Нуктаҳои муҳим дар рафтори мард бо ҳамсараш

161

 Барои бархурдорӣ аз зиндагии хуб ва меҳрубонӣ бо ҳамсар, ба нуктаҳои зер таъкид мешавад:

  1. Мард бояд муҳаббат ба занро изҳор кунад, ки изҳори муҳаббат зиндагиро аз сардӣ мерҳонад. Дар ҳадис омадааст, ки агар мард ба ҳамсари худ бигӯяд дӯстат дорам, ҳаргиз аз дили ӯ берун намеравад. Ба фарзандон низ бояд муҳаббат кард ва онҳоро бӯсид, ки хушҳолии онҳо, хушҳолии инсон дар рӯзи қиёмат аст.
  2. Ба шахсияти зан эҳтиром гузошта ва ӯро шарики зиндагӣ ва мураббии фарзандони худ бидонад.
  3. Тундхуӣ бо фарзандон, осори баде аз ҷумла тарбияти номатлуби иҷтимоӣ дорад.
  4. Эҳтиром ба ҳамсар бояд ҳамроҳ бо риояти ҳуқуқи зан бошад ва таваҷҷуҳ ба ин нукта лозим аст, ки вазоифе ҳамчун ғизо пухтан ва либос шустан ва назофат и хона, ки дар урф аст, аз вазоифи ахлоқии занон аст на ҳуқуқии мардон.
  5. Норасоӣ ва айбҳое, ки гоҳе дар корҳо ба вуҷуд меояд, ба рухи ҳамсар кашида нашавад ва ҳаттоидар баробари бадохлоқии зан бояд сабур буд. Дар замоне, ки зан дар хона хастааст, мард бояд бо ӯ мудоро кунад ва ахлоқ ва рафтори мутаносиб бо ниёзи рӯҳии вай анҷом диҳад ва бо латофат дар зиндагӣ рафтор кунад.

Нуктаҳои зикршуда моро мутаваҷҷеҳи осори ахлоқи нек ва меҳрубонӣ бо хонавода мекунад ва инки то чӣ андозае ин осор метавонад дар касби имон муассир бошад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.