Меҳрубонӣ бо кӯдак

232

Меҳрубонӣ бо кӯдак мавзӯи муҳиммест ва мо падару модарон ҳамеша талош мекунем, бо фарзандонамон меҳрубон бошем. Замоне ки бо фарзандонамон меҳрубон ҳастем, хонаро барои онҳо, ба макони амну ором табдил додаем.

Дар ин муҳит, кӯдакон метавонанд масоил ва мушкилоташонро бо хиёли роҳат ва бо оромиши хотир бо мо дар миён бигузоранд. Ва агар ин гуна шавад, аз рафторҳои нохушоянде, мисли эътиёд ва монанди он ки дар оянда мумкин аст, бачаҳо гирифтори он шаванд, ҳатман пешгирӣ хоҳад шуд.

Бинобар ин, ҳарчӣ робитаи самимона бо фарзандамон дошта бошем, ба ҳамон андоза, дар тарбияти онҳо муваффақтар хоҳем буд. дар ин маврид, Паёмбари Акрам(с) дар ҳадиси муборак фармудаанд: “Фарзандони худро икром кунед ва бо одоби некӯ бо онҳо муошират кунед то омурзида шавед”.

Бархе падару модарҳо ва махсусан, падарҳо мегӯянд, ки ман фарзанди худамро хеле дӯст медорам, охир чӣ гуна мумкин аст, як падар ва ё модар фарзанди азизашро дӯст надорад, аммо ман лозим намедонам, ки ҳатман дӯст доштанамро ба ӯ нишон диҳам, худаш мефаҳмад.

Ба назар мерасад, ин тарзи фикр чандон саҳеҳ нест, зеро ҳангоме ки кӯдак муҳаббат ва ишқи падару модарро нисбат ба худаш эҳсос мекунад, метавонад бо атрофиён ва махсусан бо падару модари худ, робитаи беҳтаре дошта бошад. Бинобар ин, муҳаббати қалбӣ барои кӯдак кофӣ нест ва бояд кӯдак ин муҳаббаро эҳсос кунад. Ва кӯдак аз тариқи навозишу меҳрубонӣ инро дарк мекунад ва оромиш меёбад.

Агар муҳаббату меҳрубонии моро эҳсос кунад, эътимод ба нафс ва худбоварии бештаре ба худаш пайдо мекунад. Кӯдаки мо мефаҳмад, ки касоне ҳастанд, ки ӯро ҳамеша дӯст медоранд ва ҳимояташ мекунанд.

Ёдамон бошад, ки бачаҳо мехоҳанд аз падару модарашон тақлид кунанд ва бинобар ин, рафторҳои онҳоро зери назар мегиранд. мо падару модарон ҳар вақт мехоҳем ба фарзандамон ибрози муҳаббат кунем, саъй кунем, ҳамроҳ бо самимият бошад. Ва беҳтар аст, барои ташвиқи кӯдак ва подош додан, ӯро навзиш кунем ва дар оғӯш бигирем.

Агар мо мехоҳем, кӯдаки меҳрубон дошта бошем, бояд ба унвони роҳнамо аз худамон оғоз кунем ва бо нишон додани улгу ва сармашқи саҳеҳу дуруст, ба онҳо кӯмак кунем, то онҳо низ битавонанд эҳсосоти худро баён кунанд.

Барои он ки кӯдакони мо дар оянда афроди меҳрубонеро пиромуни худ дошта бошанд, бояд худашон меҳрубонӣ ёд бигиранд. Ва онон ин меҳрубониро ибтидо аз мо мебинанд.

Барои фарзандонамон вақт бигузорем. Бо онон меҳрубон бошем, то кӯдакони мо дар эҳсоси амнияту саломати ҷисмӣ ва руҳӣ бузург шаванд ва дар оянда ба инсонҳои меҳрубон табдил шаванд ва аз мо низ қадрдонӣ кунанд.

Акрамхон Зиёдулло

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.