Кӯдак ва Қуръон(қисмати чаҳорум)

92

Фарзандатонро бо матни асли Қуръон ошно созед.
Барои ин кор роҳҳои мухталифе вуҷуд дорад:
• • Аз китобҳои таҳияшуда барои Кӯдакон истифода кунед, монанди маҷмуае, ки дар муассисаҳои Қуръонии муътабар ҳамонанд ҷомиатул Қуръон таҳия мешавад.
• • Оёти Қуръонро ба забони қобили фаҳм барои фарзандатон бигуед. Дар баёни оёти Қуръон ба ниёзи Кӯдак ва хазонаи луғотии ӯ ва мизони дарки вай таваҷҷӯҳ дошта бошед. Содатарин равиш ва тарҷумаро бо халоқияти худ биёмезед ва мафҳумро ба шиваи қобили фаҳм ба Кӯдак мунтақил кунед.
• • Аз васоили кумакомузишӣ истифода кунед монанди филми тиловатҳои Қуръонӣ ба вижа тиловати қориёни Кӯдак ва навниҳол, нақошиҳои Қуръонӣ, ки дар намоишгоҳои Қуръонӣ дар маърази дид гузошта мешаванд ё дар маҷалоти Қуръонии вижаи Кӯдакон ироа мегарданд, китобҳое, ки дар онҳо достонҳои Қуръонӣ ё паёмҳои содаи Қуръонӣ матраҳ шудаанд, гуруҳҳои ҷамъхонии Қуръон ва сурудҳои Қуръонӣ ва… .
• • Ба фарзандатон кумак кунед то оёти корбурдӣ дар ҳар сининеро ҳифз кунад.
Кӯдакони се то даҳ сола, қудрати ҳофизаи бештаре доранд ва беш аз онки бифаҳманд ҳифз мекунанд. Ҳифзи ин оёт ба сурати ганҷинае дар онҳо захира мешавад ва ҳангоме, ки қодир ба дарк ва фаҳми матолиб бошанд кумаки муъассире ба онҳо хоҳад намуд. Дар ҳифзи оёт, мизони алоқамандӣ ва тавоноии Кӯдакатонро дар назар бигиред ва аз таҳмил ва иҷбор бипарҳезед.

 

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.