Ғаризаи ҷинсӣ

204

Ғаризаи ҷинсӣ

Яке аз ғаризаҳое ки Худованди ҳаким дар ниҳоди одамӣ ниҳода аст ғаризаи ҷинсӣ аст, ки аз қавитарин ҷозиба ва ғариза дар ниҳоди одамӣ аст ва ин барои бақои насли одамӣ аз заруритарин чиз будааст ки Худованд ба инсоният ҳадя кардааст.

Мардҳо бо ҳама қудраташон дар ин замина нисбат ба занҳо заъифанд. Баъзе аз соҳибназарон бар ин ақида ҳастанд ки “мардҳо асири шаҳватанд ва занҳо асири муҳаббат”. Ин ба ин маъно ҳаст ки мардҳо ба шаҳват бештар аҳамият медиҳанд ва барои занҳо муҳаббат муҳимтар аст.  Қудрати зан дар ҷазбкунанда буданаш аст ва мард ҷазбшаванда аст. Гул бо ин ки барои борвар шудан ниёз ба занбури асал дорад аммо ҳаргиз ба дунболи занбури асал намеравад балки бо хушрӯӣ ва хушбӯӣ ӯро ба самти худ ҷазб мекунад то ҳам ниёзи худаш бартараф шавад ва ҳам занбур ба мақсадаш расад.

Вазоифи шавҳар нисбат ба зан

Вазифаи зан ҷилвагарӣ ва ноз аст, хушрӯ будан ва хушхӯ будан ва ҷозиба аст, “лайлӣ” шудан аст, то марде бо ин ҳама қудрат роми ин зан шавад ва “маҷнуни” ӯ шавад ва дар таъмини ниёзҳои ӯ аз таҳти дил заҳмат кашад.

Аз инҷо маълум мешавад ки чаро Ислом аз назари ҳуқуқи ҳаргиз ба зан ин иҷозаро надодааст ба шавҳар “на” гуяд ва гунаҳкор ҳисобида мешавад ки агар монеъе мисли “одати моҳона” ё беморӣ ва ғайра набошаду хостаи мардро дар ин замина рад кунад, зеро ин муҳимтарин силоҳи зан аст барои инки мардро дар муҳити хона нигаҳ дорад. Агар зан дар ин замина кутоҳӣ кунад мумкин аст мард ба ҷойҳои дигар кашида шавад, ки зарараш ба худи зан ҳам мерасад. Мудирият дар ин замина бо зан аст. Дар ҳадисҳо дар ин замина омадааст

قال النبي صلى الله عليه واله و سلم : (إذا دعا الرجلُ امرأتَه إلى فراشِهِ فأبتْ فَبَاتَ غَضْبَانَ عليها لعنتها الملائكةُ حتى تُصْبِحَ (أحمد ، والبخارى ، ومسلم ، وأبو داود عن أبى هريرة)

“Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳӣ): ҳар вақт марде ҳамсарашро ба ҷойи хоб даъват кунад ва ӯ саркашӣ кунад ва шавҳар бо ғазаб бар зан бихобад, фариштагон то субҳ он занро лаънат мекунанд”

Рози зиндагиҳои муваффақи заношуӣ

“Лаънат” яъне ин ки инсон аз раҳмати Худованд дур монад. Зан ки дар ин замина бемайлӣ нишон медиҳад ва ба худ расидагӣ намекунад, дар дарозмаддат ё кутоҳмуддат аз гармии муҳити хона ки раҳмате аз раҳматҳои Худованд аст ҳатто дар ин дунё ба дур мемонад. Маваддат ва раҳмате ки худованд дар дили шавҳар нисбат ба зан қарор дода кам кам ба сарди мегарояд ва лаззат ва шодобиро аз зиндагӣ мегирад. Ин ҳамун дур будан аз раҳмати Парвардгор аст ки зан бо кутоҳӣ кардан ба вазифааш гирифтори он мешавад.

Пас бар занҳо аст ки ин вазифаи воҷиби Илоҳиро ба хуби анҷом диҳанд то назди парвардигор гунаҳкор нашаванд ва ба хуби аз ин қудрати муҳимме ки Худованд барои онҳо арзонӣ доштааст истифода кунанд, ба зоҳирашон аҳамият диҳанд, ҳамеша тоза ва дилкаш ва  зебо бошанд ва агар маризӣ ё одати моҳона надоранд, ҳамеша хостаи шавҳарро бароварда кунанд.

Сомонаи интернетии “Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.