Суханони гуҳарбор аз Паёмбари Акрам(с)

172

Паёмбари Акрам(с) фармуданд:

«Ахлоқи хуш гуноҳро об мекунад чунон ки офтоб яхро».

«Некхӯйӣ ва хушҳамсоягӣ хонаҳоро обод ва умрҳоро дароз мекунанд».

«Ду чашм аз осеби оташ дар амонанд: яке он ки нимаҳои шаб аз тарси Худо бигиряд ва дигар он ки дар роҳи Худо шаб нигаҳбонӣ кунад».

«Чун фарзанди Одам пир шавад, ду сифат дар ӯ ҷавон гардад: ишқи мол ва ҳирси бақо…»

«Ҳар ки мехоҳад бидонад, ки назди Худо чӣ мақоме дорад, бибинад, ки Худо дар назари ӯ чӣ манзилате дорад. Агар чун кори дунё ва охират пеш ояд ва ӯ кори охиратро баргузинад, Худоро дӯст дорад ва агар ба кори дунё пардозад, барои Худо мақоме нашносад».

«Инсон мудом миёни ду рӯз аст: рӯзи гузашта, ки амалаш сабт гардида ва мӯҳр шуда ва рӯзи оянда, ки шояд ба он нарасад».

«Уламои ин уммат (уммати исломӣ) ду табақаанд: яке онҳое, ки илми Худоро бе тамаъ нашр кунанд, дониши хеш ба нону об нафурӯшанд. Бар ин тоифа моҳии дарё ва ҷонвари замин ва парандаи ҳаво истиғфор кунанд, бузургвор ва шарофатманд бар Худо ворид шаванд ва бо паёмбарон ҳамнишин бошанд. Дуввум онҳое, ки илм эҳтикор намоянд ва бо мол мубодила кунанд. Инон дар қиёмат бо лаҷоми оташин маҳор шаванд ва касе фарёд занад: инҳо ҳастанд, ки Худои Мутаъол илмашон дода буд ва дар нашри он бухл меварзиданд ва онро ба баҳо мефурӯхтанд. Ин сухан то мавқеи фароғати мардум аз ҳисоб такрор шавад».

«Илм ду навъ аст: яке он ки дар қалб ҷо гирад, ин илми судманд аст. Дигар он ки танҳо бар забон аст ва барои соҳибаш итмоми ҳуҷҷат аст».

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.