Оё таъмини нафақаи оила савоб дорад?

62

Саволе пеш омадааст, ки оё таъмини нафақаи зану фарзандон, ки вазифаи мард аст, савобе ҳам дорад, ё на?

Ҳамчунон ки вазифаи ҳар мардест, ки аз назари иқтисодӣ, аҳли хонаводаашро таъмин намояд, инчунин ин кор боиси савобҳои фаровоне мешавад. Дар ривоёт аз он ба унвони садақа ёд шуда ва савобу подошҳои бисёре барои таъмини афақаи аҳлу аёл зикр шудааст.

Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фармуданд:

«Он чӣ аз таом, ки худ мехӯрӣ садақа аст ва ҳар чӣ ба ҳамсару фарзандон ва хидматгору шогирдонат мехӯронӣ, низ бароят садақа ҳисоб мешавад».

Инчунин дар ҳадиси дигаре омадааст:

«Ҳар чӣ шахсе бар ҳамсару фарзанд ва аҳли байташ инфоқ кунад садақа ба ҳисоб меояд».

Рӯзе Паёмбар ба асҳоби худ фармуд: «Садақа диҳед!»

Шахсе бархост ва арз кард, ки ман диноре пул дорам.

Фармуданд: Онро барои худат харҷ кун.

Гуфт: Динори дигаре ҳам дорам.

Фармуданд: Барои фарзандонат харҷ кун.

Гуфт: Динори дигаре низ дорам.

Фармуданд: Барои хидматгорат харҷ кун.

Гуфт: Динори дигаре ҳам дорам.

Фармуданд: Дар мавриди масрафи он худат тасмим бигир.

Ва низ фармуданд: Марде, ки ҳамсарашро ҷуръае об диҳад, аҷру савоб мебарад!

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.