Паёмбари Акрам(с) ва одоби муошират – 3

107

Одоби муоширати Набии мукаррами ислом, ҳазрати Муҳаммади Мустафо(с)

Бахши сеюм

Саъд ибни Ҳишом мегӯяд: Назди Уммулмӯъминин Оиша(р) рафтам ва аз он ҳазрат дар бораи ахлоқи Пайғамбар(с) пурсидам, гуфтанд: Оё Қуръон намехонӣ?

Гуфтам мехонам.

Гуфтанд: Ахлоқи Пайғамбар(с), ҳамон дастуроти ахлоқии Қуръон аст!

Пайғамбари Акрам(с) фармуданд: Мардонагӣ ва ҷавонмардии хонадони мо, гузашт аз касонест, ки ба мо ситам кардаанд ва бахшиш ба касонест, ки моро маҳрум сохтаанд.

Расули Худо(с) мефармоянд: Парвадигорам маро дастур додааст, ки мусалмонони фақирро дӯст бидорам.

Имом Содиқ(р) мефармоянд: Сабр, ростгӯӣ, бурдборӣ ва хушхулқӣ аз ахлоқи пайғамбарон аст.

Расули Худо(с) бисёр ба даргоҳи Худованд дуо менамуданд ва ҳамеша аз Худованд мехостанд, ки он ҳазратро ба одоби ҳасана ва ахлоқи некӯ зинат бахшад, ба хотири ҳамин дар дуояшон мегуфтанд: Худоё! Ахлоқи маро некӯ гардон. Худоё! Маро аз ахлоқи нописанд дур соз.

Расули Акрам(с) фармуданд: Фариштаи Руҳуламин Ҷабраил(а) аз сӯи Худованди ҷаҳониён бар ман нозил шуду гуфт: Эй Муҳаммад! Бар ту бод ба ахлоқи хуш; зеро бадахлоқӣ хайри дунё ва охиратро аз байн мебарад. Огоҳ бошед, ки монандтарину наздиктарини шумо ба ман касоне ҳастанд, ки ахлоқашон аз ҳама беҳтар бошад.

Ҳусейн ибни Зайд мегӯяд: Ба Имом Содиқ(р) гуфтам: Оё Расули Худо(с) бо касе шӯхӣ мекарданд?

Гуфт: Худованд он ҳазратро ба доштани хулқи бузург ситоиш кардааст. Ҳамаи пайғамбароне, ки Худованд баргузид, навъе хушунат ва туршрӯӣ доштаанд, вале ҳазрати Муҳаммадро Худованд бо меҳру гузашт баргузид. Аз меҳру раъфати он ҳазрат ин буд, ки бо ёронашон шӯхӣ мекарданд, то мабодо азамату бузургиашон бар умматашон таъсир кунад ва онҳо натавонанд ба он ҳазрат нигоҳ кунанд. Ҷаддам Алӣ(к) фармуданд: Ҳар гоҳ Расули Акрам(с) яке аз ёронашонро ғамгин медиданд, бо шӯхӣ кардан, дилашро шод мекарданд. Он ҳазрат(с) мефармуданд: Худованд касеро, ки бо туршрӯӣ бо бародарони мусалмонаш дидор кунад, душман медорад.

Ҳазрати Зайд ибни Собит(р) мегӯяд: Чун бо Расули Худо(с) менишастем, агар аз охират ба сухан мепардохтем, он ҳазрат(с) низ бо мо ҳамсухан мешуданд ва агар аз дунё сухан мегуфтем, боз ҳам он ҳазрат(с) бо мо ҳамсухан мешуданд ва ҳатто агар аз хӯрданиҳову ошомиданиҳо сухан мегуфтем, боз ҳам он ҳазрат(с) бо мо дар ин бора сухан мегуфтанд.

Расули Акрам(с) бо чашму абрӯву ангушт ишора намекарданд.

Расули Акрам(с) ба яке аз занҳояшон фармуданд: Оё туро наҳй накардам, ки чизеро барои фардо захира накунӣ, зеро Худованд рӯзии фардоро хоҳад расонд!

Расули Худо(с) мефармоянд: Беҳтарину гиромитарин хислати пайғамбарон, росткорон, шаҳидон ва солеҳон, рафтан ба дидори якдигар барои Худованд аст.

Расули Худо(с) мефармоянд: Аз ахлоқи пайғамбарон(р) ва росткорон, хушчеҳра будан дар вақти дидор ва даст додан ҳангоми мулоқот аст.

Расули Акрам(с) ҳар гоҳ бо мусалмоне дидор менамуданд, нахуст ба ӯ даст дароз мекарданд.

Расули Худо(с) фармуданд: Ҳеҷ як аз шумо ёронам, аз дигаре назди ман бадгӯӣ накунад; зеро ман дӯст дорам, бо дили софу пок назди шумо биёям.

Расули Акрам(с) мефармоянд: Мо гурӯҳи пайғамбарон(а), аминон ва парҳезгорон, аз сахтгириҳои беҷо бар худ, дур ҳастем.

Расули Худо(с) мефармоянд: Ман баргузида шудаам, то маркази ҳилм ва маъдани илм ва хонаи сабр бошам.

Ҳазрати Абӯзар(р) мегӯяд: Расули Худо(с) бе ягон худбартарбинӣ дар миёни асҳоб менишастанд, ба гунае, ки ҳаргоҳ каси бегонае меомад, намедонист, ки кӣ Пайғамбар(с) аст, магар онки мепурсид. Мо аз Пайғамбари Акрам(с) хостем, ки барои худ ҷои хоссе қарор диҳанд, то касе, ки ворид мешавад, он ҳазратро бишиносад. Сипас барояшон сандалие аз гил сохтем ва ҳазрат(с) ба он менишастанд ва мо дар ду тарафашон менишастем.

Ривоят шудааст, ки аз суннатҳои Пайғамбари Акрам(с) он аст, ки чун бо гурӯҳе сухан мегӯӣ, дар байни онҳо фақат ба як нафар нигоҳ накун, балки ҳамаро мавриди таваҷҷӯҳ қарор деҳ.

Ривоят шудааст, ки Расули Худо(с) ҳаргиз ғулому канизонро назаданд, магар дар роҳи Худо ва ҳаргиз барои худашон аз касе интиқом нагирифтанд. Интиқомгирии он ҳазрат(с) барои он буд, ки яке аз ҳудуди Худовандро дар бораи касе иҷро кунанд.

Имом Содиқ(р) мефармоянд: Худованди Мутаол ҳеҷ пайғамбареро ба пайғамбарӣ нарасонд, магар ба хотири ростгӯӣ ва адои амонат ба соҳибаш, чи соҳибаш некӯкор бошад ва чи бадкор.

Имом Содиқ(р) мефармоянд: Амонатро ба соҳибаш баргардонед; зеро Расули Акрам(с) ҳатто ресмону сӯзанеро, ки дар наздашон амонат буд, ба соҳибаш бармегардонданд.

Имом Содиқ(р) мефармоянд: Расули Худо(с) бо марде ваъда доданд, ки дар канори фалон кӯҳ бо ҳам дидор кунанд. Пайғамбари Акрам(с) дар интизори он мард дар канори кӯҳ истоданд. Офтоб хеле гарм буд ва Пайғамбари Акрам(с) аз гармии офтоб дар канори кӯҳ ранҷ мекашиданд, асҳоб гуфтанд: Эй Расули Худо(с), хуб аст зери сояе биравед! Пайғамбари Акрам(с) фармуданд: Ман дар инҷо бо он мард ваъдаи дидор гузоштаам, агар наомад хулфи ваъда аз ӯ хоҳад буд.

Ҳазрати Алӣ(р) мефармоянд: Мо аҳли байти Пайғамбар(с) дастур дорем, бенавоёнро таом диҳем, гирифторонро дар сахтиҳо паноҳ диҳем ва замоне, ки мардум дар хоб бошанд ба намоз беистем.

Идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.