Равишҳои тарбиятӣ аз нигоҳи Қуръон

97

Тарбияти дуруст ва таълими инсон муҳимтарин ҳадафи Паёмбари акрам(с) буд, то ҷое, ки мефармоянд: «Ман муаллим барангехта шудаам». Қуръони Карим равишҳои тарбиятии хоссеро барои таълиму тарбияти мусулмонон матраҳ кардааст.

***   ***   ***

Маънои тарбият

Тарбият ба маънои парвариш додан ва ба феълият расондани истеъдодҳои дарунӣ яке аз аҳдофи паёмбарон аст. Ба назар мерасад, ки агар барои паёмбарон аҳдоф ва вазифаи ибтидоӣ ва ғайра баршуморем  парвариш ва тарбияти инсонҳо бар асоси омўзаҳои Қуръонӣ аз аҳдофи ғоии онон шумурда мешавад.

Устод шаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ дар таърифи таълим ва тарбият менависад: Таълим ба маънои парвариш додан ва истеъдодҳои дарунии мавҷудро ба феълият расондан аст. (Таълиму тарбият дар Ислом, устод Шаҳид Мутаҳҳарӣ, саҳ.58).

Шахсе, ки дар мақоми тарбият қарор мегирад, талош мекунад, то қувои  нуҳуфтаи  худро озод ва шукуфо намояд ва ба нумув ва рушди комил расонад. Бинобар ин, Худованд чун Холиқ ва Офаридгор аст ва мақоми баланд дорад, ашхос ва ашёро ба тавре тарбият ва парвариш медиҳад, ки ба мақоми лоиқ ва шоистаи худ бирасанд. Бар асоси ин тафсир ва маъно, дар мавриди шинохти ин ду вожаи рубубият ва тарбият метавон гуфт, ки ҳар касе, ки  иқдом ба тарбияти каси дигаре намояд, ба ӯ мураббӣ гуфта мешавад. Мураббиён бар асоси истеъдодҳои мураббигарии худ, дар таълим ва тарбияти кӯдакон метавонанд истеъдодҳои пинҳони онҳоро ошкор намуда ва шогирдонро ба камол бирасонанд.

***   ***   ***

Аҳаммияти тарбият

Дар аҳаммияти тарбият ва парвариш ҳамин бас, ки Худованд дар оёти бисёр худро раб ва парвардигори мавҷудот дониста ва пас аз мақоми улуҳият ба рубубияти хеш бар ҷаҳониён ишора мекунад. Дар ояи 129 ва 151 сураи Бақара  мақоми тарбият ва рушди инсонҳоро ба унвони вазифаи паёмбарон ва ҳадафи асосии онҳо мешуморад ва тазкия ба маънои  раҳосозии шахс аз аносири боздоранда барои дастёбӣ ба  мавод ва манобеи нумув ва рушдро аз усули даъват ва вазифаи яко-яки паёмбарон медонад.

Дар ояти 124 сураи Оли Имрон ва ояти 2 сураи Ҷумъа  ҳадаф аз омўзаҳои ваҳёнӣ, фиристодани китоб  ва паёмбаронро, таълим, тарбият ва тазкияи инсонҳо медонад. Дар ин масир аст, ки  ҳазрати Мусо(а) барои ёфтани истеъдодҳо, зарфиятҳо ва тавонмандиҳои сиришта дар зоти хеш ва шукуфоиҳои он ба суроғи Парвардигор ва муаллим меравад, ки битавонад ончи дар зоти ўст  ба таълими рушди худ ошкор ва бовар созад. Вай бо он ки худ аз паёмбарони улулазм ва дорои иродаи қавӣ ва устувор аст, ки яке аз динҳои сегонаи ҷаҳониро ба худ сабт кардааст, бо ин ҳама аз ҳеҷ талош ва кўшише барои шинохти истеъдодҳо ва зарфиятҳои худ даст барнадошта ва мекушад то бо баҳрагирӣ аз устоди доно ва тавоно, онро бишиносад ва шукуфо созад.

***   ***   ***

Нақши устод

Дар ояти 66 сураи Каҳф ба нақши муҳим ва асосии муаллим барои шинохти истеъдодҳо ва зарфиятҳо ва ошкорсозии он ишора мекунад. Дар ин тафсир муаллим инсоне нест, ки донишҳои иктисобиро ба шахс меомўзад ва танҳо дар мақоми интиқоли мафоҳим ва калимот аст, балки муаллим бар асоси тафсири Қуръонӣ ва таҳлилии он шахсест, ки бо баҳрагирӣ аз мафоҳим ва омўзаҳои хос, роҳи сайру сулукро паймуда ва тавонистааст ба донише даст ёбад, ки қобилиятҳои ашхосро шиносоӣ карда ва ба шахс ёрӣ расонад, ки онро ба феълият расонад  ва дар масири такомул, худро ба камоли лоиқ ва шоиста бирасонад.

Ин гуна аст, ки муаллим худ шахси комил ва ба мақсад расида аст ва метавонад бо тасарруф дар дигарӣ ӯро ба камол бирасонад ва истеъдодҳои вайро бишиносонад ва ба ӯ кӯмак кунад, то қувои хешро ба феълият бирасонад. Албатта ёфтани чунин устоди сухан мушкил аст ва ҳазрати Мўсо(а) бо он ҳама  улум ва донишҳои ваҳёнӣ ва ғайбӣ низ танҳо бо ёрии Худованд тавонист ба чунин устоди комил ва мукаммиле бирасад ва аз ў ёрӣ биҷӯяд. Ҳар шахсе, дар ҳар синне, ки бошад,  лозим аст хоҳони чунин устоде бошад, то ба он бирасад. Чунин устодоне ҳарчанд душворёб ҳастанд, вале инсон агар бихоҳад ба ҳукми таваккул ва инояти илоҳӣ ба чунин устоде хоҳад расид ва худи эшон дасти ӯро хоҳад гирифт . Шарти нахуст он аст, ки бихоҳад ба дониши хеш мағрур нашавад; зеро ҳар шахсе дар ҳар дараҷаи феълият бирасад, наметавонад мудаии камол бошад; зеро ҳангоме ки камоли мутлақ, яъне Худованди мутаолро меъёри мақсад  қарор диҳад, дар ҳар марҳилае, ки бошад, дар роҳ аст ва аз мақсади ниҳоӣ бениҳоят фосила дорад. Аз ин рӯ аст, ки инсони комил чун Паёмбар(с), ки дар қоби қавсайнӣ ав адно (наҷм) қарор дорад ниёзманди салавоти Худо ва фариштагон ва мӯъминон аст, то дар ҷое камоли хешро тай кунад. Агар чунин муаллиме, ки битавонад тарбият ва рубубияти рушди инсонро бар ӯҳда гирад, сахт ва душворёб  ва ноёб мебошад, вале метавон касонеро ёфт,  ки тавоноии хос бар бархе аз улум доранд ва дар умри худ ба мақоми муаллимӣ расидаанд ва дар он замина улгу, сармашқ ва намуна шудаанд. Дар Қуръон Паёмбар (с)  ба унвони инсони комил ва мукаммил ёд шудааст, ки метавон чунин устодеро дар ҳамаи заминаҳо  улгу дониста ва ба тарбият ва парвариши инсонҳо бипардозад ва ононро ба камол бирасонад; аз ин рӯ аз мӯъминон хоста шудааст аз Паёмбар (с) бихоҳанд, ки дар ҳаққашон истиғфор кунад,  ки истиғфори вай монанди истиғфорҳои дигарон нест. Ӯ инсони комиле аст, ки  метавонад ба коинот тасарруф кунад  ҳарчанд, ки ӯ аз дунё рафтааст.

Муаллим ҳар кас бошад, бояд дар мавриде ки ба вай руҷўъ мешавад, комил ва улгу ва сармашқ бошад. Албатта ҳар кас наметавонад дар ҳамон мавриди худ комили мутлақ башад, вале комили нисбӣ низ муфид ва муассир аст. Чунин шахсе метавонад бо тасарруф дар шогирд ӯро парвариш диҳад  ва афзун бар муаррифӣ ва тавоноиҳо ва истеъдодҳояш ӯро ёрӣ расонад, ки ба феълият бирасад. Устод Ҳасанзодаи Омулӣ мефармояд: Синфи дарсро асл қарор диҳед ва то метавонед дар синф ҳозир шавед, зеро барои устод тавоноие аст, ки аз он ба тавоноии тасарруф ёд мекунад. Шахсе, ки дар дарс ҳозир мешавад таҳти тасарруфи устод ва энержӣ  аз ӯ соқит мешавад. Аз ин рӯ буд, ки он устоди комил ҳамвора шогирдонро аз малоловор шудан боз медошт ва мегуфт, ки диск ва филм метавонад барои ёдгирии мафоҳим ва калимоти таълими муфид бошад, вале наметавонад дар ҷони шогирд нуфуз кунад ва дар ӯ тасарруф намояд.

Муаллим ва мураббӣ мебоист дар таълими хеш аносири рушдро дар назар бигирад. Таълими рушдӣ бар ин аст, ки истеъдодҳо ва зарфиятҳои шахсро шиносоӣ ва муаррифӣ кунад  ва дар коргоҳҳои илмӣ ва амалӣ ононро ба камол расонад ва дар зоти шахс таҳаққуқ диҳад ва ёрӣ расонад, ки шахс онро бишиносад ва дар худ парвариш диҳад ва ба шукуфоӣ расонад. Ҳазрати Хизр(а) он олими раббонӣ, ки дониши рушдӣ  дошт ин гуна дар мақоми муаллимӣ қарор гирифт ва шогирди хешро ба тавоноиҳояш огоҳ кард. Албатта Хизр(а) ба Мўсо(а)  ин масъаларо омўзиш медиҳад, ки ҳар кас бо таваҷҷӯҳ ба шароити муқтазиёте, ки аз роҳи ирс ва ё авомили муҳитӣ ва дигар аносири таъсиргузор дар ӯ падид омадааст, мумкин аст дар ба  даст овардани бархе мақомот ва улуми ҳузурӣ нотавон бошад, вале ин замоне аст, ки худро биозмояд ва пеш аз он намебоист худро канор кашад.

Ба ҳар ҳол, муаллими рушдӣ муаллимони таълим ва тазкия ҳастанд, ки истеъдодҳои шогирди хешро шиносоӣ ва муаррифӣ карда ва бо тасарруф ва ёрӣ ба ӯ мекўшанд, то шахс истеъдодҳои худро ба феълият расонад. Қуръон дар ояи 6 сураи Таҳрим бо ишора ба аҳамияти тарбият, яке аз вазифаҳои мӯъминонро тарбияти динии онон бармешуморад ва дар ояи 129 сураи Бақара, тарбият ва парвариш, нуфузи инсонҳо ва зоти ононро аз аҳдофи беъсати паёмбарон ва маъмурияти хосси онҳо медонад.

***   ***   ***

Баррасии равишҳои тарбиятӣ

Акнун пас аз баёни арзиш ва аҳаммияти таълим ва тарбият ва мақоми таълими рушдӣ ва парвариши истеъдодҳо ба равиш ва шеваҳои омўзиш аз дидгоҳи Қуръон мепардозем ва аз он ҷое, ки дар як навиштори кўтоҳ наметавон ба ҳамаи онҳо пардохт ба зикри шумори маҳдуде аз онҳо, ки муҳимтар ҳастанд мепардозем.

Идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.