Талоқи отифӣ, кӯдакон нахустани қурбонии ҷанги сарди волидайн

137

Инсонҳо ба таомул ниёз доранд ва асосан инсон мавҷуди таомулӣ офарида шудааст ва вақте ба марҳилае аз зиндагӣ мерасад ниёз ба шарики зиндагӣ дорад, ки ин ниёз ҷуз бо издивоҷ кардан ҳосил нахоҳад шуд.

Издивоҷ амре аст, ки дар ҳамаи адёни илоҳӣ супориш шуда ва тамоми паёмбарон инсонҳоро ба он ташвеқ кардаанд. Аммо гоҳе интихобҳои нодуруст дар издивоҷ боиси гирифтани тасмими ғалат мешавад, ки паёмадҳои ҷуброннопазире барои тамоми аъзои хонавода аз ҷумла завҷайн ва фарзандон ва ҳатто бастагони дур ва наздики онҳо дорад.

Талоқи отифӣ, поёни як зиндагии ошиқона

Талоқи отифӣ ба маънои он аст, ки завҷайн рӯзона пас аз даҳ соат дурӣ аз якдигар ҳангоме, ки дар поёни рӯз якдигарро мебинанд, ҳарфе барои гуфтан надоранд ва дар воқеъ бо якдигар ғариба ҳастанд.

Талоқи отифӣ ба сардии робита миёни зану шавҳар гуфта мешавад, дар воқеъ дар ин робита заъфи иртиботи отифии зану шавҳар сабаби сардии тамомии равобити завҷайн мешавад.

Вуҷуди ин мушкил дар як робита боиси бемеҳрӣ ва кам шудани энержии мусбат дар хонавода мешавад, завҷҳо дар бегонагии дунёи якдигар гум шудаанд ва фақат дар як хона бо ҳам зиндагӣ мекунанд ин афрод бо фосилае, ки аз ҷиҳати рӯҳӣ ва ҷисмӣ бо якдигар доранд, хатти қирмизҳоеро барои ҳам мушаххас мекунанд ва ҳар як дар хилвати худ дигареро муттаҳам мекунад.

Дарк накардани саҳеҳ аз рафтор ва гуфтори якдигар, надоштани шинохти кофӣ аз рӯҳиёти тарафи муқобил ва оқибати беалоқагӣ ва сардӣ нисбат ба шарики зиндагӣ, даст ба даст ҳам медиҳад то як талоқи отифиро дар зиндагии завҷҳо рақам бизанад.

Мутаассифона ҳеҷ омори дақиқе аз мизони талоқи отифӣ дар даст нест, вале метавон ба ҷуръат гуфт, ки омори талоқи отифӣ дар аз талоқи қонунӣ бештар аст дар ин матлаб шуморо бо сабабҳои ва авомили талоқи отифӣ, нишонаҳои он ва роҳкорҳое барои раҳоӣ аз он ошно мекунем.

Дар хонаводҳое, ки дучори талоқи отифӣ шудааст афрод нисбат ба хонаи худ ҳиссеро, ки бояд дошта бошанд, надоранд. Ҳамаи афроди хонавода ба ҳар наҳве мехоҳанд замони камтареро дар хона сипарӣ кунанд, нишоту шодобӣ дар хона ҳоким нест, ки ин ҷу ҳамаро фирорӣ медиҳад. Бачаҳо дар ин хона ҳеҷ ҳисси амният ва оромише надоранд ва бештар тамоюл доранд вақти худро берун аз хона ва бо дӯстони худ сипарӣ кунанд, ва мутаассифона ин бачаҳо тамоюл ба истифода аз маводи мухаддир, иртиботҳои носолим ва номашрӯъ ва анҷоми корҳои хилоф ва ғайриурф нишон медиҳанд ва ҳам ба худ ва ҳам ба ҷомеа осеб ворид мекунанд ва бархе низ дучори афсурдагӣ мешаванд ва асосан чунин бачаҳое барои ояндаи худ ва ташкили як зиндагии ҷадид ҳеҷ улгуи муносибе надоранд ва шояд онҳо низ дар оянда дучори мушкили падару модарҳои худ бишаванд.

Талоқи отифӣ маъмулан аз шикоят ва гилагузории завҷҳо нисбат ба ҳам шурӯъ мешавад, ба ниёзҳо ва хостаҳои якдигар аҳамият намедиҳанд, ки ин марҳила оғозе барои талоқи отифӣ аст. Дар марҳилаи баъд низои заношуӣ рух медиҳад, интизороте, ки қаблан ба оромӣ матраҳ мешуд ҳоло бо садои баланд ва доду фарёдҳо баён мешавад ва оромиши нисбӣ ҷои худро ба хашм медиҳад, хашме, ки худро ба шаклҳои гуногун нишон медиҳад.

Нишонаҳои талоқи отифӣ чист?

  1. 1. Коҳиши чашмгири вақт гузоштан барои якдигар
  2. Коҳиши вобастагӣ ба якдигар
  3. Афзоиши саргармиҳои буруни заношуӣ ва тамаркуз бар масоили берун аз хонавода
  4. Фош шудани розҳо ва иштибоҳоти ҳамсарон дар берун аз хонавода
  5. Адами истифода аз роҳбурдҳои ҳалли масъала
  6. Коҳиши мизони иртиботи каломӣ, ки сабаби аз даст додани равобити отифӣ ва вафодорӣ ва заминасози равобити фарозаношуӣ хоҳад шуд
  7. Адами эътимоди ҳамсарон ба якдигар дар ҳалли мушкилот ва яъсу ноумедӣ дар ҳалли масоил, ки сабаби идомаи мушоҷира дар хонавода мешавад
  8. Вақт гузоштани беш аз андоза барои фарзандон ва ғофил шудан аз равобити беҳинаи заношуӣ
  9. Ба рух кашидани иштибоҳот, масоили кӯчак ва сарзаниш кардани якдигар
  10. Пардохтан ба масоили гузашта ба ҷои андешидан ба масоили пеши рӯ
  11. Коҳиши ҳаяҷон дар зиндагӣ
  12. Пардохтан ба шабакаҳои иҷтимоӣ, интернит, сериялҳо ва барномаҳои телевизион ба ҷои сарфи вақт барои якдигар
  13. Адами пазириши мушкил ё мондан дар вазъияти сукут, ки сабаби ташкили иътилофе алайҳи ҳамсар мешавад.

Дар ин шароит беҳтар аст, ки завҷайн ҳар мавзӯи кӯчакеро баҳонае барои сӯҳбат бо якдигар қарор бидиҳанд то аз тариқи гуфтугӯ ва табодули назар вақти бештареро бо якдигар бигузаронанд. Тавсия мешавад, ки завҷайн барои пешгирӣ аз талоқи отифӣ дар бораи ниёзҳо ва интизороти худ бо якдигар сӯҳбат кунанд, чароки ошноӣ бо ниёзи ҳамсар ва бароварда кардани он таъсири зиёде дар коҳиши мушкилот ва афзоиши оромиш дар зиндагии онҳо дорад.

Талоқи отифӣ осори мухаррибе бар фарзандон дорад, ба тавре, ки бархе аз онҳо рафторҳои ҳаяҷонӣ аз худ нишон медиҳанд. Сардии равобити волидайн ва ҳузури беасар дар канори якдигар бар вежагиҳое чун изтироб, гӯшанишинӣ, пархошгарӣ, баҳонаҷӯӣ, интиқомҷӯӣ, бераҳмӣ, ғамгин будан, зудранҷӣ, низоъ ва даргирӣ, бадхобӣ, беиштиҳоӣ, безорӣ аз зиндагӣ, шак ва дудилӣ ва эҳсоси беморӣ дар кӯдакон асари физояндае дорад.

Зан ва марде, ки дучори талоқи отифӣ мешаванд, осебҳои зиёде мебинанд. Дар ҳоле, ки агар ҷудоии онҳо расмӣ буд, ин имкон вуҷуд дошт ҳар кадом бо фарди дигаре шурӯъи дубора ва мантиқӣ дошта бошанд.

Онҳо ба​ хотири манъи шаръӣ ва қонунӣ ва иҷтимоӣ мумкин аст, ки хато накунанд, аммо дунёи пур аз танҳоӣ, набуд як ҳамдам, дӯст надоштан ва дӯст дошта нашудан, ҳар ​акдом метавонад аз назари рӯҳӣ барои онҳо бисёр тахрибкунанда бошад.

Мутаассифона бархе завҷайн пас аз талоқи отифӣ ба самти равобити хориҷ аз хона рӯй меоваранд, ки ин равобит метавонад аз ҷатҳо то иртибот бо ҳамкоронро шомил шавад, ҷомеае, ки дар он занон ва мардон ниёзҳояшонро ин гуна бартараф кунанд, саршор аз беэътимодӣ, беморӣ, фасод ва ноамнӣ хоҳад буд. Талоқи отифӣ занги хатаре аст, ки ҳама бояд онро ҷиддӣ бигиранд.

Шоҳкалиди ҷилавгирӣ аз талоқи отифӣ чист?

Завҷҳо бояд даст аз талош барои тағйир додани якдигар бардоранд, инсонҳоро намешавад тағйир дод, балки бояд авлавиятҳои худамонро тағйир диҳем. Завҷҳо дар мушоҷира набояд думболи муқасир ва айбдор бигарданд, инҷо на касе қозӣ аст на вакил, балки бояд ба думболи он бошанд, ки ҳаркасе чиқадар дар ҳалли масъала саҳм дорад. Инъитофпазир ва воқеъгаро бошанд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.