Сабр

116

Сабр яке аз фазоили ахлоқист, ки бидуни он давоми зиндагӣ ва муваффақият мумкин нест. Ин сифати ахлоқӣ ба умури динӣ ихтисос надорад ва ҳар инсоне барои ҳар иқдоме ва ҳар ҳадафи хурду бузурге, ки дар рӯзҳо, ҳафтаҳо ва моҳҳову солҳои зиндагии худ дунбол мекунад, бояд ба сабр, ки лозимаи дастёбӣ ба он ҳадафҳост, пойбанд бошад.

Албатта ба ҳар мизон, ки ҳадаф бузургтару дастёбӣ ба он душвортар ва замонбартар бошад, ба ҳамон мизон сабри бештаре ниёз дорад. Шояд ба далели аҳамияти ҳаёти ухравӣ ва тӯлонӣ будани замони расидан ба он аз нигоҳи башари моддӣ, тавсия ба сабр дар Қуръони Карим зиёд такрор шудааст.

Мақсуди ин навиштор, мутлақи сабр нест, балки сабр аз манзари Қуръони Карим ва мутуни ривоӣ баррасӣ мешавад.

Қуръони Карим мефармояд: “”Эй аҳли имон, дар корҳо шикебо бошед ва якдигарро ба сабру муқовимат супориш кунед ва муҳайё ва муроқиби кори душман буда ва худотарс бошед, бошад, ки пирӯзу растгор гардед”. (Сураи Оли Имрон, ояти 200).

***   ***   ***

Аҳамияти сабр

Дар Қуръони Карим беш аз сад мартаба мавзӯи сабр баён шудааст ва ба он тавсия ва таъкид шудааст. Зиёд будани таъкид ба сабр дар ин китоби раҳнамо, баёнгари он аст, ки сабр аз фазоили ахлоқии муҳим аст ва низ баёнгари аҳмияти сабр ва лузуми он барои инсон, дар умури моддӣ ва дунявию ухравӣ аст ва бешак бидуни такя ба сабр, дар ҳеч амре тавфиқе ҳосил намешавад. Аз ин рӯ Худованд сабрро яке аз муҳимтарин умури зиндагӣ дониста ва фармудааст: “”Ва ҳар кӣ шикебоӣ варзад ва даргузарад, ҳар оина он аз муҳимтарин корҳост”. (Сураи Шӯро, ояти 43).

Яке аз зеботарин ҷумалоте, ки бо вуҷуди кӯтоҳии иборат, аҳмият ва коркарди сабрро баён мекунад, ҳадиси шарифест, ки аз Амиралмӯъминин Алӣ(р) нақл шудааст: “Сабр калиди кушоиш аст”. (Туҳафул-уқул саҳ.207). Бегумон барои расидан ба аҳдофи худ, аз талошу кӯшиш гурезе нест. Пас агар инсон дар масири дастёбӣ ба ҳадаф, таҳаммули сахтиҳоро бар худ ҳамвор накунад, талошҳоро ниматамом хоҳад гузошт ва пеш аз он ки ба натиҷаи талоши худ бирасад ва меваи талошу сабрро дар баробари сахтиҳо бичинад, аз идомаи кор сарфи назар карда ва бозмеистад.

Нобурда ранҷ ганҷ муяссар намешавад

Музд он гирифт, ҷони бародар, ки кор кард…

Идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.