Тавсияҳо барои ҳалли ихтилофҳои заношуӣ “2”

175

Барои ҳалли ихтилофоти заношуӣ дар зиндагии муштарак бояд бо равишҳои саҳеҳ ва дуруст бо ҳамсари худ дар вақтҳои ихтилоф бархурд дошта бошем то аз бурузи мушкилоти ҷиддӣ ҷилавгирӣ кунем.

Гаравбозӣ накунед

Ба ҳеҷ ваҷҳ набояд дар замони ихтилофот гаравкашӣ ё гаравбозӣ кунед ва барои ҷомаи амал пӯшондан ба хостаҳои худ, ҳамсари худро аз ҷиҳати ҷинсӣ таҳдид кунед ё таҳдид ба талоқ намоед. Дар ин шароит хостаҳои завҷайн танҳо дар ҷиҳати беҳтар шудан ва таҳкими ин зиндагии муштарак бошад.

Муқоиса накунед

Даъво дар зиндагии муштарак ба маънои поёни ин зиндагӣ ва робитаи муштаракатон нест, пас ҳеҷгоҳ дар ҳангоми даъво бо ҳамсаратон, ӯро бо дигарон муқоиса накунед ва ба ӯ таъна назанед. Ин муқоисаҳо боиси дилшикастагии ҳамсар ва фосила гирифтани завҷайн аз ҳам мешавад.

Даъво бо ҳамсаратонро зиёд идома надиҳед

Ҳамеша даъворо зуд тамом кунед ва замоне ба идомаи баҳс бипардозед, ки ҳоли ҳар дуи шумо муносиб бошад.

Таваҷҷуҳ ба хостаҳои худ ва ҳамсаратон

Ҳар ду ниёзҳо ва хостаҳоятонро баён кунед, аммо назаротатонро ба якдигар таҳмил накункд. Саъй кунед мушкилро аз зовияи диди ҳамсаратон ҳам бубинед ва хостаҳо ва нигарониҳояшро дарк кунед.

Авомили мухталифе дар муваффақияти робитаи заношуӣ асар мегузоранд, ки бархе аз онҳо монанди канор гузоштани телефони ҳамроҳ ҳангоми сӯҳбат кардан бо ҳамсар, баҳрамандӣ аз тафреҳҳои муштарак ва истифодаи мудовим аз вожаҳое мисли “лутфан” ва “ташаккур” бисёр содда ва таъсиргузор ҳастанд.

Яке дигар аз авомили муваффақият ҷиҳати рафъи ихтилофоти заношуӣ, ки аз печидагиҳои бештаре бархурдоранд , огоҳӣ аз рӯҳияҳои ҳамсар аст, ки ниёзманди озмун ва хато ва дар назар гирифтани шароит ва авомил мухталиф мебошад.

Роҳи ҳалли муносиби дигар ҷиҳати рафъи ихтилофоти заношуӣ ин аст, ки зану шавҳар бояд баҳсҳо ва ихтилофҳои “имрӯз”-ро фаромуш карда ва ба “оянда” фикр кунанд то зеҳнашон мунҳариф шуда ва фурсате барои оштӣ кардан бо якдигар биёбанд. Дар чунин шароите завҷайн метавонанд бо ҳамфикрӣ ва тасвирсозии рӯйдодҳои оянда ихтилофотро коҳиш дода ва эҳсосоти феълиашонро то ҳадди зиёде контрол кунанд ва аз бурузи ихтилофоти умумӣ пешгирӣ намоянд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.