Саховатмандӣ – шарифтарин ахлоқиёт

128

Саховат – яъне бахшиши мол, пеш аз суоли соил.

Саховат – яъне бахшиш ба миқдори эҳтиёҷ ба ниёзманд.

Саховат – фоида расондан ба дигарӣ, бидуни ҳеҷ гуна чашмдоште.

Саховат – яъне касрати бахшиш, бидуни суоли ниёзманд.

Саховатмандӣ аз сифоти писандидаи инсонист, ки оини муқаддаси ислом бар он таъкиди фаровон дорад.

Саховатмандӣ дар ислом аз шарифтарини ахлоқиёт аст.

Саховатпешагӣ наҷотбахши инсон дар дунёву охират аст ва аз машҳуртарин сифоти анбиё ва авлиёи Худованд аст.

Саховатмандӣ барои инсон маҳбубият, нишоти дил, муфид гардидан барои мардум, зиёд шудани дӯстон ва некномиро дар дунё ба армуғон меоварад ва дар охират низ саодати ҷовидон, вуруд ба биҳишт ва мағфирати илоҳиро насиби инсон мегардонад.

Уламои ахлоқи исломӣ роҳҳоеро барои касби ин сифати баргузида баршумурдаанд, ки ба чанде аз он роҳҳо ишора менамоем; аз ҷумлаи роҳҳои таҳсили саховатмандӣ: тааммул бар осори пурбаракати саховат; шинохти ҳуқуқи воҷиб ва адои он; Худовандро молики ҳақиқии ҳама чиз донистан; ширкат дар умури оммулманфиа ва касби фазоили зуҳд мебошад.

Дар мавриди осор ва баракоти дунявию ухравии саховатмандӣ ва тарғиби мӯъминин дар ин роҳ, аҳодиси фаровоне аз забони мубораки Расули Акрам (с) нақл шудааст, ки дар поён ба ҷиҳати табаррук ва таъйиди суханони боло, чанде аз ривоётро нақл хоҳем кард.

Расули Акрам (с) фармудаанд: Саховат аз имон аст ва имон дар биҳишт аст.

Ҳамчунин фармуданд: Саховатманд дар дунё сутуда ва дар охират саодатманд аст.

Бар асоси фармоишоти Расули Худо (с), “биҳишт хонаи саховатмандон аст” ва дар ҳадисе мефармоянд: Дар биҳишт хонае вуҷуд дорад, ки ба он хонаи саховатмандон гуфта мешавад.

Дар мавриди арзиши саховатмандӣ ва саховатпешагӣ дар назди Худованд, мефармоянд: Саховатманди нодон дар назди Худованд аз олими бахил маҳбубтар аст.

Ва низ мефармоянд: Аз лағзиши инсони саховаманд бигзаред, зеро ҳар вақт саховатманде билағзад, Худованд дасти ӯро мегирад.

Саховатманд медонад, ки агар ба ниёзмандон кӯмак кунад, дар иваз, Худованд ба ӯ бештар дода ва аз гуноҳонаш мегузарад, дар ҳадиси муборак омадааст: Саховатманд ба хотири хушгумонӣ ба Худованд, бахшиш мекунад ва бахил ба хотири бадгумонӣ ба Худованд, бухл меварзад; (бахил гумон мекунад, бо бахшидан ва инфоқ кардан, сарваташ кам мешавад).

Саховатмандон дар сафаҳоти торих ҳамеша ба некномӣ ёд шудаанд, ки аз ҷумлаи онҳо Ҳотами Той аст. Дар ҳикояте омадааст, ки аз Ҳотами Той суол карданд, ки аз худ каримтар дидаӣ?

Гуфт: Оре.

Гуфтанд: Куҷо?

Гуфт: Дар биёбон мерафтам, ба хаймае расидам. Пиразане дар он буд ва бузғолае дошт. Пиразан назди ман омад ва маро хидмат кард ва  афсори аспамро гирифт то фуруд омадам. Чун писараш омад, бо хушҳолии тамом аз аҳволи ман пурсон шуд.

Пиразан писарашро гуфт: Бархез ва барои меҳмон васоили пазироӣ омода кун, он бузғоларо зебҳ кун ва таоме дуруст намо.

Писараш гуфт: Аввал биравам ҳезум биёварам – модараш гуфт: То ҳезум биёварӣ дер мешавад ва меҳмон гурусна мемонад ва ин аз мурувват нест! Пас ду найза дошт, ондуро шикаст ва он бузғоларо зебҳ кард ва таоме ҳозир намуд ва наздам овард. Чун нек назар кардам, дидам, ҷуз бузғола чизе надоштанд. Пиразанро гуфтам: Маро мешиносӣ?

Гуфт: На.

Гуфтам: Ман Ҳотами Той ҳастам. Бояд ба қабилаи мо биёӣ то заҳмати шуморо ҷуброн кунам.

Пиразан гуфт: Мо аз меҳмон подош нагирем.

Аз ин саховати беназир донистам, ки эшон аз ман каримтаранд.

(Акрамхони Зиёдулло)

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.