҳи байни ду мусалмонон бошад: мефармоянд: “Касе, ки байни ду нафар сухане гӯяд, ки сулҳу оштӣ барқарор кунад, дурӯғгӯ нест”, – агарчи дурӯғ гуфта бошад).

9 – Ҳазрати Муҳаммад(с): Чизеро, ки туро ба шак меандозад раҳо кун ва ончизеро, ки туро ба шак намеандозад, бигир, зеро ростӣ боиси наҷот аст.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.