Кӯдак ва Қуръон(қисмати севвум)

171

Роҳкорҳои иртибот додани фарзандон бо Қуръон
Дар масири парвариши динӣ ва маънавии Кӯдакон ва ошно сохтани онон бо дастуроти илоҳӣ лозимаст ба тадриҷ ва мутаносиб бо синни мухотабони худ Қуръонро ба онҳо муаррифӣ кунед. Барои ин кор лозимаст нахуст Қуръонро вориди зиндагии худ намоед. Ин қонуни аслии эҷоди иртиботи фарзандон ва китоби осбонист.
Роҳбурдҳои зер ба шумо кумак хоҳанд кард то ганҷинаҳои мавриди баҳсро дар ихтиёри фарзандатон қарор диҳед:
1. Танавуи мавзуоти китоби осмониро мадди назар қарор диҳед.
Қуръон ҳови мавзуоти мутааддид монанди достон, назария, усули ахлоқи, усули эътиқодӣ, ибодоти фардӣ ва монанди инҳост. Агарчи Кӯдакони шумо саранҷом бо ин танавуи мавзуот ошно хоҳанд шуд вале дар ҳар синне бояд мавзуоти вижае мавриди таваҷҷӯҳ қарор бигиранд.
Барои Кӯдакони чаҳор ё панҷ сола, достонҳои содда ва сареҳ, ба вижа мавориде, ки дорои шахсиятҳои ҳайвонот ва Кӯдакон бошад, монанди достони ҳудҳуд ё мурча дар сураи намл, ҷазобаст. Ҳамчунин дар ин син, тавзеҳи соддаи ҳақу ботил ва дурустиву нодурустӣ, метавонӣ бо таваҷҷӯҳ ба саргузаштҳои Қуръонӣ муфид бошад. Дар канори афзоиши шинохт, хондани ояҳо бо садои дилнишин, фазои дустдоштанӣ барои Кӯдакон рақам мезанад.
Барои Кӯдакони шаш то ҳаштсола достонҳои муҳайиҷи Қуръон метавонанд ҷалби таваҷҷӯҳ кунанд. Баёни достонҳои руёрӯии мустақим бо Худованд (мусбат ва манфӣ) монанди тақозои мулоқоти ҳазрати Мусо(а) баёни усули ахлоқи мутаносиб бо ин син, монанди иҳтиром ба падару модар ва низ хондани ояҳо бо қироат, дар ду ҷанбаи шинохтӣ ва рафтории Кӯдак таъсиргузораст.
Барои Кӯдакони 9 то 12 сола, бозгӯии достонҳо ва улгуҳои шахсиятӣ монанди бурдбори ҳазрати Иброҳим(а) ва талоши Паёмбари Акрам(с) дар кумак ба инсонҳо муфид мебошад.
Ҳамчунин омузиши оёте, ки боварҳои калидиро матраҳ карда ва ба ягонагии Худованд, ирсоли паёмбарон ва дигар боварҳои аслӣ пардохтаанд, метавон судман бошад. Дар ин син ихтисоси авқоте барои анҷоми таколифи мазҳабӣ ва вазоифи ахлоқӣ ва ҳифзи оёт, метавон дар эҷоди унси Кӯдакон ва Қуръон нақши муассире дошта бошад.
2. Қуръонро ба гунаи ҷаззоб ба фарзандатон муаррифӣ кунед.
Барои ин кор метавонед дар шароити муносиб монанди ҳангоми хоб, аз достонҳои Қуръонӣ, ки мояи оромиши зеҳни Кӯдакон мешавад баҳра бигиред.
Ҳамчунин метавонед Кӯдаконро ташвиқ кунед то бо амал кардан ба дастурҳои содаи Қуръонӣ маҷмуае аз рафторҳои хубро дар худ эҷод кунанд, монанди тамрини салом гуфтан, эҳтиром ба бузургтарҳо, назофт ва дигар дастуроти ахлоқӣ. Лозимаст волидай тағйироти рафтори фарзандонро мавриди таваҷҷӯҳ қарор диҳанд ва гоҳе бо хариди ҳадия аз пешрафти ӯ тамҷид ба амал оваранд. Ҳузури муназзам ё пароканда дар ҷаласоти Қуръонӣ ба ҳамроҳи хотироти хубе, ки қабл ва пас аз ҷаласот эҷод мекунед метавонад хушоянди ин иртиботро дучандон кунад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.