Роҳнамоиҳои модарона

135

Модар касест, ки бо насиҳатҳо ва раҳнамоиҳояш, саодати фарзандони худро мехоҳад. Ончӣ дар зер меояд насиҳат ва супориши як зан ба зани дигар аст, ў пояҳои асосии зиндагии муштараки зану шавҳариро ба духтараш меомўзад.

Умми Аёс зане буд, ки ба равиши саҳеҳ зиндагӣ кард ва таҷрибаҳои саҳеҳ ва дурусти зиндагии муваффақи худро ба духтараш нақл намуд, то ў ҳам зиндагии саҳеҳ ва муваффақе дошта бошад ва дар ҳақиқат мехост ўро барои зиндагии ояндааш омода намояд.

Духтари ин зан бисёр зебо буд, Ҳорис ибни Амр, ки раиси қабилаи Кинда буд, ҷамоли ўро дид ва ошиқу шефтааш шуд ва тасмим гирифт бо ў издивоҷ кунад; шахсеро ба хостгорӣ фиристод ва ў мадҳу таърифи бисёр аз духтар намуд.

…Ақди издивоҷ ҷорӣ шуд ва вақти бурдани духтар ба хонаи шавҳар фаро расид. Дар ин ҳангом модар ба духтараш гуфт:

«Азизам ту духтари баодоб ва тарбиятшудае ҳастӣ ва ниёзе ба насиҳат надорӣ, вале бидон, ки агар зане ба ҷиҳати сарвати хонаводагиаш аз шавҳар кардан бениёз буд, ба дурустӣ, ки ман бениёзтарини онҳо будам, аммо бидон, ки занон барои мардон офарида шудаанд, ҳамон тавре ки мардон низ барои занон офарида шудаанд.

Духтари азизам даҳ матлабро ба ту гўшзад мекунам, то ёдгоре аз ман барои ту бошад ва захирае барои зиндагии хуби ояндаат ба ҳисоб ояд.

Аввал ва дуввум: Бо шавҳарат ба таври хуб зиндагӣ кун, яъне аз ў розӣ бош, қаноатро пешаи худ соз, ҳарфашро бишнав ва фармонашро итоат кун.

Севвум ва чаҳорум: Дар назди ў худро ороста кун ва мабодо, ки ў лаҳзае сару сурат ва вазъи туро зишту нораво бинад ва ҷуз бўи хубу муаттар аз ту ба машомаш нарасад.

Панҷўм ва шашум: Дар вақти хоб ва хўроки ў таъхир наандоз, хўрокро ба мавқеъ омода соз ва басоти хоби ўро дар вақти муайян фароҳам овар, зеро гуруснагӣ инсонро нороҳат мекунад ва нахобидан боиси хашму ғазаби ў мешавад.

Ҳафтум ва ҳаштум: Моли ўро ҳифз кун ва риояти ҳоли наздикон, хонавода ва атрофиёнашро бинамо.

Нўҳум ва даҳӯм: Дар ҳеҷ чиз ўро нофармонӣ макун ва ҳаргиз асрори ўро фош нанамо, ки агар фармонашро итоат накунӣ синаашро ба танг овардаӣ ва хашми ўро бар худ харидаӣ ва агар рози ўро фош кунӣ аз макри ў дар амон нахоҳӣ буд.

Ва дар охир, дар мавқеи шодии ў ҳаргиз ғамгин набош ва дар ғаму ғуссааш ҳаргиз изҳори шодӣ макун».

(Бахше аз китоби “Супоришоти Паёмбар(с) ба занон ва духтарон”)

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.