Ёди Худо – калиди пирӯзӣ – 1

63

Бахши аввал

(Муҳаққиқ: Сафаралӣ Хайруллоҳ)

Аз дасту забони кӣ барояд

К-аз ӯҳдаи шукраш бадар ояд

Муҳимтарин умуре, ки дар Қуръони Карим ва ривоёт, мавриди таваҷҷӯҳ ва аҳамияти хоссе қарор гирифтааст, масъалаи зикр ва ёди Худованд аст.

Зикр ба маъноҳои гуногун истифода шудааст, вале комилтарин маънои зикр, ҳамон ёд ва номи Худо дар дил ва забон аст, ки зидди он ғафлат ва фаромӯшии Худост.

Зикр ва ёди Худо нақши бисёр муҳимме дар зиндагии шахсӣ ва иҷтимоӣ дорад, аз ҷумла дар созандагӣ ва масъулиятпазирӣ ва ободонӣ, ки яке аз ниёзҳои муҳимми башари имрӯз аст. Аз ин болотар, инсон мавҷуди саодатхоҳ ва камолҷӯ ҳаст, ки ин ниёзи муҳимми ҳамаи инсонҳо будаву ҳаст ва хоҳад буд. Инсони имрӯза бо вуҷуди ин ҳама пешрафти илмӣ ва текноложӣ ва ихтироъ, худ натавонистааст ниёзҳои худро бартараф ва кам кунад, балки шоҳиди афзоиши мушкилот ва нооромиҳо будааст. Ин нотавонӣ шикастҳои пай дар пай ва нигаронӣ ва тарсу ноумедиро дар зиндагии башар ба вуҷуд овардааст.

Бинобар ин, вақте инсон худро дар баробари офаридгори ҷаҳон мушоҳида намуд ва худро бо ёду зикри ӯ ба нерӯи пайвасти нав ва он ҳам касе ки ҳеч нерӯ ва қудрате болотар аз он нест ва тавоноии ҳалли тамоми мушкилҳои рӯҳӣ-ҷисмӣ ва моддиву маънавиро дорад, дигар нигаронӣ ва нотавонию шикасту ноумедӣ дар зиндагӣ маъно надорад ва аз байн меравад.

Аз назари Қуръон, саодати инсон дар гарави ёди Худо ҳосил мешавад ва мақсуди олии тамоми ибодотро ҳам ёди Худо медонад. Парвариши сифоти нек ва барчидани сифоти бадро ки худсозӣ аст, дар партави ёди Худо ба даст меояд.

Яке аз вазоифи муҳимми мусалмонон дар Қуръони Карим ёди Худо ва зикри фаровони Худованд баён шудааст ва Худованд мӯъминонро амр ба ёд ва зикри худ намудааст: “Эй касоне ки имон овардаед, Худоро бисёр ёд кунед!”.

Инак, партаве меафканем бар осор ва фоидаҳои ёди Худо.

***   ***   ***

Худнигаҳдорӣ аз гуноҳ

Ёд ва зикри Худо сабаби тарки гуноҳ ва амалҳои зишт аст. Инсон вақте Худоро ёд кард ва Ӯро нозир ва нигаҳбони амалҳои худ донист ва бо диққат дар оқибати амали зишт ва азобҳои илоҳӣ андешид, дигар тарафи гуноҳ ва зулм намеравад. Худованд мефармояд: ”Ва онон ҳангоме ки кори зиште кунанд, ё бар худ ситам раво доранд, ба ёди Худо меуфтанд ва барои гуноҳонашон омӯрзиш мехоҳанд…

Дар ҳақиқат тамоми зулмҳое, ки золимон анҷом медиҳанд, дар натиҷаи ғафлат ва бехабарӣ аз Худост.

***   ***   ***

Рамзи пирӯзӣ

Ёди Худо калиди пирӯзии инсон дар тамоми майдонҳост, чи саҳнаи илмӣ, омӯзишӣ-парваришӣ бошад ва чи саҳнаи бархӯрд бо душмани хориҷӣ ва дохилӣ, ки ҳамон ҳавои нафсонӣ мебошад. Худованд мефармояд: ”Эй касоне ки эмон овардаед, чун бо гурӯҳе(аз душман) рӯ ба рӯ шудед, поёдорӣ кунед ва Худоро бисёр ёд кунед, бошад ки растагор шавед”.

Идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.