Худоро чӣ гуна бишносем?

70

Маърифати Худо аз чӣ роҳе ба даст меояд?

Роҳҳои худошиносӣ чист?

Осори худошиносӣ дар зиндагии мо чист?

Чӣ фарқе байни Худое, ки мо дар зеҳн дорем ва Худои воқеӣ вуҷуд дорад?

Равоншиносон ва файласуфон мегӯянд, ки шарти лозим барои шинохти ашё, табақабандии онҳост. Табақабандии ашё, ба маънои таъйини ҳадду марз байни онҳост. Агар ин гуна бошад, зеҳни инсон қодир ба шинохти Худованд нахоҳад буд; чаро ки Худованд ҳадду марзе надорад, пас наметавонад дар табақабандиҳои зеҳн бигунҷад. Ин нукта, дар омӯзаҳои динӣ ҳам ба туруқи гуногун баён шудааст.

Ҳатто дақиқтарин тавсифҳои андешаи башар аз Худованд, сохта ва махлуқи зеҳни худи башар аст; пас наметавонад ҳикоятгари холиқ бошад.”[1]

Тафаккур дар бораи чигунагии Худо ҷуз ҳайронӣ ҳосиле нахоҳад дошт.”[2]

Худованд чигунагӣ надорад то битавон дар бораи чигунагии ӯ сухан гуфт.”[3]

На танҳо тафаккур дар бораи зоти Худо дар ҳадди тавони зеҳни башар нест, балки зеҳни башар аз дарки сифоти зоти Худованд ҳамчун илму ҳаёт нотавон аст; чаро ки сифоти Парвардигор низ ҳамчун зоти ӯ номаҳдуданд. Истидлол бар адами тавоноии зеҳн барои дарки Худованд ва сифоти зоти ӯ, як истидлоли ақлӣ аст, ва истидлолҳои ақлӣ, ҳамагонӣ ва бидуни истисно ҳастанд. Бинобар ин, ҳатто паёмбарон ҳам аз идроки зоти Ҳақ нотавонанд. Ҳамин аст, ки Расули Худо (с) ҳамнаво бо дигар бандагон, рӯ ба Худо мекунад ва мегӯяд: “Мо арафнока ҳаққа маърифатик” (Мо бандагонро ёрои шинохти зоти ту нест).[4]

***   ***   ***

Чӣ гуна бояд Худоро шинохт?

Ҳол ки сухан аз чистӣ ва чигунагиии Худо мамнуъ аст, суол ин аст, ки чӣ гуна бояд Худоро шинохт? Дар мабоҳиси фалсафаи зеҳн ва ҳамчунин баъзе ривоёт, посухҳое барои ин пурсиш мавҷуд аст.

Дар ирфони назарӣ ҳам, талош шудааст, ки навъе худошиносии ирфонӣ ироа шавад. Ҳадафи ман аз ин навиштор, тарҳ ва баҳси ин ду равиш нест; зеро умуми мардумон на файласуфанд ва на ориф, вале онон ҳам дар ҷустуҷӯи Худоянд.

Роҳи дигаре ҳаст, ки авом низ аз он баҳра мебаранд, ҳарчанд авомона нест; роҳе, ки Худоро ҳамин наздикиҳо, дар ҳамин хона ва мадраса ва донишгоҳ ва кӯчаву бозор ба мо нишон медиҳад; раҳёфте ба маърифати Худо, ки ҳамагонӣ аст, вале масун аз авҳоми зеҳн аст.

***   ***   ***

Ҷустуҷӯи Худо

Роҳи севвум, ёфтани Худо аз тариқи “изтирор” аст. Дар ин роҳ, инсон бар асоси тавоноиҳои зеҳни худ, пай ба вуҷуди зот ва сифоти Парвардигор намебарад, балки баръакс ин “нотавониҳо”-и ӯст, ки ӯро ба Худованд раҳнамун мешавад. Ин роҳ, ҳамон роҳест, ки Имом Содиқ (р) ба он кас ки дар ҷустуҷӯи Худо буд ва ҳайрон ба сӯи он Имом омада буд, пешниҳод кард.

Имом Содиқ (р) ба ӯ, лаҳазоте аз изтирорашро ёдовар шуд, ки бепаноҳ дар ҳоли ғарқ шудан дар миёнаи дарёст. Ба ӯ гуфт, ки дар он лаҳза, ки ҳеч умеде ба тавонмандиҳои худат надоштӣ ва низ умедат аз ҳар имкони кӯмаки берунӣ бурида шуда буд, оё ба сӯи мавҷуде мутаолӣ ҷалб нашудӣ? Посухи он шахс мусбат буд. Имом (р) гуфт: “Он ҳамон Худои туст.”[5]

***   ***   ***

Ночорӣ ва гирифторӣ

“Изтирор” яъне инсон на умеде ба худ дорад ва на умеде ба асбоб ва васоили берунӣ барояш боқӣ мондааст. “Изтирор” яъне фурӯ рехтани такягоҳҳои даруну берун. Ҳангоме ки ин ду такягоҳ фурӯ рехт, асмои илоҳӣ барои инсон ҷилвагар мешавад. Изтирор, ночорӣ ва гирифторӣ барои ҳамагон пеш меояд. Барои яке фақр ва тангдастӣ аст, дигарӣ бемору дармонда аст, севвумӣ обрӯяш ҳароҷ мешавад, чаҳорумӣ гирифтори мушкили хонаводагӣ аст ва панҷумӣ дар як ҳодиса ҳосили ҳамаи умри худро аз дастрафта мебинад. Инсон дар ин гирифториҳо ва вомондагиҳост, ки Худоро мешиносад ва даст ба домани ӯ мезанад.

Худошиносӣ аз тариқи изтирор, дар ҳақиқат “Худоёбӣ” аст. Худованд худ ба ин равиш дар Қуръони Карим ишора мекунад ва ӯ аз мо мепурсад, ки “Он кист, ки дармондаро – чун Худоро бихонад – посух диҳад ва газанду осебро аз ӯ бардорад..?”[6]

Расули Худо (с) низ ҳамин изтирорҳо ва вомондагиҳоро нишонаи вуҷуди Худо медонад. Ӯ аз нотавониҳои худ шарманда нест, балки онро неъмате аз сӯи Худо барои худ медонад, то аз он фурсате барои Худобоварӣ бисозад. Бар ҳамин асос аст, ки Раслуи Худо (с) бо садои баланд мегӯяд, ки: “Алфақру фахрӣ”[7] ифтихор мекунам, ки нотавонам, ки ҳамин нотавониҳоям маро ба сӯи Худоям раҳнамун аст, ки агар нотавон набудам, туғён мекардам: “Оре, ҳар оина одамӣ саркашӣ мекунад ва аз ҳад мегузарад.”[8]

Албатта сирфи дармондагӣ ва изтирор инсонро ба вуҷуди Парвардигор ва сифоти камолаш раҳнамун намешавад; зеро бисёре будаанд, ки фақр ва бечорагии изтирору изтироб кашидаанд ва дар охир, на танҳо пой дар роҳи бандагӣ наниҳоданд, балки куфрони неъмат ҳам кардаанд.

Далелаш он аст, ки дар сахтиҳо ва дармондагиҳо ба решаҳо таваҷҷӯҳ накардаанд ва ҳатто дар он лаҳза, ки такягоҳ фурӯ рехтаанд, боз ҳам нигоҳашон ба поин будааст ва саре боло накардаанд, то Худоро биёбанд.

Ба ҳамин далел аст, ки Имом Ҳусайн (р) дар дуои Арафа, аз Худои худ мехоҳад, ки ӯро мусаллат бар изтирорҳо ва изтиробҳояш қарор диҳад: “Илоҳӣ авқифни ало марокизи изтирорӣ”.[9]

Бисёранд касоне ки парешониҳо ва изтиробҳо ва балоҳо, замингирашон мекунад ва ба дару деворашон мезанад ва дар ниҳояд ҳосиле ҷуз афсурдагӣ надоранд. Ба замину замон носазо мегӯянд ва бар ошуфтагиҳояшон меафзоянд.

Дар муқобил, инсони огоҳ ва ҳушманд дар ҳамон сахтиҳо ва гирифториҳо, саре боло мекунад ва дасти меҳрубони Худоро мебинад, ки ба истиқболи ӯ омадааст.

Инсони музтар, на танҳо асли вуҷуди Худоро меёбад, балки баста ба ин ки эҳтиёҷаш чист ва куҷо дармонда шуда, асмо ва сифоти илоҳӣ бар ӯ таҷаллӣ мекунад. Он кас ки ҳаёт ва зиндагиаш ба хатар уфтодааст, меёбад, ки Парваридгори ӯ “Ҳай” (зинда) аст ва навои “Ё Ҳай!” сар медиҳад. Гуруснагон Худояшонро “Раззоқ” (рӯзидиҳанда) меёбанд. Оҷизон мутавассил ба исми “Ё Сабур!” мешаванд ва беморон “Ё Шофӣ!” мегӯянд. Онон ки дар хатари расвоиянд, забони ҳолашон “Ё Саттор!” аст ва…

***   ***   ***

Имом Алӣ (к) ва Худоёбӣ

Алӣ (к) дар муноҷоти худ, ки мардумон онро ба “Муноҷоти Алӣ (к)” мешиносанд, изтирорҳо ва дармондагиҳояшро мурур мекунад ва ҳар яке аз онҳоро далеле бар сифате аз сифоти камоли Парвардигораш меёбад. Алӣ (р), дар ин муноҷот, Худоро роҳаттар аз ҳамеша ба мо мешиносонад. Муноҷоти Алӣ (к) дарси Худошиносӣ, ё беҳтар бигӯем, дарси “Худоёбӣ” аст. Алӣ дар ин муноҷот ба мо меомӯзад, ки лозим нест ҳаким ва файласуф бошӣ то Худоро биёбӣ.

Ҳатто лозим нест, кору зинлагиатро раҳо кунӣ ва ба дунболи Худо бигардӣ. Иттифоқан бояд дар васати майдони зиндагӣ бошӣ, то ба нуқта заъфҳоят пай бибарӣ ва ҳамин дармондагиҳоят далели вуҷуди зот ва асмои илоҳӣ шавад. Вагарна он ки гӯшае нишаста ва боре аз зиндагӣ ба дӯш нагирифтааст, ки мутаваҷҷеҳи изтирорҳои худ намешавад. Ин шахс Худошиносиаш ҳам ҷуз ёфтаҳои зеҳни ӯ нест. Худои Алӣ, худои кӯчаву бозор аст, вале кӯча ва бозорӣ нест. Алӣ дар ин муноҷот мегӯяд:

مولاي مولاي، انت القوي وانا الضعيف وهل يرحم الضعيف الا القوي؟

مولاي مولاي، انت الباقي و انا الفاني و هل يرحم الفاني الا الباقي؟

مولاي مولاي، انت الرزاق و انا المرزوق وهل يرحم المرزوق الاالرزاق؟

مولاي مولاي،……

Маҳдии Нассоҷӣ, файласуф

***   ***   ***

Пайнавиштҳо:

1-Аланвор, ҷ 69, с 239, ҳ 23.

2-Усул, китоби тавҳид, бахши манъи сухан аз чистии Худо.

3-Усул, китоби тавҳид, бахши куллиёт.

4-Миръотул уқул, ҷ 8, с 149.

5-Тавҳиди Садуқ.

6-Сураи Намл, ояти 62.

7-Мустадракул васоил, ҷ 11, с 173, боби 4.

8-Сураи Алақ, ояти 6.

9-Дуои Арафаи Имом Ҳусайн (р).

***   ***   ***

Пойгоҳи интернетии Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.