Умед – ҳадяи илоҳист

110

Умед чист?

Умедворӣ дар зиндагӣ ба чӣ маъност?

Чӣ гуна бар ноумедиҳо пирӯз шавем?

Мо инсонҳо барои расидан ба хостаҳоямон табиатан аҷулу шитобанда ҳастем ва мехоҳем роҳи садсоларо якшаба тай кунем. Аммо ин шитобандагӣ, на танҳо роҳро ҳамвор намекунад, балки дар сурати нарасидан ва ё дер расидани хостаҳо, ноумедиро дар пай дорад. Дар ҳоле, ки танҳо бо кору талош бояд ба хостаҳо расид ва шитоб карданро фаромӯш кард.

Умед ҳадяи илоҳӣ ба инсон аст, ки ба василаи он чархаи зиндагӣ ба гардиш дармеояд ва талошу ангезаи афродро дар зиндагӣ пуршитоб мекунад. Ҳосили ноумедӣ беҳолӣ аст, дар ҳоле ки умед пӯёӣ ва ҳаракатро ба зиндагии инсон ба армуғон меоварад.

Дар ин дунёи пурҳаёҳу ва бо вуҷуди мушкилоти пай дар пай, агар умед набошад, инсон саргардон мешавад. Агар умед набошад, пучӣ гиребони инсонро мегирад. Паёмбари Акрам (с) мефармоянд:

“Умеду орзу барои уммати ман раҳмат аст; ва агар умеду орзу набуд, ҳеч модаре фарзандашро шир намедод ва ҳеч боғбоне ниҳоле намекошт.” (Ҷомеул-аҳодис, ҳадиси шумораи 6352)

Роҳҳои ғалаба бар ноумедӣ

Дар ислом, умеду орзу ҷойгоҳи баланде дорад. Баъзеҳо хеле зуд аз раҳмати Худо ноумед шуда ва даст аз талош бармедоранд. Ҳаргиз аз талош барои расидан ба аҳдофамон маъюсу ноумед нашавем; чун касе, ки ба Худо ва раҳматаш эътиқод дошта бошад, ноумед намешавад:

“Аз раҳмати Худо ноумед мабошед, зеро ҷуз гурӯҳи кофирон касе аз раҳмати Худо ноумед намешавад.” (Сураи Юсуф, ояти 87)

Худованд барои ғалаба бар ноумедӣ роҳҳое пешниҳод додааст:

Сабру истиқомат:

“Эй касоне, ки имон овардаед! Аз сабр ва намоз ёрӣ биҷӯед, зеро Худо бо собирон аст.” (Сураи Бақара, ояти 153)

Такя ба Худо:

“Ҳар кас ба Худо такя ва эътимод кунад, вай бас аст!..” (Сураи Талоқ, ояти 3)

Ёдоварии неъмат‏ҳо:

“Эй мардум! Неъмати Худоро бар худ ёд кунед! Оё ғайр аз Худо офаридгорест, ки шуморо аз осмону замин рӯзӣ диҳад?! Худое ҷуз ӯ нест. Пас, чӣ гуна (аз вай) инҳироф меёбед?!” (Сураи Фотир, ояти 3)

* * *

Инсон барои расидан ба хостаҳояш табиатан аҷулу шитобанда аст ва мехоҳад роҳи садсоларо якшаба тай кунад:

“Инсон аз шитоб офарида шудааст…” (Сураи Анбиё, ояти 37)

Ин шитобандагӣ на танҳо роҳро ҳамвор намекунад, балки дар сурати нарасидан ва ё дер расидани хостаҳо, ноумедиро дар пай дорад. Дар ҳоле, ки танҳо бо кору талош бояд ба хостаҳо расид ва шитоб карданро фаромӯш кард:

“Барои инсон ҷуз ҳосили талоши ӯ нест.” (Сураи наҷм, ояти 39)

Пас бо сабру саъю талош мунтазири расидан ба натиҷа бошем. Имом Алӣ (а) мефармояд:

“Аз касоне мабош, ки бидуни амал ба охират умедвор аст…”

Агар инсон ба чизе умед дорад, бояд худро барои расидан ба он омода кунад. Касе, ки иддао мекунад интизории чизеро мекашад, вале асаре дар амали ӯ намоён нест, дар воқеъ иддаои дурӯғе кардааст.

Борҳо шунидаем, ки “дар ноумедӣ, басе умед аст”, вале набояд бо ин баҳона даст аз кору талош кашид. Меваи ширину гуворои дарахти умед он гоҳ ба бор менишинад, ки бо талошу фаъолият обёрӣ шуда бошад.

Рӯзе ҳазрати Исо (а) пирамардеро дид, ки заминеро шахм мезанад. Ҳазрати Исо (а) даст ба дуо баланд кард ва гуфт: Худоё! Умеду орзуро аз ӯ бигир. Ногаҳон пирамард даст аз кор кашид ва хобид. Каме баъд, ҳазрати Масеҳ (а) гуфт: Бор Илоҳо! Умедро ба ӯ баргардон! Исо (а) дид, ки пирамард дубора машғули кор шуд.

Ҳазрати Исо (а) аз ӯ иллати ин корашро пурсид. Пирамард гуфт:

— Бори аввал, фикр кардам, ки пиру нотавон шудаам; чаро ин ҳама ба худ заҳмат диҳам ва талош кунам? Белро канор гузоштам ва хобидам, вале чизе нагузашт, ки ин фикр ба зеҳнам омад, ки аз куҷо маълум солҳои зиёде зинда намонам? Инсон то зинда аст, бояд барои худ ва хонаводааш талош кунад, аз ин рӯ, бархостам ва машғули кор шудам. (Достони паёмбарон, Акбарӣ, с.245)

Ва ҳамеша бояд дуо кунем ва холисона аз Худо кӯмак бихоҳем, ки ӯ худ ваъда дода, ки дуоямонро агар холисона бошад иҷобат намояд:

“Ва ҳар гоҳ бандагони ман аз ту (эй Муҳаммад!) дар бораи ман бипурсанд, (бигӯ:) ман наздикам ва дуои дуокунандаро ба ҳангоме ки маро бихонад иҷобат мекунам, пас (онон) бояд фармони маро гардан ниҳанд ва ба ман имон оваранд; бошад ки роҳ ёбанд!” (Сураи Бақара, ояти 186).

(Сайидюнуси Истаравшанӣ)

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.