Кори ман, тафреҳи ман аст (бахши аввал)

195

Чӣ гуна аз шуғл ва коре, ки дорем, лаззат барем?

Шуғл ва кор бисёр арзишманду гаронқадр аст. Агар инсонҳо кор ва шуғли худро танҳо воситаи андӯхтани моддиёт бинанд, ин шуғлу кор барояшон хастакунанда, хоҳад буд.

Ву Чунг Ким бунёнгузори ширкати Деву (Daewoo) дар китобаш “Сангфарши хиёбонҳо аз тиллост” дар мавриди кор ва тафреҳу саргармии худ матолиберо оварда мегӯяд, саргармию истироҳати ман кори ман аст: “Шояд бархе тасаввур кунанд, ки чун шахси пурмашғалае ҳастам, эҳтимолан аз тафреҳоти хоссе лаззат мебарам. Шояд теъдоди зиёде натавонанд дарк кунанд, ки чун ман корро бо тафреҳ меомезам, то ин ҳад, шайдову ошиқи кор ҳастам. Аз назари ман ин тафаккурот ва идеҳо марбут ба онҳоест, ки ҳеч гоҳ лаззати ҳақиқии корро начашида ва ба маҳосини он пай набурдаанд ва дар ниҳоят ба шодию лаззате, ки аз муваффақияту кормронӣ ба фард бахшида мешавад, даст наёфтаанд”.

Нигоҳамон ба корамон ва ба шуғламон фақат ба унвони манбаи даромад набошад, балки корамонро дӯст дошта бошем. Ву Чунг Ким дар ин маврид мегӯяд: “Шояд барои бархе аз афрод, кору фаъолият касилкунанда ва хастагиовар аст. Чӣ қадар нороҳаткунанда аст, ки инсонҳо кор ва пешаи худро фақат василае барои анбоштани шиками худ бидонанд ва маъюскунандатар вазъияти афродест, ки дар оғози ҷавонӣ ба ҷои ин ки лабрез аз умед, шодӣ, руҳия ва ҳадаф бошанд, нисбат ба кору фаъолияташон эҳсоси андӯҳу нороҳатӣ мекунанд”.

Вай мегӯяд, нигоҳамон ба кор ва фаъолиятҳои меҳнатиамон тавре бошад, ки онро василаи беҳрӯзию комронии худ бидонем: “Агар инсонҳо кору шуғли худро ба ҷои ин ки иллати беҳрӯзӣ, комронӣ, боландагии шахсият ва рафоҳи худ бидонанд, танҳо дастовезе барои андӯхтани моддиёт бинанд, дар воқеъ нисбати кор ва пеша тавҳини зиёде кардаанд. Шуғл ва пеша бисёр арзишманду гаронқадр аст ва наметавон онро фақат аз зовияи молӣ мавриди баррасӣ қарор дод. Агар ба шуғли худ ифтихор кунед ва аз анҷоми он розӣ бошед, дар ин сурат, шуғли шумо маншаи лаззату хушии беинтиҳо хоҳад буд ва ин лаззат дар ҷои худ хушҳолию сарбаландии шуморо афзун мекунад”.

Идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like
1 Comment
  1. karbar4 says

    Салом. Емайл иштибоҳ аст, лутфан ислоҳ кунед Эмайл навишта шавад. Дар гӯшаи рости сафҳаатон Емайл навишта шудааст…

Leave A Reply

Your email address will not be published.