Кӯдак ва якравӣ (қисмати сеюм)

103

Чӣ бояд кард?

Беш аз ҳар чиз падару модари сабуру шикебо бошед ва аз талоши худ ноумед нашавед.

Ташвиқи кӯдакатонро ҷиддӣ бигиред.

Қавонинро возеҳ ва дар ҳадди фаҳми ӯ баён кунед то комилан бифаҳмад чигуна бояд рафтор кунад.

Ба ҷои он ки бигӯед: “Ту бояд баъд аз хӯрок дандонҳоятро бишӯӣ.”

Метавонед бигӯед: “Дӯст дорӣ ёд бигирӣ, ки ману падарат чигуна дандонҳоямонро мешӯем, ки ҳамеша дандонҳоямон тамиз аст?” ва баъд шеваи дурусти дандон шустанро ба ӯ биёмӯзед.

Ба ӯ фурсат диҳед то бо шумо ҳамкорӣ кунад.

Ба ҷои он ки бигӯед: “Бирав канор, зери дасту пои ман набош.”

Бигӯед: “Метавонӣ ба ман кӯмак кунӣ? Ман хеле хушҳол мешавам, ки барои пазироӣ аз меҳмонҳо зарфҳоро рӯи миз бичинӣ”

Вақте кори хубе анҷом медиҳад аз ӯ ташаккур кунед. Бигӯед: “Фикр намекардам ин қадар хуб хонаро тамиз кунӣ, мамнунам ки кори манро осон кардӣ”.

Диққат кунед, ки ташвиқи шумо аз рафторҳои хуби ӯ бошад на аз шахсияти ӯ. Дар ғайри ин сурат боиси тасбити рафторҳои манфии ӯ мешавед.

Барои коре, ки мехоҳед анҷом диҳед далели мантиқӣ биёваред.

Агар баъд аз ду ё се бор тазаккуратон боз ҳам пофишорӣ кард, бо зикри далел аз танбеҳ истифода кунед ва масалан фаъолияти ӯро манъ кунед. Агар дар ҳоли тамошои телевизион аст онро хомӯш кунед ва ба ӯ бигӯед чун кореро, ки гуфтам анҷом надодӣ телевизион то даҳ дақиқа хомӯш аст. Дигар аз ӯ шикоят накунед ва ба баҳсу ҷадал напардозед. Пас аз даҳ дақиқа телевизионро ҳатман равшан кунед.

Ӯ мехоҳад истиқлоли хуро ба даст оварад. Саъй кунед, ки ин ниёзи ӯро таъмин кунед. Масалан ба ӯ иҷозаи интихоб бидиҳед: “Дӯст дорӣ бо кадом пойафзолат ба мактаб биравӣ?” “Ба назари ту таътилоти охири ҳафта ба боғи фароғатӣ биравем ё ба дидори аммаат ё ба ҷои дигар?” “Дӯст дорӣ барои меҳмонӣ либоси кабудатро бипушӣ ё сафедатро?”

Ба дастуроте, ки ба ӯ медиҳед ва наҳваи баёнатон бештар диққат кунед.

Ба ҷои он ки бигӯед: “Ин қадар хоҳари майдаатро азият накун! Наздикаш наё! Бирав он тараф!”

Метавонед бигӯед: “Медонам, ки хеле дӯсташ дорӣ. Вале ӯ хеле майда аст ва намефаҳмад, ки ту ӯро мебусӣ ва навозиш мекунӣ. Вақте дастатро рӯи сураташ мегузорӣ эҳсоси хафагӣ мекунад”

Дар ин ҳин бо гузоштани дасти худ рӯи сураташ ин таҷрибаи нохушояндро барояш ба вуҷуд оваред ва бигӯед: “Ба хотири ҳамин гиря мекунад, метавонӣ ин тавр навозиш кунӣ…” ва баъд роҳи дурустро ба ӯ биёмӯзед.

Бо оромишу ҳавсала далелҳои коратонро бигӯед.

Ба ҷои он ки бигӯед: “Сад бор ба ту гуфтам ба лавозими падарат даст назан.”

Бигӯед: “Духтарам агар ман бе ин ки ба ту бигӯям, арусакатро барорам ва ҷои дигаре бигузорам ту нороҳт намешавӣ? Ҳеҷ кас дуст надорад касе бе иҷоза ба лавозимаш даст бизанед…”

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.