Кӯдак ва Қуръон (қисмати панҷум)

104

Аз тамсилҳои динӣ ё худсохта истифода кунед.

Афроде, ки сумбули покӣ, тавоноӣ, умед ба Худованд, талош барои кумак ба дигарон ва низ дигар усваҳои мавҷуд дар Қуръонро муаррифӣ кунед.

  1. Манобеи мунташиршуда.

Аз манобеи мунташиршуда, ки дар бораи мабоҳиси емонӣ ва Худошиносӣ таҳия шудааст ва аз ҷазобияти лозим барои бачаҳо бархурдоранд, истифода кунед.

  1. Ба равишҳои худ танавуъ диҳед.

Қисса гӯйӣ, пурсидан, тавзеҳ додан, бо садои баланд хондан, сурудхонӣ, дуо кардан, тамошои табиат, нақошии зебо дар муҳити сокит, гуфтугӯ дар бораи иттифоқоти рӯзона ва пайванд задани онҳо бо масоили Қуръонӣ метавонад судманд бошад.

  1. Аз васоили кумак омузишии мухталифе кумак бигиред.
  1. Барои рушди Қуръонии фарзандони худ вақт ва ҳазина сарф кунед.

Рушди фарзандон дар заминаи қуръонӣ ниёзманди таваҷҷӯҳи бештари шумо ва барномарезии муносибаст. Басанда кардан ба корҳои дарсӣ дар заминаи Қуръон барои Кӯдакон кофӣ нест. Шумо метавонед дар алоқаманди ба Қуръон барои фарзандонатон улгу бошед.

  • · Замоне, ки Кӯдакатон шуморо машғули тиловати Қуръон дар манзил ё барои ёфтани посух ба яке аз пурсишҳои Қуръонӣ дар ҳоли талош мебинад ба Қуръон нигоҳи ҷидитаре хоҳад дошт.
  • · Эҳтимом ва тамошои тиловатҳое, ки аз шабакаи Қуръон пахш мешавад, дар канори тамошои дигар барномаҳои телевизиюн  унс ба Қуръонро барои Кӯдак осон менамояд.
  • · Иштироки маҷалоти Қуръонии муносиб бо синни фарзандатон метавонад ҳадияи бисёр муносиб барои ӯ ва гоми муассир дар шаклгирии шахсияти Қуръонии вай бошад.
  • · Хариди нармафзорҳои Қуръонии муносиб бо синни фарзандатон пас аз машварат бо муассисаҳои тавлиди нармафзор метавонад дар истифодаи баҳинаи Кӯдакон аз расонаи ҷадид ва низ унси бо Қуръон таъсироти шигарфе (аҷибе) дошта бошад. Нармафзорҳое, ки ба омузиши Қуръон ва мафоҳими он мепардозад, сидиҳои кортун, ки достонҳои Қуръониро ба намоиш мегузоранд ва низ бозиҳои Қуръонии муносиб аз ин шумор ҳастанд.
  • · Эҳтиром гузоштан ба навои Қуръон, қарор додани Қуръон дар беҳтарин ҷой хона, дароз нагардани по ба суй Қуръон, нигаҳдории он дар маҳфазаи муносиб ва низ гузоштани он руй раҳл ба ҳангоми тиловат, ҷанбаҳои зоҳири эҳтиром ба Қуръонро омузиш медиҳад.
  • · Ошно сохтани Кӯдакон бо қориёни Қуръон, фароҳам кардани заминаи мусобиқаи Қуръонӣ, ташвиқ ба ҷустуҷӯ дар оёти Қуръон ба сурати мусобиқа ва низ баланд хондан ва тарҷумаи баъзе аз ояҳои Қуръон ба ҳангоми тиловат, фазои равони муносибе барои унси бо Қуръон фароҳам месозад.
  • · Метавонед шабҳо замоне, ки Кӯдакон барои истироҳат омода мешаванд, бо тиловати Қуръон ё пахши навои Қуръон аз шабакаҳои телевизиюнӣ ва радиюӣ, оромиши маънавӣ  ҳосил аз Қуръонро ба фарзандони худ ҳадя кунед.
  • · Истеъдодҳои Қуръонии фарзандони худро дар заминаҳои гуногун шиносоӣ ва барои шукуфоии он ба андозаи дигар тавоноиҳои Кӯдакатон барномарезӣ кунед.
  • · Иртиботи худро бо дустон ва хонаводаҳои Қуръонӣ бештар намоед ва ба ин васила, уфуқи равшане дар ихтиёри фарзанди худ қарор диҳед.
  • · Ҳаргоҳ фарзанди шумо бо яке аз Кӯдакони муваффақ дар корҳои Қуръонӣ робитаи дустӣ барқарор кард, ӯро дар идомаи ин робита ва баҳрагирӣ аз тавоноиҳои Қуръонии дусташ ташвиқ намоед.
  • · Дар манзил ба муносибатҳои мухталиф, аз Қуръон осор ва баракоти он сухан бигӯед. Барои намуна метавонед ҳангоми мусофират, бо тавсияи фарзандон ба хондани оятулкурсӣ ононро дар ҷараёни баракоти ин ояҳо қарор диҳед.
  • · Фарзандони худро ташвиқ кунед то дар маҷолиси хонводагӣ, мусобиқаҳо ва бозиҳои Қуръонӣ ҳузур дошта бошанд.
You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.