Панде аз Саъдии бузургвор

63

Ду нафаре, ки арзишашон бештар аст

Бӯстони Саъдӣ

Гуфтор андар дилдории ҳунармандон

Ду тан парвар, эй шоҳи кишваркушой

Яке аҳли разму дигар, аҳли рой

Зи номоварон гӯи давлат баранд

Ки донову шамшерзан парваранд

Ҳар он к-ӯ қаламро наварзиду теғ

Бар ӯ, гар бимирад, магӯ, эй дареғ

Қаламзан накӯ дору шамшерзан

На мутриб, ки мардӣ наёяд зи зан

На мардест душман дар асбоби ҷанг

Ту мадҳуши соқию овози чанг

Басо аҳли давлат ба бозӣ нишаст

Ки давлат бирафташ ба бозӣ зи даст.

Эй шоҳи кишваркушо! Ду нафарро тарбият кун ва аз ҳоли онҳо бохабар бош: яке аҳли разм ва ҷанговари хуб, дигаре донишманд ва мутафаккир ва аҳли фикру тадбир.

Дар давлатдорӣ онҳое пешқадам ҳастанд, ки ба инсонҳои доно ва мардони шамшерзан имкониятҳои хуб медиҳанд ва онҳоро парвариш мекунанд. Аммо касе, ки дар илму дониш талош нанамуд ва ё дар арсаи ҳарб ба шамшерзанӣ тамрин накард, на дар илм саъй кард ва на дар ҳарб, агар ин инсон бимирад афсўс махўру дареғ магўй.

Ашхоси олим ва аҳли қалам ва ашхоси шамшерзану аҳли размро бо худат нигаҳ дор, вале хонанда ва аҳли мусиқа ва бозиро аз худат дур кун, ки аз зан мардӣ намебарояд. Мардӣ ин нест, ки душман дар ҳоли омода кадани асбоби ҷанг бошад, вале ту бо соқӣ ва овози чангу най масту мадҳуши шароб бошӣ. Хеле аз подшоҳони давлатдор машғули айшу ишрату бозӣ шуданд ва бо бозӣ давлатро аз даст доданд.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.