Мудирияти хонавода

84

Бахши аввал

Яке аз муҳимтарин мавзӯоти марбут ба хонавода, мудирияти он аст, ки дар ҷаҳони муосир, бештар дар бораи он баҳс шудааст. Сомонаи “Хонаводаи намуна” қасд дорад, дар чанд мабҳас ин мавзӯъро баррасӣ намуда ва пешкаши Шумо ҳамроҳони гиромии сомона гардонад.

Тавре ки гуфтем, мавзӯи мудирияти хонавода аз муҳимтарин мавзӯоти мабоҳиси хонавода аст. Дар Ислом низ ба ин масъала таваҷҷӯҳи фаровоне шудааст.

Дар омӯзаҳои исломӣ, бар хилофи тафаккури фиминизм, мудирияти хонавода бар ӯҳдаи мард аст, зеро Худованд, ки ба хайру салоҳи инсон беш аз худи ӯ огоҳ аст, мардро сарпарасти хонавода муаррифӣ кардааст:

الرِّجَالُ قَوَّامُونَ عَلَى النِّسَاءِ بِمَا فَضَّلَ اللَّـهُ بَعْضَهُمْ عَلَىٰ بَعْضٍ وَبِمَا أَنفَقُوا مِنْ أَمْوَالِهِمْ

“Мардон сарпараст ва нигаҳбони занон ҳастанд; ба сабаби бартариҳое, ки Худованд (аз назари низоми иҷтимоӣ) барои баъзе, нисбати баъзеи дигар қарор додааст ва ба ҷиҳати инфоқҳое, ки аз амволашон (дар мавриди занон) мекунанд”. (Сураи муборакаи Нисо, ояти 34).

Агар ба тафсири ояти мазкур нигоҳ кунем, вожаи “қаввом”, аз назари луғавӣ, ба маънои “истодан” ва дар бораи афрод, ба маънои тадаббур, сарпарастӣ ва муҳофизат ба кор меравад. Банобар ин, маънои қаввом будани мардон, ин аст, ки мардон бояд умури иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавии хонаводаро мудирият кунанд; зеро хонавода як воҳиди кучаки иҷтимоист ва монанди ҳар иҷтимои бузурге, бояд як раҳбар ва сарпараст дошта бошад. Раҳбарӣ ва сарпарастии дастаҷамъӣ, ки зану мард муштаракан онро бар ӯҳда бигиранд, мафҳуме надорад, дар натиҷа, мард ё зан бояд яке раиси хонавода ва дигарӣ муовин ва таҳти назари ӯ бошад. Қуръони Карим дар ин ҷо тасреҳ мекунад, ки мақоми сарпарастӣ ба мард дода шавад. Бояд диққат дошт, ки манзур аз ин таъбир, истибдод ва аз байн бурдани ҳаққи зан ва тааддӣ нест, балки мурод раҳбарии воҳид ва муназзам бо таваҷҷӯҳ ба масъулиятҳо ва машваратҳои лозим аст.

Ин мавқеият, ба далели вуҷуди хусусиёте дар мард аст, монанди тарҷеҳи қудрати тафаккури ӯ бар нируи отифа ва эҳсосот, баръакси зан, ки аз авотиф ва эҳсосоти бештаре баҳраманд аст ва низ, доштани буния ва нируи ҷисмии бештар аст. Рӯшан аст, ки мард, ба василаи нируи тафаккур, метавонад беҳтар биандешад ва нақша тарроҳӣ кунад ва ба кӯмаки тавони ҷисмонии хеш, метавонад аз ҳарими хонаводаи худ дифоъ кунад.

Супурдани ин вазифа ба мардон, на далели боло будани шахсияти инсонии онҳост ва на сабаби имтиёзи онон дар ҷаҳони дигар, зеро он сирфан бастагӣ ба тақво ва парҳезгорӣ дорад, ҳамон тавре ки шахсияти инсонии як муовин, мумкин аст, аз як раис дар ҷанбаҳои мухталифе бартар бошад, аммо раис барои сарпарастии коре, ки ба ӯ вогузор шуда, аз муовини худ дар ҷиҳоте шоистатар аст.

Идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.